Пирӯзии дастаи "Бархоруғ" бар "Поршинев"

© Sputnik / Каллиников КириллЛетний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве
Летний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабқати футбол баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар ин сабқат дастаҳои "Бархоруғ" ва "Поршинев" байни ҳам рақобат карданд.

Ин бозӣ бо ширкати панҷ ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ гузаронида шуд.

Дар ин мусобиқа дастаи "Бархоруғ" бо ҳисоби 2:1 рақибони худ аз  тими "Поршинев"-ро мағлуб карда мақоми аввалро аз худ кард.

Криштиано Рональдо дает автограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бахти баланд: Криштиану Роналду ба футболбози тоҷик соядаст дод

Ин чорабинии варзишӣ ба 26-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда буд.

Пештар хабар дода будем, ки рӯзҳои 8-10 сентябри соли 2017 дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб ва Рӯдакӣ мусобиқаҳои кишварӣ баргузор мешаванд.

Тибқи нақша мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои куштии миллӣ, чавгонбозӣ, шоҳмот, варзиши сабук, сангбардорӣ, шиноварӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ ва пешниҳоди намоишҳои бозиҳои миллии мардумӣ баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0