22:01 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода

Кумитаи олимпӣ ба Хоҷазода ва Назаров барои ширкат дар Бозиҳои олимпӣ кумакпулӣ ҷудо кард

© Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
226 0 0

Кӯмакпулӣ дар давоми 3 сол – аз 1 сентябри соли 2017 то 31 августи соли 2020 – ҷиҳати омодагӣ ва дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 пардохт мегардад

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Имрӯз дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  ҷаласаи Кумитаи иҷроия баргузор гардид, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки кумита номзадии 15 варзишгари Тоҷикистонро ҷиҳати дарёфти кӯмакпулӣ аз рӯи Барномаи "Дастгирии молиявии варзишгарон ҷиҳати омодагӣ ба Олимпиадаи Токио-2020" тасдиқ кардааст.

Бори аввал аст, ки дастгирии молиявии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба варзишгарон ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ 3 сол пардохт мегардад. То ин вақт он 2 солро дар бар мегирифт. Инчунин, шумораи варзишгарон низ ҷиҳати дарёфти кӯмакпулӣ зиёд гардид.

Барои дарёфти кӯмакпулӣ аз ҷониби федератсияҳои миллии варзишӣ номзадии беш аз 30 варзишгар пешниҳод шуда, Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои Тоҷикистон 15 квота ҷудо кард ва аз рӯи таҳлили натиҷаҳои нишондодаи варзишгарон 15 нафар интихоб гардиданд.

Маблағи кӯмакпулӣ аз 200 то 800 доллари ШМА-ро ташкил дода, ба муддати 3 сол — аз 1 сентябри соли 2017 то 31 августи соли 2020 — ҷиҳати омодагӣ ва дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 пардохт мегардад. 

Ҳамин тариқ, аз дастгирии молиявии Кумитаи байналмилалии олимпӣ варзишгарони зерин бархӯрдор мегарданд: 
Назаров Дилшод (варзиши сабук) — 900 доллар;
Устопириён Комроншоҳ (дзюдо) — 700 доллар;
Саидов Саидҷалол (дзюдо) — 700 доллар;
Хоҷазода Беҳрӯз (дзюдо) — 500 доллар;
Искандари Рустам (гуштини озод) — 500 доллар;
Даминов Шаҳриёр (қайиқронӣ) — 450 доллар;
Боқиев Суҳроб (дзюдо) — 350 доллар;
Маҳмадбеков Сомон (дзюдо) — 350 доллар;
Негматуллоев Шаббос (бокс) — 350 доллар
Баҳромзода Фарангис (каратэ) — 200 доллар;
Ғаффорова Мадина (бокс) — 200 доллар;
Зулқайнарова Шоира (бокс) — 200 доллар;
Климик Карина (шиноварӣ) — 200 доллар;
Қаландарова Шоҳида (дзюдо) — 200 доллар;
Пронженко Кристина (варзиши сабук) — 200 доллар.

Барчаспҳо:
кумакпулӣ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Дилшод Назаров, Беҳрӯз Хоҷазода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ