01:02 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Маросими ҷоизасупории ғолибони олимпиадаи байналмиллилӣ аз фанни забони русӣ. Акс аз бойгонӣ

Камила Шаҳидова: имсол ман ба мақсадам расидам

© Фото: Государственный институт русского языка им. А.С. Пушкина
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
21720

Камила Шаҳидова хонандаи синфи 11-уми мактаби байналмиллалии президентӣ мебошад. Ӯ дар XIV-умин олимпиадаи байналмиллалии фанни забони русӣ ба номи А.С.Пушкин соҳиби шоҳҷоиза гардид. Ин муваффақияти худро Камила маҳсули меҳнати устодони мактаб ва кӯшиши беандозаи худ медонад

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Камила қайд кард, ки имсол ӯ ба ҳадафи гузоштаи худ ноил гашт.

Олимпиада байни хонандагони синфҳои болоии кишварҳои гуногуни ҷаҳон гузаронида шуд. Тоҷикистонро дар ин озмуни бонуфуз шаш хонанда муаррифӣ карданд.

"Ман бовар надоштам, ки имсол соҳиби ҷои аввал мегардам, вале тамоми кӯшишу ғайратамро барои ба мақсад расидан харҷ кардам",-гуфт Камила.

Дар озмун 159 нафар намояндагони 31 кишвари дунё байни ҳам рақобат карданд. Камила бо гирифтани мақоми аввал номи миллати тоҷикро баланд бардошт.

"Мо фахр мекунем, ки Камила номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт",-мегӯяд муовини директори мактаб оид ба корҳои таълимӣ ва роҳбари синфи Камила, Умарова Бибиҷон.

Ба қавли роҳбари синф Камила худ хеле сахткӯш аст. Ӯ соли гузашта низ дар ин озмун ширкат намудааст, вале барои гирифтани ҷои аввал холҳои гирифтааш камӣ кардаанд. Мағлубият ӯро рӯҳафтода накарда, Камила боз имсол бо тайёрии пухта барои фатҳи қуллаҳои балантар камар бастааст.

"Аз як даст садо намебарояд, албатта ин заҳмати ҳам Камила ва ҳам муаллими забони русии ӯ Баҳриддин Ҳасанович мебошад",-мегӯяд роҳбари синф.

"Дар баробари устодон ҳамсинфонам низ маро аз аввал то охири  озмун дастгирӣ карданд, ва ҳамгоми бо ҷоиза баргаштан, маро бо гулдаста пешвоз гирифтанд",-мегӯяд Камила.

В Москве наградили победителей Международной олимпиады по русскому языку
© Фото: из личного архива Камилы Шахидовой
Камила Шаҳидова дар Маскав

Озмун дар шакли дистансионӣ гузаронида шуда, ишитрокчиёни даври финалии олимпиада ба Маскав даъват шуданд. Дар давоми ду рӯз аз 22 то 24-уми ноябр иштирокчиён бояд се шарти дигари озмунро иҷро мекарданд: навиштани эссе, имтиҳони даҳонӣ аз фанни русӣ ва кишваршиносӣ.

Камила мегӯяд, ки шартҳои олимпиада онқадар душвор набуданд ва ӯ аз ӯҳдаи онҳо ба хӯбӣ баромад.

"Аҷибаш ин буд, ки мо натанҳо дар озмун иштирок кардем, балки бо шаҳри Маскав ва фарҳанги халқи рус аз наздик шинос шудем. Шаҳри Маскав ба ман хеле писанд омад. Шаҳри зебо бо маконҳои фарҳангӣ ва биноҳои аҷиб".

Амин Абдураҳимов, акс аз бойгонӣ
© Фото: из личного архива Амина Абдурахимова

Дар баробари ин ман дар озмун дӯстони зиёд пайдо кардам. Бо хонандагони олмонӣ, амрикоӣ, австриягӣ ва ғайраҳо дӯст шудам.

Ғолибони олимпиадаи забони русӣ соҳиби квотаи таҳсил дар макотиби олии Русия шуданд. Камила Шаҳидова низ барои идомаи омӯзиш дар Русия роҳхат гирифт.

"Ман аз гирифтани квота бисёр шодам. Мехоҳам дар оянда, табиб шавам. Мақсад дорам ин касбро дар кишварҳои Аврупо аз худ кунам, вале роҳхат ба Русия бароям чун имконяити иловагӣ боқӣ мемонад",-илова кард Камила.

Бар хилофи баъзе боварҳо, ки озмунҳои байналмиллаӣ бо маблағгузории шахсии хонандагон сурат мегирад, Камила мегӯяд, ки чиптаи парвоз ба Маскавро ҷониби Тоҷикистон ва буду бош дар пойтахти Русия аз ҷониби ташкилкунандагони озмун пардохт шуд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илм шурӯъ аз моҳи январи соли 2016 донишомӯзони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон, Ҳолланд, Гурҷистон, Руминия, Ҳонконг, Амрико, Русия, Ветнам, Шветсария, Эрон ва Индонезия баргузор шуд, иштирок намуда, 127 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 21 тило, 33 нуқра ва 73 биринҷӣ мебошад.

В Москве наградили победителей Международной олимпиады по русскому языку
© Фото: Государственный институт русского языка им. А.С. Пушкина
Иштирокчиёни олимпиадаи байналмиллалӣ

Мавзуъ

Талабаи тоҷик ва соҳиби медали тилло: дар як рӯз 8 соат математика мехондам
Барчаспҳо:
касби табибӣ, Шоҳҷоизаи тоҷикдухтар, ғолибият, мактаби байналмиллаии президентӣ, Камила Шаҳидова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ