КВН Тоҷикистон: Масликов, мо ба озмун меравем

© Фото : Хайрулло МирсаидовДастаи КВН Тоҷикистон дар "Ала-тоо"
Дастаи КВН Тоҷикистон дар Ала-тоо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Директори гурӯҳи мунтахаби КВН Тоҷикистон нақл намуд, ки ӯ ба гурӯҳ барои ғолиб омадан кӯмак мерасонад

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik, Анастасия Лебедева.Ҳафтаи гузашта дастаи КВН Тоҷикистон дар лигаи минтақавии "Ала-тоо" ғолиб гардид.

Озмун дар Бишкек баргузор шуд. Ба ғайр аз Тоҷикистон дар он дастаҳои Қазоқистон ва Қирғизистон низ ширкат меварзиданд. Дар натиҷа ВКН Тоҷикистон ғолиб омад, ҷойи дуввумро дастаи "Позитив"-и Қирғизистон гирифт.

Sputnik Тоҷикистон бо директори гурӯҳ Хайрулло Мирсаидов сӯҳбат намуд ва дар бораи нақшаҳои иштирокчиёни КВН Тоҷикистон пурсон гардид.

"Ин аввлин ғолибияти мо пас аз соли 2001-ум мебошад, ки он вақт гурӯҳи "Бригада-003" чемпиони Осиёи Марказӣ гардида буд.",- нақл мекунад Мирсаидов.

Вай қайд намуд, ки дар тӯли 25-соли истиқлолият дар Тоҷикистон дастаи КВН мавҷуд буд, аммо барои иштирок дар озмунҳои сатҳи байналмиллалӣ ба даста кӯмаки моддӣ расонида намешуд.Ба гуфтаи вай 3 соли охир вазъият дигаргун гардид, мунтахаби Тоҷикистон якчанд маротиба пайиҳам дар лигаи "Ала-тоо" баромад намуд.

Соли 2015 Лигаи ҶТ оид ба КВН дар лигаҳои марказии Маскав ва вилоятҳои назди Маскав баромад кард, то давраи ниҳоӣ расид, аммо ба мунтахаби Сирки давлатии Маскав мағлуб гардид.

Роҳ ба сӯи Сочи

Бояд қайд кард, ки баъд аз ғолибият дар лигаи минтақавӣ "Ала-тоо" дастаи тоҷикон ба хулоса омаданд, ки ҷоизаи худро ба дастаи маҳаллии қирғизон месупоранд ва аз ҳисоби маблағи худ ба Сочи парвоз мекунанд.

"Ҳоло пас аз ғолибият ҳукумат тайёр аст, ки моро дастгирӣ намуда, маблағгузорӣ кунад. Моҳи январ мо ба Фестивали байналмиллалии "КиВиН" меравем. Албатта мо умед дорем, ки дар лигаи телевизионӣ- олӣ мерасем ",- нақл намуд ҳамсӯҳбати мо.

Бачаҳо мехоҳанд, ки ғолиб оянда ва дар бораи таърих ва фарҳанги худ ба воситаи озмун нақл кунанд.

"Масляков, моро интизор шав, мо Худо хаҳад меравем", навиштаанд иштирокчиён пас аз ғолибият.

"Муддати солони истиқлолият мо алоқаи худро гум кардем. Насл ба воя расид, ки дар бораи кишвари мо хело кам маълумот дорад. Онҳо танҳо дар бораи муҳоҷирон медонанд",- мегӯяд Хайрулло Мирсаидов.

Гӯрӯҳи КВН Тоҷикистон умедворанд, ки таҷрибаҳои аз баромадҳои дар вилояти назди Маскав ба даст овардаашон, имконият медиҳад, ки боварии ҳакамонро ба даст оранд.

Ба ақидаи бозингарон мунтахаби Тоҷикистон бо хусусияти шарқиёнаи худ фарқ мекунанд.

"Якчанд дастаҳо ба монанди Қимрғизистон ва Қазоқистон бо мо анъанаҳои якхела доранд, аммо ба ҳар ҳол мо бо онҳо фарқият дорем", мегӯяд вай.

Аз сабаби он, ки кмандаи лигаи олии "Азия MIX"  ва "Спарта" баромади хадро дар КВН ба охир расонидаанд, Тоҷикистонг умед дорад, ки ҷойи онҳоро пур мекунад.

"Ман дар байни дастаҳои қирғиз ва қазоқ дастаеро намебинам, ки онҳоро якбора ба ин гуна мусобиқаҳои ҷиддӣ ворид гарданд", — мегӯяд Мирсаидов ва қайд мекунад, ки гурӯҳ бояд натакорор бошад.

Ҳангоми ба ёд овардани камандаҳои лигаи олии соли гузашта, Мирсаидов гуфт, ки ба вай дастаи "Уральские пельмени"маъқул аст, ки онҳоро иштирокдорони КВН байни худ "авлиёҳои КВН"  ном мебаранд ва онҳо тавонистаанд, ки таркиби гурӯҳи худро нигоҳ доранд ва бо шоу — барномаи хеш дар телевизион баромад кунанд.

Шӯхиҳо дар бораи муҳоҷирон дигар ба ҳама писанд нест

Бозингарони дастаи КВН Тоҷикистон махсус аз мавзӯи муҳоҷирарт истифода намебаранд. "Мо дар бораи ҳаёти оддӣ, сиёсат ва мушкилиҳои иҷтимоӣ шухӣ мекунем, ман намедонам то кай шӯхиҳо дар бораи муҳоҷирон давом меёбад, ин мавзӯъ кайҳо хӯрда шудааст", мегӯяд Мирсаидов.

Дар баромади хеш гурӯҳи тоҷикион мехоҳанд нишон диҳанд, ки Тоҷикистон на танҳо кишварест, ки муҳоҷират мекунанд, балки дар он ҷо дастаи КВН пеш меравад.

Ба ғайр аз раванди интегратсионӣ КВН барои рушди ҷавонон кумак мерасонанд.

Хайрулло Мирсаидов нақл намуд, ки дар Тоҷикистон барои ҷалби ҷавонон ба КВН чорабиниҳло ташкил карда шуда истодааст. Барои ин дар мактабҳо ва донишгоҳҳо озмунҳо ташкил шуданд. Ҳамин тавр имсол дар мактабҳо қариб 200 гурӯҳ иштирок намуданд.

 

 

"Мо ба тайёр намудани кадрҳои нав машғул мебошем. Хело хуб аст, ки дар мактабҳо забони русиро меомӯзанд. Зеро чор дастаи дар давраи ниҳоӣ ишитироккарда бо забони русӣ баромад карда буданд.

Ғайр аз ин шояд аз соли оянда лигаи КВН "Ала-тоо" мақоми байниминтақавиро ба даст орад., ки ба воситаи он аз ин давлат ба он давлати Осиёӯёи Миёна интиқол меёбад. Ҳамин тавр, Тоҷикистон имконият пайдо мекунад, ки дар кишвари худ КВН-ро  баргузор кунад".

Лентаи хабарҳо
0