02:05 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Олим Хакимов (аз чап) ва Урунбек Ёқубов дар лавҳаи хотиравии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ш. Душанбе

Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶБВ аз Тоҷикистон

© Sputnik
Маълумотнома
Гирифтани линки кӯтоҳ
121 0 0

Барои ҷасорат ва шуҷоъат дар набардҳо дар мубориза бо фашизм 56 ҳазор нафар тоҷикистониён бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз шуда, 54 нафар ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ноил ва 15 нафар ба се дараҷаи ордени Шараф комёб шудаанд.

Феҳрасти тоҷикистониёне, ки бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шуданд:

Амиралӣ Саидбеков ба ҳангоми озодкунии Лаҳистон шуҷоъат нишон додааст. Дар моҳи марти соли 1945 гурӯҳи Саидбеков чанд маҳалли аҳолинишини лаҳистониро озод карда ба артиши душман хисороти сангин расонид ва теъдоди зиёди низомиёнро асир гирифт. 8 апрели соли 1945 гурӯҳи Саидбеков аз чанд ҳамлаи ҷавобии олмониҳо дар манотиқи аҳолинишини Рогув ва Домбров ҷилавгирӣ карданд. Дар ин набард Саидбеков кушта шуд.

Антон Буюкли. 14 августи соли 1945 дар назди истгоҳи роҳи оҳани Котон (феълан-шаҳраки Побединои ноҳияи Смирниховскойи вилояти Сахалин) нерӯҳои ҳамлакунанда бо тирпарронии шадиди пулемётӣ аз паноҳгоҳ боздошта шуданд. Буюкли худ пешниҳод кард, ки паноҳгоҳи душманро маҳв созад ва бо норинҷак ба самти паноҳгоҳ хазид. Дар масофаи даҳ қадам вай баъд аз тир хӯрданаш аз ҳаракат бозистод, вале нерӯи пайдо карда бо ҷисми худ нуктаи тирпаррониро бипӯшид. Бо ҷони худ Буюкли амалиёти муваффақи ҳамяроқони худро таъмин кард.

Иван Разин. Дар маҷмӯъ то оғози моҳи апрели соли 1945 халабони гурӯҳи 639 қисми ҳавонавардии ҳамлагар лейтенант И.П.Разин 110 парвози ҷангӣ карда болои душман 35 ҳазор килограмм бомбаҳои ҳавоӣ партоб кард, 340 мушак пахш кард, то 15000 лавозимоти ҷангии ВЯ-23 — партоб ва 64000 тири ШКАС-ро ба душман рехтааст. Дар пайи ҳамалоти худ вай 11 танк, 22 мошини низомӣ, 13 тӯпҳо дар маҳаллоти тирандозӣ, 5 аслиҳаи миномётӣ ва 5 мушакандозро маҳв карда 22 паноҳгоҳро нобуд сохтааст, 1 паровоз ва ду қатори вогунҳои ҳомили сарбозон ва маҳсулотро нобуд кардаастт, як анбори аслиҳаро мунфаҷир ва то 600 сарбозу афсарони душманро куштааст.

Аҳмаджон Қурбонов ҳангоми озодкунии Ҷумҳурии Белоруссия дар наздикии Бобруйск бо истифода аз амали фиребкунанда, муваффақона ба соҳили дигари Нарев гузашт ва дар он соҳил барои ҳамла қитъаеро забт кард. Гурӯҳи вай зимни ҳамла баландии муҳимро тасарруф кард ва ҷоддаи самти шимолу шарқи рустои Сивешеноро масдуд сохт. Танҳо ба ҳангоми як ҳамлаи ҷавобӣ сарбозони Қурбонов 6 танк, 4 зиреҳпӯш, 12 пулемёт, 185 сарбоз ва афсарони душманро нобуд карданд.

Пётр Вернидуб. Дар набардҳо барои шаҳри Вилнюс лейтенант Вернидуб ҳамроҳи гурӯҳаш 8 танк ва тӯпҳои худгард, 4 тӯпи зиддитанкӣ, 8 мошини боркаш бо бораш, 23 нуктаи тирпарронӣ, ҳудуди то ду гурӯҳ сарбозонро нобуд карда беш аз 300 нафарро асир гирифт.

Раҳим Азимов дар моҳи январи соли 1945 зимни тасарруфи шаҳри лаҳистонии Зволен ба мавқеъи душман бо норинҷакҳо ҳамла карда чанд нуктаи тирпарронии душманро нобуд ва 5 сарбозро асир гирифт.

Александр Горелов. 22 апрели соли 1945 гурӯҳи вай бо ҷангҳо назди соҳили рӯдхонаи Шпрее наздик шуда ба мавқеъи душман зарба зад ва се пулро тасарруф кард. Дар маҷмӯъ зимни набардҳои Берлин, гурӯҳи вай беш аз 2000 сарбоз ва афсаронро асир гирифта аз ӯрдугоҳҳо низомиёни кишварҳои шарикро озод кард.

Бакир Давлатов. Дар моҳи сентябри соли 1943 Давлатов ҳамроҳи гурӯҳи худ дар миёни нахустинҳо аз рӯдхонаи Днепр дар наздикии рустои Вялеи ноҳияи Брагински вилояти Гомели Ҷумҳурии Белоруссия убур кард. Бо тирпарронии пулемёт вай нуктаи тирпарронии душманро нобудс охта ба пешравии тамоми гурӯҳи худ мусоъидат кард ва гурӯҳи бузурги сарбозони душманро ба қатл расонид.

Виктор Буторин. Сержанти калон гвардия Буторин дар набард барои Днепр шуҷоъат нишон дод. 21 сентябри соли 1943 ҳангоми набард барои рустои Перше Травняи ноҳияи Городнянски вилояти Чернигови Украина вай, ки ду маротиба захмӣ шуда буд, майдони набардро то озодии комили ин маҳалли аҳолинишин тарк накард.

Домулло Азизов ҳангоми убур аз Днепр дар ноҳияи Лоевск шуҷоати намоён кард. Ба полки 120-уми тирандоз, ки дар он Азизов ба унвони фармондеҳи гурӯҳи пулемётчиҳо хизмат мекард, фармон дода шуд, ки 15 октябри соли 1943 убур аз Днепрро оғоз кунанд. Дар ҷаласаи комсомолии полк тасмим шуд, ки гурӯҳи десантии комсомолчиёнро таъсис диҳанд, ки нахуст аз дарё убур кунад. Дар суфуфи гурӯҳи десантӣ вай 15 октябри соли 1943 нахустин шуда аз дарё убур кард ва ба паноҳгоҳи душман даромада бо норинҷак пулемётчиҳоро нобуд сохту сипас бо оташи пулемёти ба даст оварда автоматчиҳои душманро кушт.

Иван Валухов. Дар солҳои ҷанг Валухов 486 парвози ҷангӣ кард, ки 339-тои он шабона сурат гирифтаанд. Вай бо ҳавопаймои бомбаандози "Ли-2" парвоз мекард. Вай умдатан таъсисоти низомӣ, таҷаммуъи васоили фаннӣ ва нерӯи зиндаи душманро бомборон мекард, 147 маротиба ба Ленингради муҳосирашуда борҳоро овардааст, 76 маротиба ба ба гурӯҳҳои партизанҳо силоҳ овардааст (15 маротиба дар фурудгоҳҳои бешазор фуруд овардааст), ба ақибгоҳҳои душман десантҷиёнро партоб кардааст. Дар моҳи октябри соли 1943 Валухов 12 парвоз барои ҷустуҷӯи яхшикани "Сталин" дар Арктика анҷом додааст.

Эргаш Шарифов барои шуҷоат ва қаҳрамонӣ дар набардҳо барои озодсозии шаҳри Угерски Броди Чехословакия ба вай баъд аз фавташ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Дар Чехословакия дафн шудааст.
Вениамин Недошивин. 27 январи соли 1944 дар наздикии шаҳри Гатчина лейтенант Недошивин дар раҳбарии гурӯҳи сарбозон вориди рустои Пижма шуда, ба иҳота афтод. Дифоъи давраӣ гирифта ва сарбозонро барои пирӯзӣ ташвиқ мекарду афсари ду маротиба захмӣ шуда то расидани кӯмак дар суфуф боқӣ монд ва аз ҳамалоти душман ҷилавгирӣ мекард.

Иван Душкин. Шаби 7 ба 8 августи соли 1943 ҳавопаймои Душкин дар наздикии Мгой тир хӯрд. Халабонҳо тасмим гирифтанд дар шаҳри Калинин фурд оранд, вале ба маҳалли фурудгоҳ нарасида муҳаррики ҳавопаймо аз кор монд. Аз ҳавопаймо бо чатр танҳо иртиботчӣ тавонист партоб шавад, халабонҳои дигар ҷони худро аз даст доданд.

Исмат Шарифов нӯҳуми марти соли 1944 зери тирпарронии душман ба назди ду пулемёти онҳо расид, ки барои пеш рафтани гурӯҳ монеъ мешуданд ва бо норинҷакҳо онҳоро маҳв кард. Худи ҳамон рӯз дар набардҳои хиёбонии шаҳри Уман се мошини душман бо аслиҳаро мунфаҷир сохт ва беш аз даҳ олмониро ба қатл расонид.

Дмитрий Кратов. Сарбозони сарҳанг Кратов дар набардҳои дар ҳаволии миёни манотиқи аҳолинишини Ястров, Фледерборн ва Валлахзее дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои кавалерия ва танкҳо 15 танк ва ҳудуди 4000 сарбоз ва афсарони душманро маҳв кард. 34 адад тӯп, 19 миномёт, 171 пулемёт ва ҳудуди 2000 нафар сарбозу афсарони душманро асир гирифтанд.

Неъмат Қаробоев нахустин тоҷике буд, ки унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро соҳиб шуд. Вақте ҷанги шӯравиву финнӣ оғоз шуд, вай, ки дар суфуфи Артиши Сурх хидмат мекард, ширкаткунандаи ин ҷанг шуд. Унвони олӣ барои ҷасорат дар набардҳо ба Неъмат Қаробоев дар моҳи марти соли 1940 дода шуд.

Николай Аникин. Дуввуми октябри соли 1943 Аникин дар ҳайъати сарбозони гурӯҳи худ дарёи Днепрро дар ҷанубии шаҳри Киев убур кард. Аникин ба сурати махфӣ гузаргоҳҳо дар манотиқи минкоришударо тоза кард ба паноҳгоҳи олмониҳо бирасид ва онро норинҷакборон кард. Дар пайи даргириии шадид гурӯҳи сарбозон ба раҳбарии Аникин олмониҳоро аз мавқеъашон берун кард. Сипас сарбозонро дар мавқеъи забтшуда монда зери тирборони шадиди олмонишо ба соҳили Днепр баргашт ва дар як шаб 183 сарбозро убур кунонд, ки барои ҳифзи мавқеъи забткардашуда мусоъидат кард.

Набӣ Акрамов дар як амалиёти низомӣ бо зиреҳпӯши фармондеҳӣ роҳи фирори ошубгаронро масдуд кард ва 12 нафари онҳоро нобуд сохт. Сипас гурӯҳи худро ба ҳамла бардошт ва ба ҷанги тан ба тан оғоз кард, ки дар он боз се нафар ошӯбгар бо шумули фармондеҳашро кушт.

Василий Обухов. То моҳи октябри соли 1943 муъовини фармондеҳи полки 25-уми гвардиягӣ ва ҳавопаймоӣ сарҳанг В.М.Обухов 156 парвоз барои анҷоми бомборони таъсисоти муҳими дар умқи ақибгоҳи душман ва таҷаммуъи артиши он кардааст.

Фатҳулло Аҳмадов. Дар моҳи январи соли 1944 озодкунии Полесияи Белоруссия оғоз шуд. Дар як мавзеъ дар наздикии рустои Беседки Фатҳулло зимни интизори ҳамлаи танкҳои душман як чархи аробаро ба дарахт насб кард ва аз он ҷо бо туфанги зиддитанкӣ зимни ҳамлаи навбатӣ тавонист ба ҳавопаймои "Юнкерс"-и душман тир зада онро сарангун созад.

Михаил Новоселтсев. 21 сентябри соли 1943 зимни даргириҳо дар назди маҳаллаи аҳолинишини Ивашковкаи вилояти Чернигови Ҷумҳурии Украина Новоселтсев шахсан гурӯҳи пулемётчиёни душманро маҳв сохт. Шаби 27 ба 28 сентябри соли 1943 гурӯҳи Новоселтсев дарёи Днепрро дар наздикии рустои Нивкии ноҳияи Брагински вилояти Гомели Ҷумҳурии Белоруссия убур кард ва то замони расидани кӯмак дар набардҳо ва ҳифзи манотиқи забтшуда фаъолият нишон дод.

Ҳодӣ Кенҷаев. Шашуми июли соли 1943 гурӯҳи сарбозони Кенҷаев аз ҳамлаи ҷавобии 24 танки олмонӣ ҷилавгирӣ карда чаҳор адади онро нобуд сохтанд. Вақте куллияи гурӯҳаш аз набард берун шуданд вай ба танҳоӣ боз се адад танкро нобуд сохт. Дар он набард вай се маротиба захмӣ шуд, вале ҷангро идома медод. Вақте силоҳи Кенҷаев корношоям шуд, вай силоҳи зиддитанкиро пайдо кард ва танки ҳаштумро нобуд кард ва танҳо баъд аз ин ба бунгоҳи тиббӣ рафт. Сари роҳ вай ба тӯпандози гурӯҳи ҳамсоя кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида ӯро низ ба баталон овард.

Григорий Филиппов. Шаби 7 ноябри соли 1944 ҳамроҳи гурӯҳи ҷосусон сержант Филиппов аз рӯдхонаи Тиса дар наздикии шаҳраки Шаруд убур кард. Вай нахустин шуда вориди паноҳгоҳи душман шуд. Сарбозон мавзеъи муҳимеро забт карда ва аз он ҷо аз ҳамлаҳои ҷавобии душман ҷилавгирӣ мекарданд. Дар ин набард дабири комсомолӣ як зиреҳпӯшро нобуд сохта бо истифода аз пулемёти душман шахсан даҳҳо олмониҳоро маҳв сохт. Ду маротиба захмӣ шуд, вале то расидани кӯмак аз майдони набард берун нашуд.

Саидқул Турдиев. Шаби 2 октябри соли 1943 фармондеҳи гурӯҳи пулемётчиёни полки 342 (дивизияи 136 артиши 38-уми ҷабҳаи Воронеж) лейтенант Турдиев ба унвони нахустин аз дарёи Днепр дар маҳалли ҷазираи Казачий, ки дар самти ҷанубии Киев воқеъ аст, убур мекунад. Фармондеҳи баталон, ки аз набард берун шуд, войи ӯро гирифта дар ин мавзеъ ҷангро раҳбарӣ кард.

Алексей Лапшин. 15 октябри соли 1943 гурӯҳи пешрави Лапшин дар маҳалли рустои Каменкаи ноҳияи Репкински вилояти Чернигови Ҷумҳурии Украина аз дарёи Днепр убур кард ва дар соҳили ғарбии он мавзеъеро забт карда то расидани кӯмак онро ҳифз кард. Дар пайи як ҳамлаи ҷавобии олмониҳо вай захмӣ шуд, вале набардро идома дод.

Исмоил Ҳамзаалиев. Дар набард дар баландиҳои беноми шимоли Молотичи, сержант Ҳамзаалиев бар ҷойи нишонраси тӯпҳо, ки аз набард берун шуд, нишаста бо силоҳи худ се танки миёнаи душманро нобуд сохт.

Павел Ханжин зимни убур аз Днепр шуҷоъат нишон дод. Дар моҳи октябри соли 1943 гурӯҳи Ханжин зери тирборони шадиди душман бо се қаик ба соҳили рости Днепр вуруд шуд. Зимни озодкунии ҷазираи Пушкаревск ханжин бо гурӯҳи 24 нафарии сарбозон соҳили дарё дар наздикии Речиша вориди ҷанги тан ба тан бо душман шуд ва шахсан 5 тан олмониро маҳв сохт.

Тӯйчӣ Эрҷигитов. Ҳангоми набарди 5 октябри соли 1943 дар наздикии рустои Смердиняи ноҳияи Тосненски вилояти Ленинград сарбози Артиши Сурх Тӯйчӣ Эрҷигитов бо ҷисми худ нуктаи оташпарронии душманро пӯшида имкон дод, ки гурӯҳаш ба ҳамла гузарад. Аз ин шуҷоъати Тӯйчӣ ҳамсангаронаш ба ваҷҳ омада ба ҳамла бархостанд ва вориди паноҳгоҳи олмониҳои нозӣ шуданд.

Ӯрунбек Ёкубов ҳангоми убури хатти дифоъи душман дар вилояти Харков 26 августи соли 1943 бо гурӯҳи худ 20 сарбоз ва афсари душманро маҳв сохта ду нуктаи оташпарронии онҳоро нобуд карданд.

Николай Балакин. Шаби 22 ба 23 апрели соли 1945 вай дар фармондеҳии гурӯҳи сарбозон аз дарёи Шпрее убур кард ва аз ақаб ба нерӯҳои олмонӣ, ки ҳифозати пулро анҷом медоданд, ҳамла карда онро нобуд сохт. 28 апрел захмӣ шуд, вале то дубора захмӣ шуданаш майдони набардро тарк накард.

Сафар Амиршоев 16 июни соли 1944 дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Литва шуҷоъат нишон дод. Ҳангоми набард бо танкҳои рахнакардаи душман, вай нахустин шуда тӯпи худро ба ақаб гардонид ва танки аввалиро нобуд сохт. Дар ин набарди сангин куллияи сарбозон захмӣ шуданд. Худаш низ ду маротиба захмӣ шуд, вале тавонист ду танкро маҳв кунаду сипас кушта шуд.

Михаил Владимиров. Дар моҳи июли соли 1944 Владимиров зимни убур аз дарёи Неман ва набард барои мавзеъ шуҷоъат нишон дод. 16 августи соли 1944 дар яке аз набардҳо СУ-76-и вай бо танкҳои душман муҳосира шуд. Бо тири нишонрас вай 4 танкро нобуд сохт, танкҳои дигар ақабнишинӣ карданд. Захмӣ шуд, вале ҷангро идома медод.

Тӯйчӣ Назаров яке аз нахустинҳо шуда 24 январи соли 1945 дарёи Одер дар наздикии шаҳри Кёбен (Хобени Лаҳистон) убур кард. Зимни забт ва тавзеъаи мавзеъ 12 олмониро маҳв карда як нуктаи пулемётчиёнро нобуд сохт.

Тимофей Гаврилов. 13 марти соли 1944 барои иҷрои намоёни супориши фармондеҳон ва нишон додани шуҷоъат ва қаҳрамонӣ зимни иҷрои онҳо ба капитан Гаврилов Тимофеё Кузмия бо фармони Президиуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.

Тӯхтасин Мирзоев. Севвуми октябри соли 1943 дар набард барои баландии 160,7 дар ҷанубу ғарби рустои Мишурин Рог (ноҳияи Верхнеднепровски вилояти Днепропетровск) сарбози Артиши Сурх Мирзоев сарбозонро ба ҳамла бурд ва нахустин шуда ба баландӣ расид ва бо партоби норинҷак пулемёти душманро ба хомӯши водор кард. Ин баландӣ забт шуд, сарбозон беш аз 10 ҳамлаи ҷавобии олмониҳо ҷилавгирӣ ва мавзеъи худро ҳифз карданд. Дар яке аз набардҳои дигар Мирзоев нопадид шуд.

Кашпуров Пётр Афанасьевич: унвони қаҳрамониро барои иҷрои муваффақи убур аз Днепр ва забти Днепропетровск ва нишон додани қаҳрамонӣ гирифтааст.

Александр Гордеев. Шаби 26 ба 27 сентябри соли 1943 дар ҳайъати се дастаи аслиҳаи зиддитанкӣ Гордеев алорағми тирпарронии шадиди душман аз дарёи Днепр дар наздикии рустои Нивкии ноҳияи Брагински вилояти Гомели Ҷумҳурии Белоруссия убур карда бо нерӯҳои зиёди душман вориди даргирӣ шуд. Бо истифода аз торикии шаб сарбозон паноҳгоҳҳои олмониҳоро норинҷакборон карданд ва онҳоро забт карда то расидани кӯмак ҳифз карданд.

Ҳайдар Қосимов дар набардҳо дар наздикии дарёи Припят Қосимов аз минромётҳои худ анбори аслиҳаи душманро маҳв сохт.

Григорий Таран. Дар соли 1943 гурӯҳи ҳавопаймоҳои зери фармондеҳии Таран ба назди партизанҳои Қрим 126 парвоз анҷом дода 120 тонна ғизо расониданд ва беш аз 600 нафар партизанҳои маҷрӯҳ ва фарзандонашонро берун оварданд. Худи Григорий Таран ба Бритониё эъзом шуд ва дар он ҷо озмоиши ҳавопаймои ҷадиди борбари "Албимал-1"-ро анҷом дода сипас онро ба Иттиҳоди Шӯравӣ мунтақил кард. Баъд аз таъйинаш ба симмати фармондеҳии полк Таран 225 ва аз он ҷумла бо 61 нишаст дар ақабгоҳи душман анҷом дод.

Еремей Данилянс шаби 28 сентябри соли 1943 зери тирборони шадиди душман вай нахустин шуда бо гурӯҳи худ ба соҳили рости дарёи Днепр дар наздикии рустои Нивкии ноҳияи Брагински вилояти Гомели Белоруссия гузашт. Алайҳи душманон тирпарронии шадид кард, ки ба убури гурӯҳи бузурги сарбозон мусоъидат кард. Сипас онҳо мавзеъи судовареро забт карда ба убури нерӯҳои аслии полки 60 Чернигов мусоъидат карданд.

Ҳоваҷӣ Мирзоев. Дар моҳи сентябри соли 1943 Ҳоваҷӣ дар миёни нахустинҳо ба соҳили рости дарёи Днепр убур кард. Бо тири пулемёт вай соҳилро аз душманҳо тоза карда барои убури ҳамсангаронаш кӯмак кард. Се маротиба захмӣ шуд, вале майдони набардро тарк накард ва 144 нафар олмониҳоро ба қатл расонид.

Иван Двадненко. 27 сентябри соли 1943 бо вуҷуди тирпарронии шадиди тӯпҳо ва миномётҳои душман, Двадненко бо сарбозони худ муваффақона аз дарёи Днепр дар наздикии рустои Нивкии ноҳияи Брагински вилояти Гомели Ҷумҳурии Белоруссия убур карда бо нерӯҳои душман вориди даргирӣ шуд. Зимни ҷилавгирӣ аз ҳамлаи ҷавобии танкҳои олмонӣ Двадненко захмӣ шуд, вале майдони набардро тарк накарда ҷангро идома дод. Вақте нишонраси яке аз тӯпҳо кушта шуд, Двадненко ӯро иваз карду шахсан ду танки душманро нобуд сохт. Минбаъд дар наздикии рустои Галкии ҳамон ноҳия сарбозони Двадненко ду танк ва як тӯпи худгарди олмониҳоро нобуд карданд.

Чутак Уразов. Шаби 18 июли соли 1944 дар наздикии шаҳри Лудзаи Латвия гурӯҳи ҷосусии вай дар муҳосира афтода бо нерӯи бештари душман вориди даргирӣ шуд. Бисёриҳо бар ин назар буданд, ки ин гурӯҳ комилан кушта шудааст. Вале дар асл як нафар зинда монд: Ӯрунбой Абдуллоеви аз ҳуш рафтаро олмониҳо дар баландии 144 асир гирифтанд. Боқимонда бо шумули Чуртак Уразов қаҳрамонона фавтиданд.

Василий Андреев. Дар ҷараёни яке аз ҳамлаҳои ҷавобии олмониҳои нозӣ, Андреев фармондеҳи кушташудаи гурӯҳро иваз кард ва бо оташи пулемёт ба ҳамлаи сарбозони хушкигард кӯмак кард. Худ шадидан захмӣ шуд, вале аз майдони набард берун нарафт. Бо амалҳои қатъи ва моҳирона ба асорати 140 нафар олмонии нозӣ мусоъидат кард.

Даниил Коржов. 28 сентябри соли 1943 Коржов зери тирборрони шадиди душман яке аз нахустинҳо шуда аз дарёи Днепр дар наздикии рустои Лопатнии ноҳияи Репкински вилояти Чернигови Ҷумҳурии Украина убур кард ва дар набардҳо барои мавқеъ дар соҳили ғарбӣ фаъолият нишон дод. Бо тири пулемёт вай гурӯҳи сарбозони олмониро маҳв сохт, ки мехостанд аз убури полк ҷилавгирӣ кунанд. Дар моҳи ноябри соли 1943 Коржов нопадид шуд.

Ҳакимов Олим: Ҳангоми озодкунии Лаҳистон шуҷоъат нишон дод. 16 январи соли 1945 гурӯҳи Ҳакимов аз дарёи Висла дар наздикии маҳалли аҳолинишини Ломна дар 8 километрии ҷанубу ғарби шаҳри Хотомув убур карда минтақаеро дар соҳили ғарбии он забт ва сипас то расидани нерӯҳои аслӣ аз понздаҳ ҳамлаи ҷавобии олмониҳо ҷилавгирӣ карданд.

Иван Протопопов ин нишони олиро барои иҷрои намоёни супоришҳои фармондеҳӣ, шуҷоъат ва қаҳрамонии шахсӣ, фармондеҳии намоёни гурӯҳ дар шароити душвори набард гирифтааст.

Алексей Дмитриев. Иҷрокунандаи муваққати полки 214 тӯппаронӣ капитани гвардия Алексей Дмитриев дар наздикии маҳалли аҳолинишини Франтскабуда (ноҳияи Шакяйски Ҷумҳурии Литва) 7 августи соли 1944 зимни ҷилавгирӣ аз ҳамлаи душман бо тӯппаронӣ 5 танкро корношоям кард. Вақте қисме аз танкҳо ва сарбозони душман ба нуктаи назоратӣ наздик оманданд, вай дифоъи онро ташкил карда худро маҳалли тирпарронӣ қарор дод ва сарбозони олмониро аз танкҳо ҷудо сохта сарбозонро барои ҳамлаи ҷавобӣ водор кард. 21 август боз 8 танк нобуд карда шуданд. Дар набард 17 октябри соли 1944 кушта шуд.

Вилдан Хабиев. Фармондеҳи гурӯҳи миномётии полки 685 тирандоз сержант Вилдан Хабиев дар суфуфи гурӯҳи забт 15 октябри соли 1943 аз дарёи Днепр дар наздикии рустои Каменкаи ноҳияи Репкински вилояти Чернигови Украина убур кард. Сарбозон дар соҳили рости Днепр мавзеъро забт карда аз куллияи ҳамлаҳои ҷавобии душман ҷилавгирӣ карданд.

Сейтнафе Сейтвелиев ҳангоми озодкунии Ҷумҳурии Белоруссия шуҷоъат нишон дод. 25 июни соли 1944 Сейтвелиев дар рахнасозии дифоъи олмониҳо дар минтақаи Жлобина ширкат карда шаби 2 ба 3 июли соли 1944 дар набардҳо дар наздикии шаҳри Марина Горка бо сарбозони худ понздаҳ танки олмониҳоро нобуд карданд.

Иван Крумин дар набардҳо барои убур аз дарёи Днепр шуҷоъат ва қаҳрамонӣ нишон додааст. Зери тирпарронии шадиди душман вай 15 октябри соли 1943 ба соҳили рости дарёи Днепр дар минтақаи Лоева барои нишонрас шудани оташи тӯпҳои мо, ки убури нерӯҳои моро таъмин мекард, гузашт. Ва танҳо баъд аз анҷоми убури марҳилаи дуввум ва расидани ҷойивазкунанда вай ризоият дод, ки ӯро ба бунгоҳи тиббӣ интиқол бидиҳанд.

Иван Разваляев зимни гузар аз шаҳри Томашув то шаҳри Калиш дар дастаи пешсаф қарор дошт ва капитани гвардия Разволяев ҳамчун яке аз афсарони шуҷоъ ва доно ҳангоми забти Томашув қаҳрамонӣ ва шуҷоъат нишон дод.

Раҳимбой Раҳматов зимни озодкунии Лаҳистон шуҷоъат нишон дод. 24-25 январи соли 1945 Раҳматов аз дарёи Одер дар наздикии шаҳри Оппелна убур карда дар забт ва ҳифзи минтақае дар соҳили ғарбии он фаъол буд ва аз миқдори бешумори ҳамлаҳои ҷавобии душманон ҷилавгирӣ кардааст. Дар он набардҳои Раҳматов захмӣ шуда, вале ҷангро идома додааст.

 

Барчаспҳо:
унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон, фашизм, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ