Пирӯзӣ: Футболбозони тоҷик Узбакистонро шикаст дода, ба Ҷоми Осиё роҳхат гирифтанд

© Фото : Сайт ФФТФутбольный матч, архивное фото
Футбольный матч, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷоми Осиё соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik.Шоми дирӯз дастаи мунтахаби то 19-солаи футболи Точикистон таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар бозии охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи "В" дастаи мунтахаби то 19-солаи Узбакистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ба сабқати муҳташами қора роҳхати мустақим ба даст овард.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон пештар иттилоъ дод,  ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

Маарҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё соли оянда дар кишвари Индонезия баргузор мешавад. Ҳамин тавр Тоҷикистон бо шикастаи дастаи Узбакистон ба Ҷоми Осиё роҳхат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0