Чил дастаи футбол барои дарёфти Ҷоми Рустам Эмомалӣ рақобат мекунанд

Обуна шудан
Кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату корхонаҳо барои дарёфти "Ҷоми шаҳрдорӣ" байни ҳам рақобат мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 авг-Sputnik.  Бино ба итилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, аз 7 август то 8 сентябр бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни кормандони мақомоти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо сабқати футболи хурд гузаронида мешавад.

Дар ин мусобиқа варзишкорон барои дарёфти "Ҷоми шаҳрдорӣ" рақобат мекунанд.

Президенрти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ телевизиони “Футбол”-ро ба кор даровард

Сабқат ба ҷашни истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки рӯзи 9 август даври аввали ин мусобиқа шурӯъ шуда, дар он дастаи "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ бо дастаи ҳокимияти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Шоҳмансур байни ҳам бозӣ намуданд.

Дар натиҷа бозӣ 8:2 ба фоидаи бозингарони дастаи "Динамо" анҷом ёфт.

Дар ин мусобиқаи варзишӣ чаҳор  гурӯҳ дар ҳайъати 40 даста бо ҳам сабқат менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0