Тоҷикдухтар дар озмуни зебогии Пенза унвони "таваҷҷӯҳи тамошобинон"-ро соҳиб гашт

Обуна шудан
Сарварбону Разоқзода дар озмуни зебогии "Зебосанами ҷаҳон Folk Queen-2016" иштирок намуд, ки он дар Донишгоҳи давлатии Пенза баргузор мегардид. Тоҷикдухтар ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи омодагӣ ба озмун ва таассуроти хеш аз чорабинӣ нақл намуд

ДУШАНБЕ, 22 ноября — Sputnik, Рубен Гарсия.Дар озмуни зебогӣ байни донишҷӯён  "Зебосанами ҷаҳон Folk Queen-2016", ки санаи 17-уми ноябр дар Пенза баргузор гардид, мукофоти "маркази таваҷҷӯҳи тамошобинон"-ро  Сарварбону Разоқзода ба даст овард.

Сарварбону вақте ки 17 сол дошт, аз шаҳри Норак ба Пенза омадааст. Ҳоло тоҷикдухтар донишҷӯи бахши дуввум мебошад ва дар бахши барномасозӣ таҳсил мекунад.

"Ба монанди дигар духтарон ман бисёр мехостам, ки кишвари хешро намояндагӣ кунам. Тайёрӣ ба озмун қариб як моҳ тӯл кашид. Аввал якчанд фотосессия, аз ҷумла бо либоси миллӣ гузаштанд. Баъд аз он давраи интихобӣ барои донишҷӯён баргузор шуд. Баъзан таёрӣ бароям мушкилӣ мекард, аммо хело шавқовар буд",- гуфт Сарварбону дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Унвони "Зебосанами ҷаҳон"-ро дар натиҷаи озмун Дафни Дурухора аз Нигерия ба даст овард. Мақоми дуввумро бошад, дар озмун духтари ҳиндустонӣ Авани Пател гирифтааст ва ҷойи саввумро Фирӯза Наврузова аз Озарбойҷон  соҳиб гардид.

© Фото : Институт международного сотрудничества / Гузариш ба медиабонкСарварбону Разоқзода, акс аз бойгонӣ
Бону Разокзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сарварбону Разоқзода, акс аз бойгонӣ

Озмун, ки аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Пенза ва аcсотсиатсияи донишҷӯёни хориҷии вилояти Пенза ташкил карда шудааст, бори дуввум гузаронида мешавад. Он аз якчанд давраҳо иборат аст.

Имсол дар озмун 14 нафар донишҷӯёни хориҷии ДДП — аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Индонезия, Чин Ҳиндустон, Қирғизистон, Нигерия, Мали ва Туркманистон иштирок намуданд.

© Фото : Институт международного сотрудничества / Гузариш ба медиабонк Озмуни "Зебосанами ҷаҳон Folk Queen-2016"
Конкурс красоты «Мисс мира. Folk Queen — 2016» среди иностранных студенток Пензенского государственного университета - Sputnik Тоҷикистон
Озмуни "Зебосанами ҷаҳон Folk Queen-2016"
Лентаи хабарҳо
0