17:55 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Джамолиддин Абдуллоев против турецкого дзюдоиста Байрам Кандемира, архивное фото

Паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо севум шуд

© World Championship Cadets / Mayorova Marina
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
86 0 0

Паҳлавони ҷавони тоҷик Ҷамолиддин Абдуллоев дар мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо миёни навҷавонон медоли биринҷӣ ба даст овард

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо миёни навҷавонон дар пойтахти Чили — шаҳри Сантяго баргузор шуд.

Ҷавонпаҳлавон Абдуллоев дирӯз, 10-уми август дар рақобатҳо дар радаи вазнии то 66 килуграм бар рақибонаш Чинг Лонг Овен Вонг аз Ҳонконг, Маркос Сантос аз Бразилия ва Петру Пеливан аз Молдова пирӯз шуд, вале дар чаҳорумин зӯрозмоӣ аз Марк Ҳристов аз Булғористон шикаст хӯрд.

Ҷамолиддин дар рақобат барои мақоми севум нахуст бар ҷудокори аргентинӣ Иван Кукита пирӯз шуду сипас ҷудокори туркӣ Байрам Кандемирро шикаст дод ва медоли биринҷӣ бар гарданаш овехт.

Дар ин радаи вазнӣ ҷудокори ҷопонӣ Ранто Катсура барандаи медоли тилло ва варзишкори булғорӣ Марк Ҳристов медоли нуқраро ба даст оварданд. Ҳамзамон бо Ҷамолиддин Абдуллоев ҷудокори канадаӣ Кеаган Янг низ бо медали биринҷӣ сарфароз шудааст.

Мавзуъ

Паҳлавони тоҷик қаҳрамони "Ҷоми ҷудои Амрико" шуд
Паҳлавони тоҷик дар сабқати ҷудои Русия медали тилло ба даст овард
Барчаспҳо:
варзиш, ҷудокор, Мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо миёни навҷавонон, Ҷамолиддин Абдуллоев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ