03:26 27 июни 2017
Пахши мустақим
Консерти идона бахшида ба 80-солагии Оқохони 4

“Хушҳолӣ муборак”-дар Маскав бахшида ба мавлуди Оқохони IV консерт баргузор гардид

© Sputnik
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
1248170

Фазои толор гарм буд. Дар саҳна беҳтарин овозхонони Бадахшонзамин ҳунарнамоӣ мекарданд. Нафаре суруд мехонд, нафаре рақс мекард, нафаре аз Ҷалолиддини Румӣ муноҷот қироат менамуд, тамошобинон бошанд баробари ҳунармандон суруд мехонданду мерақсиданд

Дирӯз дар толори консертии "Россия"-и  Маскав бахшида ба 80-умин солгарди пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ консерти бошукӯҳ баргузор гардид. Мардум бо аҳли оила дар толори консертӣ хушнудӣ карда, "Хушҳоли"-ро ба якдигар муборак мегуфтанд.

Ба қавли яке аз ташаббускорони консерт, намояндаи такшилоти "Нур" ва барандаи барномаи консертӣ Асишо Акимбеков номи консерт ба санаи бузург будани ҷашн вобастагӣ дорад. "Ҳар як ҷашни исмоилиёни ҷаҳон ин хушҳолӣ аст. Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, ки номи консертро низ "Хушҳолӣ муборак" гузорем.

Консерт аз ду бахш иборат буд. Қисми ахлоқӣ-маърифатӣ ва бахши фарҳангию бадеӣ. Аввал дар саҳна ҷавонон, ки дар тан либосҳои миллӣ доштанд, намудор гашта, сураи "Нур"-ро бо чор забон (арабӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) қироат намуданд.

"Дар толор  панҷ ҳазор нафар тамошобинон ҷамъ шуд. Дар ташкили консерт бароямон ризокорони ҷамоати тоҷикон дар Маскав бисёр кӯмак карданд",-гуфт Аслишо зимни сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Консерт ҳамчунин тариқи пахши мустақим дар шабакаҳои интернетӣ намоиш дода шуд. Нахустин маротиба дар Маскав гурӯҳи театри драммавии шаҳри Хоруғи ба номи М. Назаров намоишномаи худро таҳти унвони "Даври Орифин" пешкаши тамошобинон гардонид.

Спектакль Даври Орифин в честь 80-летия Ага-Хана IV
© Sputnik
Намоишномаи "Даври Орифин"

Консерт аз ҷониби ташкилоти ҷамиъятӣ ва минтақавии "Нур" бо дастгирии ризокорони ҷамоати шаҳри Маскав баргузор гардид.

Баъди намоишнома дар саҳна 80 нафар тифлакон, ки дар тан либоси зебои миллӣ-куртаи сафед ва тоқии сурх доштанд,намудор гаштанд.

"Мо дар маркази ташкилоти "Нур" барои кӯдакон дар рӯзҳои истироҳат аз фанҳои гуногун дарсҳои иловагӣ доир менамоем. Наздики 500 нафар дар ин даргоҳ аз фани математика, забони англисӣ, русӣ ва ғайраҳо дарс мегиранд. Мо аз байни онҳо тариқи озмун барои хори умумӣ 80 нафарро чун рамзи мавлуди пешвои исмоилиён Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ интихоб кардем",-илова кард Аслишо.

Хушҳолӣ мубороак-баромади 80 нафар кӯдакон дар кон
Хори умумӣ дар иҷрои 80 нафар кӯдакон

Баъди қироати муноҷот ва хори умумӣ, ба волонтёрони фаъоли ҷамоат аз ҷониби раиси ташкилоти "Нур"  ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Концерт в честь 80-летия Ага-Хана IV
© Sputnik
Супоридани ифтихорномаҳо ба ризокорон

Пасон консерт бо иштироки Самандар Пӯлодов, Мадина Ақназарова, Ақназар Аловатов, гурӯҳи "Шамс", гурӯҳи "Зафар", Мутриб Шоискандаров, гурӯҳи рақсии "Нур" ва Далер Назаров оғоз гардид.

"Ҳамаи ҳунармандон махсусан барои иштирок дар консерт аз шаҳри Душанбе ва шаҳри Хоруғ ба Маскав омаданд",-гуфт Аслишо Акимбеков зимни сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

(1:45 / 11.21Mb / просмотров видео: 891)
© Sputnik Нилуфари Никкадам
Консерти бошукӯҳ бахшида ба 80-солагии пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони 4

Бештари мухлисон бо аҳли хонавода ва куллияи дӯстонашон ба тамошои консерти бошукӯҳ омаданд. Сарояндагон сурудҳои навэҷоди худро пешкаши тамошобинон намуданд.

"Ман бо аҳли оилаам ба консерт омадам, зеро чунин фурсатҳо кам мешаванд. Бисёр шодам, ки дар як консерт ман ҳамаи сарояндагони дӯстдоштаи худро дидам. Аз сурудхонии Самандар Пулодов, гурӯҳи "Шамс " ва Далер Назаров ҳаловати хосса бурдам",-мегӯяд Замира, муҳоҷири тоҷик.

Концерт в честь 80-летия Ага-Хана IV
© Sputnik
Тамошобинони консерт

Баробари дар саҳна ҳозир шудани Далер Назаров мардум бо кафкӯбиҳои пурмавҷ  ӯро истиқбол гирифтанд. Ҳама баробари Далер суруд мехонданду мерақсиданд. Маълум буд, ки худи Далер Назаров низ дар саҳна бо як рӯҳияи баланд баромад мекунад.

"Намедонам аз шодӣ чӣ гӯям. Ин дар ҳақиқат "Хушҳолӣ" аст. Як ҳафта мешавад, ки ман дар Маскав ҳастам. Барои нигоҳубини набераҳоям омадам. Тоҷикистонро бисёр ёд кардам. Имрӯз ман худро дар хонаам ҳис кардам. Чеҳраҳои шиносро  дида бисёр хурсанд шудам",-мегӯяд холаи Моҳпайкар, ки ҳамроҳи духтараш ва набераҳояш ба консерт омада буд.

"Ман ҳеҷ гоҳ ин консертро фаромӯш нахоҳам кард. Дар тӯли ду соли таҳсилам дар Маскав бори аввал ман ҳамаи ҳофизони дӯстоштаамро дар ин консерт дидам",-мегӯяд бо шодии тамом донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Маскав, Ситора.

  • Консерти идона бахшида ба 80-солагии Оқохони 4
    Консерти идона бахшида ба 80-солагии Оқохони 4
    © Sputnik
  • Консерти идона бахшида ба 80-солагии Оқохони 4
    Консерти идона бахшида ба 80-солагии Оқохони 4
  • Консерти идона бахшида ба 80-солагии Оқохони 4
    Консерти идона бахшида ба 80-солагии Оқохони 4
    © Sputnik
1 / 3
© Sputnik
Консерти идона бахшида ба 80-солагии Оқохони 4

Баробари садо додани суруди "Ба Лалазор" ҳама аз ҷой бархоста, ба рақс даромаданд, чунин менамуд, ки ин консерт набуда, балки як ҷашни хонаводагӣ аст. Дигар мардум фарқ намегузошт, ки чиптаи онҳо аз кадом қатор аст. Ҳама якдилона таҳти навои марғуби гурӯҳи "Шамс" чарх мезаданду, ба ҳамдигар хушҳолӣ мебахшиданд.

Қаблан вақте, дар саҳифаҳои иҷтимоии интернет эълони консерт чарх мезад, бисёре аз муштариёни ин шабакаҳо суол мегузоштанд, ки чаро барди тоҷик Саши Заифӣ ба консерт даъват нашудааст. Аслишо Акимбеков зимни сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки "мутассифона барномае, ки омода шуд, имкон надод, ки ҳамаи сарояндагони Тоҷикистон ба консерт даъват шаванд, вале мо лоиҳаҳои дигар дорем, ки албатта дигар ҳофизону сарояндагони тоҷикро ҷалб хоҳем кард".

Гарчанде консерт ба охир расида бошад ҳам, мардум намехост аз фазои гарм дур шавад ва ин хушҳолиро тарк кунанд. Дер боз онҳо дар толор ҳамдигарро муборакбод мегуфтанду,аз дидори ҳам хушҳолӣ мекарданд.

"Ба ман консерт аз ҳама ҷиҳат писанд омад. Махсусан намоишномаи "Даври Орифин", ки хеле маънои баланд дорад. Дигар ҳофизон низ хуб суруд хонданд. Беш аз ҳама ба ман сурудҳои гурӯҳи "Шамс" писанд омад",-ибрози андеша кард Шамсия.

Ба гуфти такшилкунандагони барнома ин консерти аввалин ва охирин набуда, онҳо барои ҷашни бузург-соли нави тоҷикон-"Наврӯз" омодагӣ мебинанд.

(2:20 / 14.91Mb / просмотров видео: 180)
© Sputnik
Консерти идона бахшида ба 80-солагии Оқохони 4 дар Маскав
Барчаспҳо:
консерти идона бахшида ба 80-солагии Оқохони 4, ташкилоти "Нур", Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ