12:55 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Абдулазиз Раҷабов ҳамроҳи собиқ президенти Эрон

Ҳоҷии пиёда: мулоқот бо президенти Эрон ва дидор бо Амитабх Баччан

© Фото: Предоставлено Абдулазизом Раджабовым
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
13301

Абдулазиз Раҷабов – марди 68 солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ аллакай ба ҳамагон бо номи ҳоҷии пиёда машҳур гардидааст. Вай ин дафъа хост аз қабри Ҳазрати Одам дидан кунад

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik.Ҳоҷии тоҷик аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон Абдулазиз Раҷабов, ки бештар бо лақаби ҳоҷии пиёда машҳур аст, ба наздикӣ аз сафари тӯлонии хеш баргашт.

Чуноне ки сайёҳ нақл мекунад, мақсади асосии  сафари имсолаи вай зиёрат намудани масҷиди Алақсо дар Исроил будааст. Ҳоҷӣ барои расидан ба ин кишвар, ба воситаи Русия — шаҳри Ризан сафар кардааст.

Дар роҳ сайёҳ мақбараҳои бузургон- Албухорӣ, мунаҷҷим Улуғбек, шоир Алишери Навоӣ, гуштингири машҳур Абдулло Тандурӣ ва  дигар ҷойҳои таърихиву фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказиро зиёрат кардааст.

Сайёҳи тоҷик якчанд сол пайи ҳам мехост ба Исроил расад, аммо се маротиба  ӯро аз сарҳад баргардониданд.

Ба гуфтаи Раҷабов, Исроил 51-умин кишварест, ки ӯ пиёда ба он расида, аз он дидан кардааст. Имсол вай тавонист, ки билохира аз масҷиди Алақсо дидан кунад.

Мард 15 рӯз дар Исроил монда, санаи 3-уми октябр ба ватан баргашт.

"Чаҳор моҳ пештар ман дар Маскав бо Яъқуб Петров, аъзои конгресси "Яҳудони Бухоро" шинос шудам, ки ба Исроил чипта ва даъватнома дод. Понздаҳ рӯзе, ки ман дар Исроил мондам, умуман худро бегона ҳис накардам. Ҳамавақт бо ман яҳудиҳое буданд, ки бо забони форсӣ ҳарф мезаданд. Онҳое, ки як замоне дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, ҳангоми аз ин кишвар сухан намудан, гиря мекарданд. Онҳо чунон Тоҷикистонро дӯст медоранд, ки боварии кас намеояд",- нақл мекунад Раҷабов.

Чуноне ки ӯ мегӯяд сафарҳои пиёдаи худро вай даҳ сол қабл оғоз намудааст. Дар тӯли ин вақт, ӯ се маротиба, ба воситаи роҳҳои гунонгун ба Арабистони Саудӣ расида, ҳаҷ кардааст.

Соли 2013 Абдулазаиз тариқи Эрон ба ватан бар мегашт ва дар ҳамон ҷо, ӯ бо собиқ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинаҷод шинос шуд.

Имсол ҳоҷии пиёда ба Шри- Ланка сафар кард. Сараввал, ӯ бо ҳамроҳии чаҳор нафар ҳамсафаронаш- сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ аз мақбарии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб дидан намуда, мехостанд пиёда ба самти ноҳияи Ҳамадонӣ- Кӯлоб- Душанбе- Қурғонтеппа-Панҷи поён- Шерхон Бандар(Афғонистон)-Покистон-Ҳиндустон-Шри-Ланка-АМА-Эрон сафар кунанд.

Сафар ба гурӯҳ он қадар омад накард.

"Мо то пойтахти шимолии Афғонистон расидем ва дар он ҷо маълум шуд, ки чор нафар ҳамроҳонам ба ин сафари мушкил ва тӯлонӣ тайёр нестанд ва барои ҳамин ба хона баргаштанд",- гуфт ҳоҷии пиёда. Якҷоя бо Раҷабалӣ Сулаймонов онҳо сафари хешро давом доданд. Сулаймонов дар Дубай натавонистааст, ки раводид ба даст орад, барои ҳамин бо кӯмаки Консулгарии генералии Тоҷикистон дар АМА бо тайёра ба Арабистони Саудӣ парвоз намуда,  аз ҳамон ҷо ин ду нафар ба Шри Ланка мераванд ва мақбараи Ҳазрати Одамро зиёрат мекунанд.

Бояд қайд намуд, ки Раҷабов дар давоми сафар дар Шри- Ланка  ба бемории табларза гирифтор шуд ва ба бемористон бистарӣ гашт. Ӯ дар тӯли сафари хеш то 9 килограм хароб шуд.

Соли ҷорӣ, ҳангоми сафар ба Афғонистон  вай бо губернатори музофоти Балх Атомуҳаммади Нур во хӯрдааст. Дар Ҳиндустон бошад, бо Амитабх Бачан тавонист, ки дидор кунад. Ҳангоми сафар ӯ борҳо бо шахсиятҳои машҳур во хӯрдааст.

Ба гуфтаи сайёҳ, барои сафар кардан  вай на он қадар маблағи зиёд сарф мекардааст. Ба сайёҳ хешовандон ва сарпарастони дигар кӯмак мекунанд, равобитро бошад вай пеш аз сафар кардан ба даст меорад. Раҷабов ҳамроҳаш ҳатто мактуб ташкилотҳои варзиширо дорад, ки дар он ӯро ҳамчун тарғибгари фарҳанги тоҷикӣ муаррифӣ мекунанд. Дар тӯли даҳ соли сафарҳои хеш ҳоҷии пиёда кишварҳои зиёдро дидан намуд ва акнун дар хона нишаста наметавонад, ҳарчанд сафар кардан мушкилиҳо низ дорад.

Ҳамааш аз варзиш сар шуд

 Абдулазиз Раҷабов 40 сол дар яке аз мактабҳои ноҳияи Ҳамадонӣ ба сифати муаллимаи тарбияи ҷисмонӣ кор кардааст. Масоҳати тамоми роҳи тайнамудаи вай — 30 ҳзр км ташкил медиҳад. Бори аввал вай соли 2006 — дар арафаи 2700 солагии Кӯлоб ба Макка, ба воситаи Русия равон шуд ва пасон ба Тоҷикистон баргашт.

"Ҳар кас, ки мехоҳад ҳамсафари ман шавад, бояд меъёрҳои ҷисмониро иҷро кунад ва имтиҳон супорад, то ин ки ба роҳи дароз тайёр будани вай маълум шавад. Мо аввал аз маконҳои муқаддаси кишвар дидан мекунем ва пасон ба сафари тӯлонӣ мебароем",- қайд кард ҳоҷӣ.

Абдулазиз Раҷабов мегӯяд, ки ӯ ҳамавақт дар назди худ мақсад мегузарод ва барои иҷро намудани он тамоми қавваи худро сарф мекунад. Собиқаи кории вай дар соҳаи варзиш, барояш ин роҳи пешгирифтаашро осон мекунад.

Барчаспҳо:
Сафар, мушкилӣ, Абдулазиз Раҷабов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ