01:55 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ҷудо, акс аз бойгонӣ

Шаш медоли тиллои варзишкорони тоҷик дар сабқати ҷудо дар Қирғизистон

CC BY 3.0 / wikimedia
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
233 0 0

Дар рӯзи аввали мусобиқа се варзишкори тоҷик се медол ба даст оварданд. Эҳсон Мирсоқиев дар вазни 32 кг, Саидмансур Охунов дар вазни 38 кг ва Муҳаммадаюб Сафаров дар вазни 42 кг ба пирӯзӣ расиданд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Ӯш сабқати байналмилалии ҷудо баргузор шуд, ки дар он варзишкорони тоҷик 8 медол, аз он ҷумла 6 тилло, ба даст оварданд.

Дар ин сабқат, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҷудо баргузор шуд, беш аз 400 варзишкори 9 — 10-сола аз Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат карданд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа се варзишкори тоҷик се медол ба даст оварданд. Эҳсон Мирсоқиев дар вазни 32 кг, Саидмансур Охунов дар вазни 38 кг ва Муҳаммадаюб Сафаров дар вазни 42 кг ба пирӯзӣ расиданд.

Дар рӯзи дувум низ мунтахаби ҷудокорони Тоҷикистон се медоли тилло ба даст овард: ин бор Убайдулло Қурбонов дар вазни 29 кг, Мустафо Аюбӣ дар вазни 38 кг ва Салмон Мақсудзода дар вазни 46 кг бар ҳамовардонашон чира шуданд.

Варзишкори дигари тоҷик Сафиалло Маҳмадалӣ дар вазни 35 кг медоли биринҷӣ ба даст овард. Ҳамчунин Деваштич Фаридун — писари Фаридун Устопириён дар вазни 55 кг медоли нуқра ба даст овард.

Барчаспҳо:
медоли тилло, варзишкор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ