10:39 18 октябри 2017
Пахши мустақим
Дилшод Назаров, акс аз бойгонӣ

Дилшод Назаров дар сабқати қаҳрамонии ҷаҳон дар Лондон 7-умин шуд

© AP/ Matt Dunham
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Варзишкор, қаҳарони бозиҳои олимпӣ гурзро ба масофаи 77,22 метр ҳаво дод

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Дилшод Назаров- варзишгари номии тоҷик дар давраи ниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон гурзро ба масофаи 77,33 метр партофта, мақоми 7-умро ба даст овард.

Пештар ба ин давра 12 варзишкор роҳ ёфта буданд.Мақоми аввалро Павел Фаҷдек- варзишкори лаҳистонӣ соҳиб шуд. Мақоми дуввумро Валерий Пронкини руссиягӣ ба даст овард, ки аз номи кишваре баромад намекард, мақоми савум насиби Войтсех Новиткин аз Лаҳистон гардид.

Се варзишгаре, ки дар давраи ниҳоӣ ҷойҳои аввал, дувум ва севумро гирифтаанд, аз 60 000 дулорӣ то 20 000 дулор мукофотпулӣ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, чанде қабл Дилшод Назаров дар қаҳрамонии Осиё соҳиби медали тилло гардида буд.

Барчаспҳо:
қаҳрамонии ҷаҳон, Дилшод Назаров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ