19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Лондон, акс аз бойгонӣ

Нависандагони тоҷикро дар Лондон беҳтарин ном доданд

© Sputnik / Екатерина Чеснокова
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Дар Лондон санаҳои 25-28-и ноябр фестивали "Open Eurasian Literature Festival & Book Forum" баргузор гардид. Дар он бори аввал ба муаллифони тоҷик якчанд ҷоизаҳо супорида шуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik.Дар озмуни адабӣ дар Лондон ду нафар нависандаи тоҷик(занон-идора) беҳтарин муаллиф дониста шуданд.

Маросими ҷоизасупорӣ дар чорчӯбаи фестивали "Open Eurasian Literature Festival & Book Forum", ки санаҳои 25-28-уми ноябр баргузор гардид, доир шуд.

Соли 2016 ба озмун 1400 ариза пешниҳод гардид, ки намояндагони 43 кишвари дунёро дарбар мегирифт. Муааллифони тоҷик 15 асарро пешниҳод намуданд, ки аз он 4-тоаш ба давраи ниҳоӣ гузашт.

"Дар чорчӯбаи озмун имсол бори аввал ба муаллифони тоҷик якчанд ҷоизаҳо супорида шуд. Ҳамин тавр, нависанда Шаҳзода Назарова (Тоҷикистон-Нидерландия)барои асари беҳтарини занона лоуреати ҷоизаи ба номи Марзӣ Закирянова ба маблағи 500 ҳзр. доллар гардид. Ҷоиза дар нашри асари ғолиб бо забони англисӣ сарф карда мешавад",- хабар медиҳанд ташкилотчиёни озмун.

Ғайр аз ин, нависанда Гулсифат Шаҳидӣ мувофиқи версияи матбуоти Hertfordshire Press муаллифи сол дониста шуд, ки барои Гулсифат ин ҷоиза аллакай маротибаи дуввум аст.

Дар чорчӯбаи фестивал рӯнамои китоби Гулсифат Шаҳидӣ "The Neighbourhood Sisters" баргузор шуд. Ҳамчунин олими тоҷик Тоир Раҷабов дар чорабинӣ ба иштирокдорон дар бораи муносибати вай ба дарки моҳияти ҳаёти инсон аз нуқтаи назари физика ва математика нақл намуд.

Барчаспҳо:
озмун, ҷоиза, Нависанда, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ