Рӯшон: аз куштии наврасон то зиёфати раиси ноҳия

© Sputnik / Ситдиков РамильСпартакиада в честь алмазного юбилея
Спартакиада в честь алмазного юбилея - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Рӯшон миёни наврасони соли таваллудашон 2004–2006 сабқати куштии миллӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Кумитаи варзиш бо такя ба суханони Шӯҳрат Алиев сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯшон аз баргузории сабқати варзишие хабар медиҳад.

Дар ин сабқат раиси ноҳия Имомназар Хоҷаназаров низ ширкат доштааст.

Мусобиқа ба хотири рушди куштини миллӣ байни аҳолӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва сарҷамъии мардум ташкил шудааст.

Дар ин сабқат, беш аз 60 нафар варзишгар ширкат кардаанд.

Манбаъ меафзояд, ки ғолибон аз тарафи роҳбарияти ноҳия, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мактаби варзишии Рӯшон бо медал, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин раиси ноҳия варзишгаронро ба зиёфати идона даъват кардаву бо онҳо мулоқот намудааст.

Лентаи хабарҳо
0