10:24 19 январи 2018
Пахши мустақим
Маҷлиси шаҳрии Маскав ба варзишкорон ифтихорнома дод

Варзишкори тоҷик Анушервон Назарзода аз Думаи Маскав ҷоиза дарёфт кард

© Фото: Московская городская дума
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
18931

Маҷлиси шаҳрии Маскав дар маросими ботантанае ба қаҳрамони самбо Анушервон Назарзода ифтихорнома дод

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дума ё Маҷлиси намояндагони шаҳри Маскав варзишкори тоҷики муқими Русия Анушервон Назарзодаро, ки дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сербистон медоли тилло ба даст оварда буд, бо ҷоизае сарфароз кардааст.

Ба иттилоъи вебгоҳи расмии Думаи шаҳри Маскав, маҷлиси намояндагони шаҳр дар маросиме аз медоловарони дастаи миллии Русия сипосгузорӣ ва арҷгузорӣ кардааст.

"Дар се рӯзи мусобиқот варзишкорони Маскав барои Русия 10 медол оварданд, ки 8 тояшон тилло аст. Мехостам варзишкоронро барои ин дастовардашон табрик гӯям. Бовар дорам, ки рӯзе мерасад, ки самбо дар миёни варзишҳои олимпӣ ҷой хоҳад гирифт ва варзишкорони Русия ҳамеша дар мусобиқот пирӯз хоҳанд шуд", — гуфтаст Кирилл Шитов, намояндаи ҳизби "Русияи воҳид" дар ин маросим.

Дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон, аз 13-ум то 15-уми октябр дар шаҳри Нови Сади Сербистон баргузор гардид, ҷавондухтарону ҷавонписарон аз 33 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. 

Дар феҳристи варзишкороне, ки аз Маҷлиси Дума ҷоиза гирифтаанд, номи Анӯшервон Назарзода низ омадааст, ки дар ин қаҳрамони соҳиби медоли тилло гардида буд.

Анушервон Назарзода қаҳрамони мусобиқоти самбои наврасони ҷаҳон дар вазни 56 кг шуда буд.

Вай аз соли 2005 то кунун дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад ва дастпарвари бошгоҳи маскавии "Самбо — 70" аст.

Ба гузориши Федеросюни самбои Тоҷикистон, варзишкорони миллипӯши Тоҷикистон дар он мусобиқот се медол — 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Анушервон Назарзода ду сол пеш низ дар мусобиқоти самбои наврасон дар вазни 48 кг каҳрамони ҷаҳон гардид.

Барчаспҳо:
ифтихорнома, қаҳрамонӣ, Маҷлиси шаҳрии Маскав, Анушервон Назарзода, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ