Пирӯзии Комроншоҳ Устопириён дар мусобиқаи Тошканд

Обуна шудан
Паҳлавони номдори тоҷик Кормоншоҳ Устопириён дар сабқати байнулмиллалии Гран-Прии Тошканд оид ба ҷудо соҳиби медали тилло шуд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Узбакистон шаҳри ТОшканд баргузор шуд, пирӯз васоҳиби медали тилло шуд.

Комроншоҳ дар вазни то 90 килу, ба рақобат даромад. Ӯ пас аз  пирӯзӣ бар Достон Мелиев (Узбакистон) ба даври нимниҳоӣ  роҳ ёфт.

Паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ Яҳё Имомови узбакистониро шикаст дода, ба даври ниҳоӣ баромад. Комроншоҳ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гуштигири дигари узбакистонӣ ДилшодЧориев ғолиб омад ва бо медали тилло, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 3 ҳазор доллар сарфароз гашт.

Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон
Комроншоҳ Устопириён: аз паҳлавон паҳлавон мерӯяд

Ба Чориев барои ҷойи дувум медали нуқра ва 2 ҳазор доллар супурда шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 5 октябр Комроншоҳ дар сабқати ҷудо барои дарёфти Ҷоми раисҷумҳури Тоҷикистон ширкат кард. Дар ин қувваозмоӣ ӯ дар даври ниҳоӣ бо Саидҷалол Саидов ба майдон баромад.

Дар даври ниҳоӣ Саидҷалол Саидов Комроншоҳи Устопириёнро шикаст дода соҳиби Ҷоми раисҷумҳур шуд.    

 

Лентаи хабарҳо
0