11:45 27 марти 2017
Пахши мустақим
Сафо Алиназар зимни муарифии китоби нав Нан зив. Акс аз бойгонӣ

Сафо Алиназар дар бораи “Нан зив” ва кушодани роҳ ба адабиёти ҷаҳон

© Фото: Из личного архива Сафо Алиназара
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
792150

Рӯзи шанбе дар маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе муаррифии китоби нави шоир, тарҷумон ва муҳаққиқи ҷавон- Сафо Алиназар, таҳти унвони “Нан зив” (Забони модарӣ) баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Сафо Алиназар-шоир, муҳаққиқ ва тарҷумони ҷавон  дар маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе китоби дуюми худро ба хонандагон муаррифӣ намуд. Дар чорабинии фарҳангӣ устодони донишгоҳҳо, шоирон ва нависандагони Тоҷикистон ширкат доштанд.

Sputnik Тоҷикистон дар сӯҳбати кӯтоҳе бо муаллифи китоб-Сафо Алиназар дар бораи мавзӯи асосӣ ва нақшаҳои ояндаи шоири ҷавон пурсон шуд.

Китоби "Нан зив" ба кадом мавзӯъ бахшида шудааст?

— Мавзӯи асосии китоби навам-муҳаббат ба ватан, таърих ва тамаддун, тасвири табиати зебои кишвар мебошад.  Дар баробари ин китоби "Нан зив" боз шеърҳои лирикиро дар бар мегирад.

Книга Сафо Алиназара
© Фото: Из личного архива Сафо Алиназара
Китоби Сафо Алиназар

Тавре маълум аст, шумо бо забонҳои тоҷикӣ-форсӣ, русӣ, англисӣ озодона ҳарф мезанед, корҳои илмӣ низ доред, вале шеърро бо забони шуғнӣ эҷод мекунед?

— Мо метавонем бо забонҳои гуногун рисолаи илмӣ бинависем ва ё тадқиқоти илмиро анҷом диҳем. Аммо наметавонем тамоми орзуву омол, шодию сурур ва ғаму андӯҳи хешро ҳамон тавре,  ки ба забони модарии бо шири модар дар вуҷудамон ҷогирифта, бо  забони дигар баён намоем. Ин як ҳақиқат ҳаст. Мо ба забони ғайр чизеро,  ки бинависем, дар андешаи мо ин навиштаҳо бо забони модариамон  шакл мегиранд. Аз ин ҷост, ки мо набояд ин воқеиятро ба гӯшаи фаромӯшӣ бисупорем ва талошу кӯшиш намоем, ки бародарони мо дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, ки набошанд, забони модарии худро дар ёд дошта бошанд ва онро ба фарзандонашон биёмӯзанд.

Агар мо забони модариро аз ёд бибарем, мо таърих ва  фарҳанги худро  аз ёд мебарем. Ҷое, ки забони модарист — он ҷо муҳаббати модарӣ, ишқу алоқа ба Ватан, ба Зодбум  аст. Хулоса, муҳаббати зиёди ман ба Ватану забону фарҳангам маро водор мекунад, ки бо забони модариям, ки шуғнӣ-рушонист шеър бинавасам. Ҷое, ки шеър ҳаст онҷо муҳаббату ҳамдилист.

Аз кай боз шеър менависед?

— Аз айёми мактабхонӣ ба навиштани шеър оғоз кардам. Ба омӯхтани забон, фарҳанг ва адабиёти миллатҳои гуногуни ҷаҳон аз хурдссолӣ шавқу рағбати беандоза доштам. Ҳамин муҳаббат ба адабиёт маро ба шеърнависӣ водор кард.

Дар ҳоли ҳозир ба чӣ кор машғул ҳастед?

— Ман бо корҳои илмӣ, тарҷумонӣ ва пажӯҳиш дар соҳаи адабиётшиносӣ машғул ҳастам. Ҳамчунин бештари вақтам барои ба итмом расонидани рисолаи илмиям, ки  дар мавзӯи "Таҳлили сохторӣ ва маъноии истилоҳоти адабиётшиносӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ" мебошад, сарф мешавад. Насиб бошад, соли оянда ин рисоларо дифоъ хоҳам кард.

Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

— Нақшаҳо зиёданд. Мехоҳам дар оянда рисолаи номзадиамро дифоъ кунам. Дар ҳоли ҳозир ба тарҷумаи шеърҳои шоири барҷастаи тоҷик Лоиқ Шералӣ машғул ҳастам ва насиб бошад дар оянда мехоҳам онрро нашр карда дастраси хонандагон намоям. Мо бояд забон ва фарҳанги худро ба оламиён муаррифӣ намоем ва ба адабиёти олам роҳ кушоем.

На презентации книги Сафо Алиназара в Исмаилитском центре в Душанбе
© Фото: Из личного архива Сафо Алиназара
Сафо Алиназар ҳангоми гузоштани соядаст

Ба шоирони ҷавон чӣ таманниёт доред?

— Бигзор шеъри ҳар як эҷодкори муосир дар баробари ҳифз ва муаррифии фарҳанги хеш байни халқҳои мухталиф пули дӯстӣ ва рафоқат бунёд кунад. Бигзор шеъри нав дар қалби мардумон деворҳои хусуматро барканад ва ба ҷояш бо хишти сухан қалъае, бо номи ҳамдилӣ ва бародарӣ бунёд кунад.

Барчаспҳо:
маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе, муаррифии китоби нав, Сафо Алиназар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ