Футболбозҳои навраси тоҷик ҳамсолони сурии худро шикаст доданд

© Фото : Федерация футбола ТаджикистанаМатч первого тура отборочного турнира чемпионата Азии-2018 в группе «В» между юношескими сборными Таджикистана и Сирии
Матч первого тура отборочного турнира чемпионата Азии-2018 в группе «В» между юношескими сборными Таджикистана и Сирии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар нахустин бозии даври интихобии Қаҳрамонии футболи наврасони Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 дастаи Сурияро шикаст дод

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар ин бозӣ, ки дирӯз дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд, Эмомалӣ Аҳмадхон ва Ислом Зоиров ду гол ба дарвозаи дастаи Сурия зада ва дастаи Тоҷикистонро ба пирӯзӣ расондаанд.

Бино ба гузориши равобити умумии Федеросюни футболи Тоҷикистон, дар бозии дигари ин гурӯҳ футболбозони навраси Уммон бо ҳисоби 8:0 бар дастаи Малдив пирӯз шудаанд.

Дар даври дувум, ки 22 сентябр баргузор мешавад, наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Малдив ва дастаи Сурия бо Уммон рақобат хоҳанд кард.

Даври ниҳоии Қаҳрамонии наврасони Осиё-2018 аз 25 сентябр то 7 октябри соли 2018 дар Малайзия баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0