19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов, акс аз бойгонӣ

Хуршед Сатторов: тарроҳони Осиёи Марказӣ мехоҳанд бо тарроҳони Аврупо рақобат кунанд

© Фото: Страница Хуршеда Сатторова в Facebook
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
39 0 0

Хуршед Сатторов нақл намуд, ки сарулибоси осиёмарказӣ асосан бо кадом хусусият фарқ мекунад ва тарроҳи ҷавон дар оянда чӣ нақшаҳо дорад

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik, Анастасия Лебедева.Ҳафтаи гузашта дар Тошканд Ҳафтаи мӯд баргузор гардид, ки дар он тарроҳони 12 кишвар маҷмӯи сарулибосҳои таҳиянамудаи худро пешниҳод карданд. Тоҷикистон низ дар ин намоиш иштирок кард.

Тоҷикистонро дар Ӯзбакистон тарроҳи машҳур Хуршед Сатторов намояндагӣ намуд. Sputnik Тоҷикистон аз тарроҳи ҷавон дар бораи таассуроти вай аз чорабинии мазкур пурсон шуд.

"Ман аз сатҳи баргузорӣ, ташкилии чорабинӣ  ва интихоби тарроҳон хело хурсандам. Дар намоиш маҳсули дасти донишҷӯён, мутахассисон ва муаллифон машҳур пешниҳод гардида буд. Аз ин лиҳоз чорабинӣ ба ман хело писанд омад",- нақл намуд Сатторов.

Коллекция Хуршеда Сатторова на Неделе моды в Ташкенте
© Фото: Instagram
Намоиши сарулибоси Хуршед Сатторов дар Тошканд

Хуршед аз пазироии мухлисон низ хурсанд гашт.

"Моро хело гарм пешвоз гирифтанд, ба фикрам дар ҳеҷ куҷо намоиши маро ин гуна гарм ва самимӣ пешвоз нагирифта буданд",- қайд намуд вай.

Сатторов дар Тошканд ду диплом ва сертификат ба даст овард. Тарроҳи тоҷикро яке аз беҳтарин тарроҳони ҷавони Ҳафтаи мӯди Тошканд эътироф карданд. Ғайр аз ин ҳакамон ба намоиши Хуршед Сатторовро хело баҳои баланд доданд.

"Дар Тошканд коллесияи наве, ки барои намоиш дар Париж омода намуда будам, пешниҳод кардам. Тамоми либосҳо омехтаи кори дастӣ, технологияи анъанавӣ ва навигариҳои замонавӣ баданд. Ман аз ранг ба таври худ истифода бурда, ороишотҳои нав илова намудам, то ин ки фарҳанги гузашта ва ҳозираи Тоҷикистонро нишон диҳам",- мегӯяд Хуршед.

Тарроҳ бо ифтихор қайд намуд, ки мизоҷон аллакай хоҳиши ба даст оварданги либосҳои дӯхтаи вайро иброз намуданд.

Бейдж Хуршеда Сатторова на Неделе моды в Ташкенте
© Фото: Instagram
Дастовардҳои Хуршед Сатторов аз Ҳафтаи мӯд дар Тошканд

Хуршед Сатторов мехоҳад соли оянда бо кишварҳои арабӣ ҳамкорӣ кунад. Ба ғайр аз ин вай дар Париж ва Рим намоиши либос баргузор мекунад. Дар Фаронса тарроҳ дар дар зодрӯзи Пер Карден баромад мекунад.

"Дар Фаронса фестивали байналмиллалии калон баргузор мешавад, ки марҳилаи аввали он дар тамоми ҷаҳон баргузор шуда, пас аз он беҳтаринҳо ба Фаронса даъват карда мешаванд. Парвина Саидова низ якҷоя бо ман меравад",- нақл кард вай.

Дар бораи нақшаҳои худ дар оянда Сатторов гуфт, ки мехоҳад бо тарроҳои Осиёи Миёна ҳамкорӣ кунад.

"Мо мехоҳем гурӯҳи калонеро ташкил намуда, аз тарроҳони Аврупо пеш гузарем ва ба онҳо рақобат кунем. Дар ин ҳолат беҳтарин тарроҳони Осиёи Марказӣ ба ҳам меоянд ва якҷоя ақидаҳои тоза пешниҳод намуда, коллексияи худро тайёр мекунанд",- мефаҳмонад вай.

Мақсади ташкил намудани ин гурӯҳ ба тамоми ҷаҳон нишон додани фарҳанги бойи ин минтақаъ ба ҳисоб меравад.

Ба фикри вай, эҷодиёти тарроҳони Осиёи Марказӣ хусусиятҳои махсуси худро дорад, ки аз тарроҳии дигар мамлакатҳо фарқияти калон дорад.

"Пеш аз ҳама дар Осиёи Марказӣ дар коллексия хеш  аз кори дастӣ истифода мебаранд. Пас аз ин технологияи дӯхтани либос низ фарқ мекунад. Нақшу нигори қадима дар ҷаҳони муосир навгоние ба вуҷуд меорад. Боқимонда таҳияи либос аз худи тарроҳ вобаста мебошад. Беш аз ин дар Осиёи Марказӣ аз рангҳо ба таври хос иситифода мебаранд",- гуфт Сатторов.

Барчаспҳо:
Ҳафтаи мӯд, Хуршед Сатторов, Ӯзбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ