10:33 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Акмалиддин Каримов - қаҳраомни Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод - 2017 аз рӯи самбо.

Акмалиддин Каримов: қаҳрамон будан мушкилтар аз қаҳрамон шудан аст

© Фото: ОФИЦИАЛЬНЫЙ САЙТ ФИАС
"Рӯзнома"-и Sputnik
Гирифтани линки кӯтоҳ
15620

Қаҳрамони Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод Акмалиддин Каримов ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи пирӯзӣ ва ҳадафҳои аслияш гуфт

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Яке аз беҳтарин самбокорони Тоҷикистон Акмалиддин Каримов дар Бозиҳои осиёии Ишқобод медоли тилло ба даст овард. Акнун ӯ барои зӯрозмоӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон омода мешавад, ки моҳи ноябр дар Сочӣ баргузор хоҳад шуд.

— Акмалиддин, лутфан бигӯед, ки ин мавсим чӣ гуна сипарӣ мешавад?

— Ин мавсим барои ман бисёр бобарор буд — барои чандум бор дар қаҳрамонии самбои Тоҷикистон пирӯз шудам ва дар Бозиҳои Осиёӣ медоли тилло ба даст овардам. Ин дастовардҳо бароям бисёр бузурганд. Акнун бояд барои дар мусобиқаҳое, ки имсол баргузор мешаванд, аз ҷумла қаҳрамонии ҷаҳон, омода шавам.

— Шумо чанд сол боз дар майдонҳои ҷаҳонӣ зӯрозмоӣ доред. Оё акнун ширкат дар мусобиқаҳо мушкилтар шуда ё на?

— Бале, рақибон дар ҳар мусобиқае беш аз пеш ҷиддитар мешавад. Қаҳрамонии ҷаҳон — мусобиқае дар сатҳи баланд аст, аз ин рӯ бояд дучандон бештар машқу тамрин кард то натиҷаи хуб ба даст овард.

— Чаро Шумо самборо интихоб кардед?

— Ман 13-сола будам, ки бародарам Алишер маро ба варзишкадаи "Динамо" назди мураббӣ Муҳаммадшариф Сулаймонов оварда буд. Ҳамон замон ин варзиш бисёр хушам омада буд.

Самбо — на танҳо варзиш, балки шеваи омӯзишу парвариш низ ҳаст, ки ҷанбаҳои руҳиву иродиву ахлоқии инсонро ҳам рушд медиҳад. Он донишу ҳунари дифоъ аз худ аст, на ҳамлаву дастёзӣ ба дигарон.

Самбо на танҳо дифоъ аз худро ёд медиҳад, балки таҷрибаи ғании зиндагӣ низ медиҳад, ки сиришти инсонро ташаккул медиҳад ва ӯро пойдориву тобоварӣ мебахшад, қавиирода ва устувор мекунад.

Ин варзиш барои парвариш додани хештандорӣ ва ташаккули ахлоқи хубу мавқеъи устувор дар зиндагӣ кумак мекунад.

— Пеш аз зӯрозмоӣ муррабӣ маъмулан чӣ раҳнамоиҳое медиҳад?

— Мегӯяд, ки ҳама нерӯву тавонатро ба кор бигиру фикрҳои беҳударо аз сарат дур куну шарм надору ҳунаратро намоиш бидеҳ!

Ман фикр мекунам, ки ин суханҳо беҳтарин раҳнамоие ҳастанд, ки бояд пеш аз зӯрозмоӣ ба варзишкор гуфта шаванд. Бақияро варзишкор бояд худ анҷом диҳад.

— Муҳимтарин ҳадаф дар ҳирфаи варзишиатон кадом аст?

— Дар ҳирфаам танҳо як қуллаҳо фатҳнашуда монда, ки қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон аст. Медоли тиллои ҳамин қаҳрамонии ҷаҳонро кам дорам.

Ман танҳо як орзу дорам — ба даст овардани ин ҷоиза. Дар мусобиқаҳои миёни ҷавонон ба ҳама ҳадафҳоям расидаам ва танҳо ҳамин унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар миёни бузургсолонро кам дорам. Барои ба даст овардани ин медол ман ҳама кӯшишу талошамро хоҳам кард ва умед дорам, ки имсол, иншоаллоҳ, ба ин ҳадафам хоҳам расид.

— Барои оянда чӣ нақшаҳое доред?

— Нахуст бояд дар қаҳрамонии ҷаҳон ба ҳадафам бирасам. Ман ҳамеша барои худ ҳадафе таъйин мекунам ва агар якеро ба даст овардам ҳадафе мушкилтар аз онро мегирам. Пас аз қаҳрамони ҷаҳон шудан дигар ҳадафҳоеро барои худ таъйин хоҳам кард, кӯшиш хоҳам кард дастовардамро такрор кунам.

Зеро чуноне ки маълум аст, қаҳрамон шудан мушкил аст, вале қаҳрамониро нигоҳ доштан мушкилтар аз он аст.

Мавзуъ

Варзишкорони тоҷик аз Бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод 51 медол оварданд
Бозиҳои Осиёӣ дар Ишқобод: Тоҷикистон 3 медоли тилло ба даст овард
Дастовардҳои варзишкорони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ 2017 дар Ишқобод
Ҷилваҳои вижа: маросими оғози 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод
Барчаспҳо:
қаҳрамонӣ, сабқат, пирӯзӣ, бозиҳои Осиёӣ, Акмалиддин Каримов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ