Ин пирӯзиро ба модарам мебахшам! Меҳрубон Сангинов дар бораи қаҳрамонӣ

© Flickr \ U.S. Embassy LondonБокс, архивное фото
Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Разми муштзани тоҷик Меҳрубон Сангинов бо рақиби амрикоияш Кемерон Буроуджонс 10 раунд давом кард

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik.  Муштзани номдори тоҷик — Меҳрубон Сангинов дар сабқати WBC қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Мусобиқа дар иёлоти Луизианаи Амрико баргузор гардид.

Разми муштзани тоҷик Меҳрубон Сангинов бо рақиби амрикоияш Кемерон Буроуджонс 10 раунд давом кард.

 

"Дар зиндагӣ на ҳамаи чиз ба осонӣ ба даст меояд. Дар ин ҷода мо ҳамроҳи устодамон роҳи мушкилро тай кардем. Муҳориба бомуваффақият анҷом ёфт! 10 раунд рақобат кардем ва бо овоздиҳии ҳакамон қаҳрамон шудам. Ба ҳамаи назиконам изҳори миннатдорӣ мекунам. Ин ғолибиятро ба модарам мебахшам! Ба устодам Сагатбек Мусаханов изҳори миннатдорӣ мекунам, чунки ин меҳнати ӯ аст ва ман бе устодам наметавонистам ба қуллаҳои баланд бирасам. Ва ташаккури зиёд барои устоди аввалинам — Парвиз Аҳмадов, ӯ маро ба ин роҳ овард. Ташаккур ба ҳама!!!", — навиштааст муштзани тоҷик дар саҳифаи Instagram.

Пас аз пирӯзӣ Сангинов парчами Тоҷикистонро боло бардошт.

Лентаи хабарҳо
0