07:34 21 январи 2018
Пахши мустақим
Дмитрий Барков, акс аз бойгонӣ

Дмитрий Барков низ "Истиқлол"-ро тарк кард

© Фото: Из личного архива Дмитрия Баркова
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
51 0 0

Ҳамлагари тими машҳури футболи "Истиқлол" Дмитрий Барков барои машқҳои омӯзишиву тамринӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб рафтааст

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ҳамлагари тими "Истиқлол" Дмитрий Барков дастаашро ба "Локомотив"-и Тошканд иваз кардааст, хабар медиҳад вебгоҳи  расмии "Истиқлол".

"Якҷоя бо варзишгари узбакистонӣ Дмитрий Барков барои машқҳои омӯзишиву тамриенӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб рафт",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Футболбозони "Локомотив" ҳоло ба Лигаи қаҳрамонии Осиё омодагии ҷиддӣ мебинанд.Ба нақша гирифтаанд, ки пеш аз қаҳрамонӣ дар Дубай чанд бозии озмоишӣ гузаронанд.

Чанд рӯз пештар як бозингари дигари тими "Истиқлол"  Ҷаҳонгир Алиев ба дастаи "Насафа"-и Туркия пайваста буд.

Пештар, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ гуфт, соли 2017 барои фотболи тоҷик соли бобарор буд.

"Бегумон, соли 2017 соли мушкил, пур аз ҳодисаҳои вазишӣ дар кишвар, аммо дар як замон соли пурбарор ба хурсандиовар буд",- қайд кард президенти ФФТ.

Барчаспҳо:
сабқат, Лигаи қаҳрамонии Осиё, Дмитрий Барков, Аморати Муттаҳидаи Араб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ