Together: Тори рубоби Ниёзов Тоҷикистонро бо Амрико пайваст

Обуна шудан
Хушбахт Ниёзов-навозандаи маъруфи тоҷик, ки аз ӯҳдаи навохтани рубоб, даф, танбур сетор ва ҳатто табли ҳиндӣ мебарояд, баъди муаррифии мусиқии халқи тоҷик дар шаҳрҳои бузургтарини ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва Тоҷикистон, дар сӯҳбати кӯтоҳе бо Sputnik Тоҷикистон қайд намуд, ки ин сафар барои ӯ дарси зиндагӣ буд.

Хушбахт Ниёзов рубобнавози тоҷик дар доираи барномаи амрикоии "Playing Together", ки ба 25-умин солгарди истиқлолияти кишварҳои ИДМ бахшида шуда буд, бо мусиқачиёни касбии дигар кишварҳо шинос шуда, мусиқии тоҷиконаро дар омехтаҳои ҷолиб бо мусиқии муосири дигар халқҳо пешкаши тамошобинон гардонид.

Дар сӯҳбат Хушбахт дар бораи нақшаҳои оянда ва таассуроти худ аз сафар нақл кард.

Нахуст Хушбахт Ниёзовро, ки баъди баромад дар саҳнаи кишварҳои бузурги дунё ба ватан баргашт дар бораи бардошти ӯ аз ин сафар пурсон шудем.

Саҳна. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Санъаткорони ИМА ва кишварҳои ОМ дар Душанбе консерт баргузор менамоянд

— Ҳангоми иштирок дар барномаи "Бо ҳам бинавозем", ки омехта кардани мусиқии миллии кишварҳои гуногун, чун Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистонро бо мусиқии замонавии аврупоӣ дар назар дошт, ман бо навъҳои гуногуни мусиқӣ, бо навозандагони касбии дигар мамолики дунё шинос шудам, ки бароям дарси бузург буд. Ва албатта дӯстони нав пайдо кардам ва бароям шинос шудан бо мутрибони дигар кишварҳо муҳим буд. Аз онҳо бисёр нозукиҳои мусиқии миллиашонро ёд гирифтам, ки дар оянда дар фаъолиятам истифода мекунам.

Аз кай боз дар соҳаи мусиқӣ ҳастед?

— Аз хурдӣ. Чунки аз кӯдакӣ маро фазои мусиқӣ иҳота карда буд. Дар оилаи санъаткор ба воя расидам ва муҳити атроф ба ман бетаъсир намонд. Ишқи навозандагӣ дар дилам аз хурдсолӣ ҷой гирифт.

Кадом асбобҳои мусиқиро менавозед?

-Асосан бо асбобҳои халқии  бадахшонӣ сару кор дорам. Рубоб, даф, сетор, танбурро менавозам. Ва дар баробари ин аз ӯҳдаи навохтани асбоби ҳиндӣ, ки табла ном дорад, низ мебароям.

Устоди аввалини шумо дар ҷодаи санъат кист?

— Албатта падарам. Чун маро аз хурдӣ садои дафу рубоб, сетору танбури падарам  иҳота карда буд. Вале дар баробари падари бузургворам  ман аз бародари калониям  низ бисёр нозукиҳои навозандагиро аз худ кардам.

Чӣ гуна ба барномаи "Playing together" роҳ ёфтед?

— Ман дар ансамбли "Помир",  бо роҳбарии Соҳиба Давлатшоева  фаъолият мекунам. Ва маҳз аз ҷониби ин гурӯҳ барои иштирок дар барномаи "Playing together"  (Бо ҳам бинавозем) пешниҳод шудам. Аввал мо дар озмун иштирок кардем ва аз байни 20 нафар ба даври дуюм танҳо 12 нафарамон роҳ ёфт. Аз Тоҷикистон ман ва боз ду нафари дигар дар ин барнома  иштирок карда, ҳунари навозандагиамонро ба дигар халқҳои ҷаҳон нишон додем.

© Фото : Официальная страница Посольства США в Бишкеке в Facebook / Гузариш ба медиабонкХушбахт Ниёзов ва дигар иштирокчиёни лоиҳаи "Playing together"
Концерт «Играя вместе» в Бишкеке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хушбахт Ниёзов ва дигар иштирокчиёни лоиҳаи "Playing together"

 

Истиқболи тамошобинон чӣ гуна буд?

— Ҳар як консерти мо бо кафкубиҳои пурмавҷи тамошобинон ба анҷом мерасид, ки барои ҳар як навозанда ва ҳунарманд лаҳзаҳои бебаҳо ҳастанд. Ба ман чунин лаҳзаҳои ҳаёт хушбахтии дучанд мебахшанд. Моро дар ҳамаи шаҳрҳо хеле хуш пазироӣ карданд.

Чӣ чиз шуморо дар зиндагӣ хушбахт менамояд?

— Навозандагӣ. Навохтани асбобҳои миллӣ бароям беҳтарин хушбахтӣ дар ҳаёт аст. Бо ин ҳунарам ман тамоми дунёро гаштам. Берун аз барномаи "Бо ҳам бинавозем" ман ҳамроҳи ансамбли "Помир" дар ҳамаи кишварҳои Аврупо дар барномаҳои консертӣ иштирок кардаам.

Чӣ нақшаҳо доред дар оянда?

— Дар оянда ман мехоҳам, як барномаи консертӣ омода намоям, ки танҳо аз навохтани асбобҳои мусиқӣ иборат бошад.

© Фото : Официальная страница коллектива Omnibus Ensemble в Facebook / Гузариш ба медиабонкХушбахт Ниёзов ҳангоми баромад бо навозандагони дигар кишварҳои ОМ ва ИМА
Коллектив Omnibus Ensemble, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хушбахт Ниёзов ҳангоми баромад бо навозандагони дигар кишварҳои ОМ ва ИМА
Лентаи хабарҳо
0