23:27 19 августи 2017
Пахши мустақим
Бахтовар Ҳотамов, иштироккунандаи Олимпиада дар Индонезия

Талабаи тоҷик ва соҳиби медали тилло: дар як рӯз 8 соат математика мехондам

© Фото: из личного архива Бахтовара Хотамова
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
25850

Бахтовар Ҳотамӣ ҳамагӣ сенздаҳ сол дорад ва толибилми синфи 9-ум аст. Вай иштирокчии якчанд олимпиада мебошад. Соли дувум аст, ки Бахтовар ба Олимпиадаи сатҳи байналмилалӣ –Олимпиадаи илмӣ-математикӣ (IMSO) меравад ва ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Имсол ӯ аз давлати Индонезия ба Тоҷикистон медали тилло овардааст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik.Фарида Бобоҷонова. Соҳиби медали тилло дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки иштирок дар олимпиада барояш ҳам мушкил буд ва ҳам осон. Барои ба даст овардани ин мақом Бахтовар саҳми устодаш Олимҷони Пирмаҳмад ва волидонашро махсус қайд мекунад. Зеро, волидон ӯро дастгирӣ карданд, устодаш бошад аз саҳар то шом барояш барномаи математикаро дарс дод.

"Мо пеш аз рафтан ба Индонезия аз соати 8-и саҳар то 5-и бегоҳ дарси математика мехондем. Дар хона бошад, волидонам ҳам маро дастгирӣ мекарданд ва мегуфтанд, ки иштирок кун ва агар тавони мақоми аввалро ба даст ор",- ба ёд меорад Бахтовар.

Амин Абдураҳимов, акс аз бойгонӣ
© Фото: из личного архива Амина Абдурахимова

 

Барои иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ, ки солҳои охир супоридани маблағи муайян тақозо мешавад, барои Ҳотамӣ ҳам пулакӣ буд. Бахтовар баробари аз даври интихобӣ дар Душанбе гузаштан 50%-и маблағи иштирок олимпиадаро супоридааст.

Вай мегӯяд, ки аллакай дар синфи 8 дар чунин олимпиада иштирок карда буд ва мақоми саввумро ба даст овард ва имсол ҷойи 1-умро гирифтааст.

Бояд хотиррасон намуд, ки дар ин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика 193 нафар талаба аз кишварҳои гуногуни дунё иштирок кардаанд ва Муҳаммади Ҳотамӣ баробари 21 нафар ҷойи якум, яъне медали тиллоро соҳиб шудааст.

Бахтовар Хотамов, архивное фото
© Фото: из личного архива Бахтовара Хотамова
Бахтовар Ҳотамӣ, 2 сол қабл

Бахтовар баробари аз давлатҳои дигари дунё дидан намудан, дӯстони зиёде ёфтааст.

"Мо аз санаи 7-уми ноябр то 14-уми ноябр дар Индонезия будем. Ман аз кишварҳои Булғория, Қазоқистон ва Эрон дӯстони зиёд пайдо кардам",- гуфт вай.

 

Ба гуфтаи дорандаи медали тилло, пеш аз сафар ба Индонезия раёсати мактаб барои иштироккунандагони олимпиада реҷаи махсус ташкил кард.

Ба саволи он, ки оё мисли дигар бачаҳо Бахтовар ҳам бозӣ карданро дӯст медорад, Бахтовар мегӯяд, ки дар мактаб ба мо реҷа кашидаанд, мо баъд аз вақти муайяни дарсхонӣ бозӣ мекунем.

Як шарти дигари муҳими IMSO аз он иборат буд, ки иштирокдорон бояд донандаи забони англисӣ мебуданд, зеро шартҳои масъалаҳои математикӣ дар озмун ба забони англисӣ оварда шуда буд.

Бахтовар ба илмҳои дақиқ шавқу рағбат дорад ва баробари ин ба варзиш ҳам машғул мешавад. Мегӯяд, ки футболро меписандад ва бештар бо дӯстонаш ба ин бозӣ машғул мешавад.

Участники олимпиады по математике в Индонезии в аэропорту
© Фото: из личного архива Бахтовара Хотамова
Бахтовар Ҳотамӣ, пас аз бозгашт аз олимпиада

Талабаи аълочӣ дар сӯҳбат як сирри худро низ ифшо кард. Навобаста ба ин, ки вай ба илми дақиқ хело шавқу рағбат дорад, дар омӯхтани фанни кимиё мушкилӣ мекашад.

"Ман аз химия баҳои "чор" мегирам", — мегӯяд табассумкунон Бахтовар.

Бахтовар ҳоло барои худ муайян накардааст, ки дар оянда кадом касбро интихоб мекунад, аммо мегӯяд, ки мехоҳад математикаро хуб омӯхта, дар оянда дар бахши информатика ва технологияи муосир мутахассиси хуб шавад.

Баробари Бахтовар, се талабаи дигари мактаби "Ҳотам ПВ" низ дар ин олимпиада иштирок карда, медали биринҷӣ гирифтаанд.

Раёсати мактаб исми иштирокдорони олимпиадаро дар ҷадвали фахрии муассиса ҷой додаанд. Маориф бошад, ваъда додааст, ки ғолибонро бо яктогӣ планшет сарфароз мекунад.

Барчаспҳо:
медали тилло, "Ҳотам ПВ", Бахтовар Ҳотамӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ