Барои дарёфти ҷоми раисҷумҳур: дар Душанбе сабқати байналмилалии теннис баргузор мешавад

© Sputnik / Алексей ФилипповТеннис
Теннис - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусобиқа ба 26-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикисон бахшида шуда, аз 23-юм то 27-уми август дар Корти тенниси тобистонаи КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 23-27-уми августи соли ҷорӣ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон, барои дарёфти "Ҷоми Раисҷумҳури Тоҷикистон" баргузор мегардад.

Мусобиқаи бо мақсади рушди теннис миёни наврасону ҷавонон нигаронида шуда, мувофиқи нақша дар Корти тенниси тобистонаи КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон гузаронида мешавад, ки он барои рушди ин намуди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим такони нав хоҳад бахшид.

Лентаи хабарҳо
0