Футболбозони навҷавони тоҷик ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё 2018 роҳ ёфтанд

© Фото : Федерация Футбола ТаджикистанаЮношеская сборная Таджикистана
Юношеская сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Футболбозони Тоҷикистон дар рақобатҳои интихобии Қаҳрамонии футболи навҷавонони Осиё бар ҳамовардони худ аз Уммон пирӯз шуданд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Бо ин пирӯзӣ дар гурӯҳи "В" дастаи миллипӯшони Тоҷикистон ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё 2018 роҳ ёфт.

Матч первого тура отборочного турнира чемпионата Азии-2018 в группе «В» между юношескими сборными Таджикистана и Сирии - Sputnik Тоҷикистон
Футболбозҳои навраси тоҷик ҳамсолони сурии худро шикаст доданд

Ягона голи бозии Тоҷикистон бо Уммонро Зайниддин Раҳимов дар дақиқаи 76 зад, гузориш медиҳад Федеросюни футболи Тоҷикистон.

То ин бозӣ дар ду даста шаштоӣ имтиёз доштанд, вале Тоҷикистон бо ин пирӯзӣ садрнишини ҷадвали гурӯҳи "В" шуд ва ба Ҷоми Осиё 2018 роҳ ёфт, ки дар Малайзия баргузор хоҳад шуд.   

Лентаи хабарҳо
0