17:30 24 феврали 2017
Пахши мустақим
Амин Абдураҳимов, акс аз бойгонӣ

Донишҷӯи беҳтарини Русия: ифтихор дорам, ки аз Тоҷикистон ҳастам

© Фото: из личного архива Амина Абдурахимова
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
14120

Донишҷӯи курси чоруми яке аз донишгоҳҳои Санкт- Петербург дар озмуни умумируссиягӣ номинатсияҳои “Мистер эҷодиёт” ва “Мистер донишҷӯи хориҷӣ- 2016”-ро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik.Зодаи Тоҷикистон Аминҷон Абдураҳимов ғолиби озмуни байни донишгоҳҳои Русия "Мистер донишҷӯи хориҷӣ- 2016" гардид.

Чорабинӣ   аввали моҳи ноябр дар шаҳри Иваново баргузор шуд. Дар озмун 20 донишҷӯи беҳтарин аз шаҳрҳои гуногуни Русия — Маскав, Санкт- Петербург, Қазон, Севастопл, Волгоград, Белгород, Старвапол ва дигар шаҳрҳо иштирок доштанд.

Амин ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард, ки  дар ин гуна озмунҳо якчанд маротиба иштирок кардааст, аммо онҳо шаҳрӣ буданд.

Амин Абдурахимов, архивное фото
© Фото: из личного архива Амина Абдурахимова
Амин Абдураҳимов- зодаи кишвари Тоҷикистон

"Моҳи майи соли 2016 ман дар донишгоҳ  "Мастери таваҷҷуҳи тамошобинон" гаштам ва ба давраи умумирусиягии озмун роҳ ёфтам, ки дар шаҳри Иванова баргузор мегардид. Дар он танҳо ҳамон донишҷӯёне иштирок карда метавонистанд, ки дар рафти хониш баҳои се нагирифтаанд",- мегӯяд ғолиби озмун.

Иштирокдорон бояд аз се давра мегузаштанд. Аввалан бачаҳо  омодагии ҷисмонии худро нишон доданд. Амин мегӯяд, ки барояш гузаштан аз ин давра мушкил буд, зеро дар он шартҳое ба монанди тирзанӣ, ҷаҳиш ва дар турник худро боло бардоштанро дошт.

Баъд, ҷавонон бояд дар муддати кӯтоҳ дар бораи ватанашон бештару муфассалтар маълумот медоданд.

"Ҳама дар бораи шаҳрҳои худ нақл мекарданд, аммо ман бошам ҳам дар бораи Тоҷикистони азизам ва ҳам дар бораи шаҳри Санкт- Петербург нақл кардам",- мегӯяд Амин.

 

 

Дар давраи ниҳоӣ иштирокдорон ба ҳакамон истеъдодҳоии худро нишон доданд. Ҷавони тоҷикистонӣ бошад дар саҳна рақси замонавии роботро нишон дод.

"Ман хело хуб баромад кардам, ба ҳама писанд омад. Дар озмун унвонҳои "Ҷаноби эҷодиёт" ва "Ҷаноби донишҷӯи хориҷии Русия"-ро ба даст овардам", — бо ифтихор гуфт донишҷӯ ва илова кард, ки ғолибияти хешро ба волидонаш мебахшад.

Фазои озмун дӯстона буд, ҷавонон чунон байни худ муносибати дӯстона доштанд, ки Аминро ҳатто дӯстони дигар иштирокчиён, ки барои дастгирӣ намудани шиносонашон омадаанд, дасгирӣ мекарданд. Ба ғайр аз ин вайро шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Иваново зиндагӣ мекунанд,  хело хуб дастгирӣ намуданд.

 

 

Донишҷӯ мегӯяд, ки якбора дар ду номинатсия ғолиб омадан барояш ғайричашмдошт буд. Дӯстонаш ҳам ҳайрон шуданд.

"Онҳое, ки маро дар донишгоҳ мешинохтанд, ба ман боварӣ доштанд. Ман бошам ба худам боварӣ надроштаму мехостам иштирок кунам ва таҷриба ба даст орам. Волидонам бошанд ба ҳайрат омаданд",- мегӯяд Амин.

Ҳангоми ба Санкт- Петербург бар гаштанаш ҷавони тоҷикро ба шабнишинии тантаноки "Донишҷӯи соли шаҳри Санкт-Петербург" даъват карданд.

Амин Абдураҳимов донишҷӯи курси чаҳоруми Донишгоҳи давлатии телекоммуникатсия ба номи профессор М.А. Бонч-Бруевичи шаҳри Санкт Петербург мебошад.

Ӯ президенти шӯрои донишҷӯёни донишгоҳ буда, дар ташкилотҳои гуногун ва чорабиниҳои фарҳангии байналмиллалӣ  фаъолона иштирок мекунад.

Мавзуъ

Пер Карден зебосанами тоҷикро ба Париж даъват кард
Барчаспҳо:
ғолибият, Озмун, зодаи Тоҷикистон, Амин Абдураҳимов, Русия