18:05 16 декабри 2017
Пахши мустақим
Баромади гурӯҳи Шамс. Акс аз бойгонӣ

Гурӯҳи “Шамс”: Аз кӯдакӣ то шӯҳрати ҷаҳонӣ ва нақшаҳои нав

© Страница Нобовара Чанорова в Facebook
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
50090

Гурӯҳи мардони ҳунар, ки Далер Назаров онро “Шамс” номгузорӣ кардааст, ҳадаф дорад, жанри наверо тариқи омехта кардани маддо ва мусиқии муосир пешниҳоди мухлисонаш гардонад.

Нобовар Чиноров, сарояндаи гуруҳи "Шамс" мегӯяд, баъди ҷаҳонгардӣ ва омӯзиши мусиқии кишварҳои гуногун ба хулосае омаданд, ки мусиқии мардуми Бадахшон беҳамтост. Акнун ин гурӯҳ талош дорад, мусиқии замонавӣ, фолклорро дар омезиш бо маддо таҷриба кунад ва маҳсули таҷрибаашонро дар Маскав, дар консерти бахшида ба 80-солагии Оқохони 4 пешниҳоди мухлисон кард.

Sputnik Тоҷикистон дар ҳошияи консерти мазкур бо Иқбол Завқибеков, раҳбари гуруҳи Шамс ва овозхон Нобовар Чиноров сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод, ки мухтасаран аз кӯдакӣ то эҷодиёти имрӯз ва нақшаҳои гурӯҳ дар ояндаро фаро гирифт.

Чиноров сӯҳбатро аз иттиҳоду якдигарфаҳмӣ оғоз карда, изҳор дошт, ки гурӯҳи "Шамс" на фақат дар саҳна, балки дар зиндагӣ низ якҷо аст. Ин гурӯҳ дар саҳнаҳои бузурги ҷаҳон ҳунарнамоӣ мекунаду, дили ҳазорон ҳазорро тасхир кардааст. Тарғибгари мусиқии мардумӣ асту, мехоҳад ҷавононро дар ин рӯҳия тарбия кунад.

Дар сӯҳбат  ҳунармандон  иброз доштанд, ки муҳимаш ҳамдигарфаҳмӣ ва бо ҳам будан аст. "Мо ҳамдигарро хеле хуб ҳис мекунем ва  чун аъзои як оила ҳастем",-мегӯяд овозхони ин гурӯҳ Нобовар Чиноров.

Таърихи пайдоиши гурӯҳи "Шамс"

Гурӯҳи "Шамс" ҳанӯз даҳсолаҳои пеш ташкил шуд.  Решаи пайдоиши он ба соли 1974 рост меояд, замоне, ки  Далер Назаров, Иқбол Завқибеков ва Тоҳир Паллаев сурудҳои чун "Турки Шерозӣ", "Сузи маро" ва ғайраҳоро эҷод ва пешкаши мухлисон карда буданд.  Асосгузорони асосии гурӯҳ сароянда, компазитор ва ҳунарманди машҳур Далер Назаров ва Иқбол Завқибеков мебошанд. Дар гурӯҳ ҳунармандоне ба ҳам омаданд, ки аз ҷиҳати ҳиссиёти мусиқӣ, андеша ва мақсад ба ҳам наздик буданд.

Соли 1997 ин гурӯҳ аз Алмаато ба Тоҷикистон кӯчид ва дар кишвар зуд шӯҳрат пайдо кард. "Сурудҳои аввалинро мо солҳои 1997-ум сароида будем. Ин сурудҳое чун  Гули Лола ва Нигоро буданд",-мегӯяд овозхони гурӯҳи "Шамс" Нобовар Чиноров.

Гурӯҳи "Шамс" бештари матни сурудҳояшро аз ашоъри бузургон- Ҷалолиддини Румӣ, Ҳофиз, Рудакӣ  ва Ҳилолӣ мегирад.

Номи гурӯҳ аз ҷониби маэстро, Далер Назаров гузошта шудааст. Маънои калимаи "Шамс" офтоб аст. Офтобе, ки нур ва гармӣ дорад. Офтобе, ки гоҳо месӯзонаду гоҳо худро паси абрҳои боронӣ паноҳ мекунад. "Номи гурӯҳи "Шамс" фикри Далер Назаров буд",-мегӯяд Нобовар Чиноров.

"Мо мехоҳем ҳамранги номамон чун офтоб барои мардум гармӣ бахшем. Мақсад дорем, ки сурудҳои мо ба дили мардум роҳ ёбанд. Албатта мешаванд лаҳзаҳое, ки мо баъди консертҳои бузург хастагӣ ҳис мекунем, вале боз ҳам хастагиамонро тавассути навои мусиқӣ мебарорем",-иброз дошт Нобовар Чиноров.

Концерт в честь 80-летия Ага-Хана IV
© Sputnik
Нобовар Чиноров дар консерти бахшида ба 80-солагии пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ

 Мақсади ҳама як аст

Ҳунармандони ин гурӯҳ талош доранд, ки дар баробари истифодаи  асбобҳои замонавӣ тамоми нозукиҳои мусиқии мардумиро, ки замонҳои пеш танҳо тавассути  дутору сутор, дафу рубоб навохта мешуд, нигоҳ доранд.

Айни замон гурӯҳи "Шамс" мақсад дорад омезиши мусиқии замонавиро бо маддо таҷриба карда пешкаши мардум гардонад.

Чунин омезиш аллакай дар ду барномаи консертӣ: 80-солагии пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ ва Шоми фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав пешкаши мухлисон шуд.  Гурӯҳи "Шамс" дар якҷоягӣ бо овозхони машҳури Тоҷикистон Акназар Аловатов ва Самандар Пӯлодов оҳангро пешкаши тамошобинон гардонид.

"Ҳамаи мо табиатан мусиқиро бисёр дӯст медорем. Аз садои дафу тору, чанду пуд  ҳаловат мебарем. Ва мақсади мо як аст. Мусиқии мардумиро, бо тозагиаш нигоҳ доштану дили мухлисонро шод кардан",-мегӯяд Нобовар Чиноров.

© Sputnik Нилуфари Никкадам
Консерт бахшида ба 80-солагии Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ

Фазои ягона

Имрӯз  дар гурӯҳи "Шамс"  ҳафт марди ҳунар ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳар яки онҳо аз ӯҳдаи навохтани ҳамаи асбобҳои миллӣ ба хубӣ мебароянд. "Дар кӯдакӣ ман таҳти навозиши танбуру дутору сетори падарам бедор мешудем. Маро фазои мусиқӣ фаро гирифта буд",-ёдовар мешавад роҳбари гурӯҳи "Шамс" Иқбол Завқибеков аз хотираҳои кӯдакӣ.

Ба қавли ӯ замоне, ки андак ба воя расида буд, ба  падараш ҳунарманди машҳури Тоҷикистон Гурминҷ Завқибеков саволҳои зиёд медод. Тарзи навохтани ин ё он асбобро пурсон мешуд ва ҳамеша ба ҳамаи саволҳои кунҷковонаи худ аз падар ҷавоб мегирифт.

"Ман ҳамаи асбобҳои мусиқиро дӯст медорам, вале аз ҳама беш ба сетор дил бастаам",-гуфт Иқбол.

"Падарам танбур менавохт. Амакам ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муродбек Рамазонов-ҳамеша бо мусиқӣ буд. Дар хонаамон ҳунармандон аз қабили Одина Ҳошим, Сафарбегим Тошхуҷаева ва ғайраҳо ҷамъ мешуданд. Фазои мусиқӣ маро лаҳзае тарк намекард",-ба ёд меорад Нобовар.

Чиноров мегӯяд, ки ҳар як асбоби мусиқӣ нолаи худро дорад: "Асбобҳо нотакроранд. Яке ҷои дигареро гирифта наметавонад. Ба ман ҳамаи асбобҳо писанданд. Вале ҷуршавии рубобу танбур маззаи дигар аст".

Ҷустуҷӯ ва дарёфт

Гурӯҳи "Шамс" асосан омезиши мусиқии мардумиро бо замонавӣ таҷриба мекунад. Онҳо бо истифода аз асбобҳои замонавӣ мақсад доранд тозагии мусиқии мардумиро нигоҳ дошта, ба насли оянда фарҳанги бойи тоҷиконро мерос гузоранд.

"Мо дар кишварҳои гуногуни олам ҳунарнамоӣ кардем. Мусиқии дигар кишварҳоро дидем, омӯхтем. Жанрҳои навро ҷустуҷӯ карем. Ва баъди ҷаҳонгардӣ ба хулоса омадем, ки мусиқии мардуми Бадахшон беҳамто аст",-гуфт Нобовар.

"Ин мисоли он ки агар дар деҳае дар Помир зиндагӣ кунию зебогии кӯҳҳоро ҳис накунӣ. Чун дуртар рафтӣ  ва онҳоро бо ҳашамати кулл мушоҳида кардӣ, пас зебогии онҳоро дарк мекунӣ. Мо низ ин зебогиро дар мусиқии мардумӣ дарёфтем",-илова кард Нобовар Чиноров.

Муваффақият

Дар Тоҷикистон гурӯҳи "Шамс" баъди иштирок дар ҷашнвораи  "Суруди сол", ки солҳои қабл дар кишвар як фестивали бошукӯҳро мемонд,  шӯҳрат пайдо кард. Баъди ин озмун сурурдҳои гурӯҳи "Шамс" вирди забони мардум гаштанд. Ин гурӯҳ дар саҳнаҳои бузургтарини ҷаҳонӣ баромад мекунад. Баъди эҷоди суруди "Ба Лалазор" ва суруди муштарак бо Шабнами Сурайё  "Аз та дил дилак кинум" шӯҳрати ин гурӯҳ дучанд шуд.

"Баъди иштирок дар фестивали "Суруди сол" моро дар Тоҷикистон хуб шинохтанд",-мегӯяд Нобовар Чиноров.

Чанде қабл дар Маскав консерти бошукӯҳ бахшида ба 80-солагии пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ баргузор гардид. Гурӯҳи "Шамс" ҳаводорони худро дар ин консерт бо суруди нав "Духтари тоҷик" ва  "Ба Лалазор" шод намуд. Вале ба қавли ҳунармандон дар дигар шаҳрҳои Русия консерт дар нақша нест.

"Ин дафъа мо танҳо ба хотири ҷашни бузург 80-солагии Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ ба Маскав омадем. Ва дар дигар шаҳрҳои Русия барномомаи консертиро ба нақша нагирифтаем. Вале чанде қабл мо дар Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург консерт гузаронида будем",-мегӯяд роҳбари гурӯҳ Иқбол Завқибеков.

Иқбол Завқибеков аз огоҳии фарҳангии насли навраси тоҷик, ки дар Русия ба воя расидааст, изҳори хушҳолӣ мекунад.

Ба қавли ӯ насли ҷавоне, ки дар Русия ба воя расидааст, аз фарҳанги худ бохабар аст. "Ман мушоҳида кардам, насле, ки дар Русия ба воя расид, сурудҳо, анъана, урфу одат ва  фарҳанги  худро медонад. Ин боиси хурсандӣ аст. Онҳо аз асли худ дур нашудаанд",-мегӯяд бо шодӣ Иқбол.

"Ба Лалазор"

Аксари сурудҳои гурӯҳи "Шамс" вирди забони хурду бузурги Тоҷикистон шудаанд. "Ба Лалазор" суруди мардумӣ буда, бо обу тоби  тоза аз ҷониби гурӯҳи "Шамс" бо муваффаққияти бузург сароида шуд. Нобовар Чиноров фикри сароидани  сурудро ба овозхонии падараш рабт медиҳад.

 

"Ёд дорам, ин сурудро падарам месароид. Ин навъи суруди маъмули "Даф-соз" дар Бадахшон аст. Мо каме онро тағйир додему бо сабки пешина сароидем. Суруд бо лаҳзаҳои ист, иҷро мешавад. Ман ин сурудро аз падарам маҳз бо ҳамин гӯиш дар ёд дорам",-мегӯяд Нобовар Чиноров.

Ба қавли ӯ падараш ин сурудро маҳз бо ҳамон шакле, ки гурӯҳи "Шамс" онро сурудааст иҷро мекард.

Мактаби гурӯҳи "Шамс"

Дар гурӯҳи "Шамс" ҳафт ҳунарманд ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳамаи онҳо ба хубӣ аз ӯҳдаи навохтани  асбобҳои миллӣ мебароянд. Дар сурати ташкили мактаби хоси гурӯҳи "Шамс" низ шакке нест.

"Мо мактаб дорем.  Ин мактаб дар осорхонаи мусиқии ба номи Гурминҷ Завқибеков ҷойгир аст. Асосан мо ин марказро дар аввал чун макони омодагӣ ба консерт ва сипас чун як анъанаи ҷамъшавӣ истифода мекардем. Ва ҳамин тавр дар он ҷо тадриҷан ҷавонон низ бо мо ҳамроҳ шуданд. Нафарони зиёде ҳастанд, ки назди мо меоянд, дар студияи гурӯҳи "Шамс" ва дар осорхонаи ба номи  Гурминҷ Завқибеков ба  навохтан ва сурудхонӣ машғул мешаванд. Мактаби гурӯҳи "Шамс" аллакай ҳаст",-мегӯяд бо табассум Нобовар Чиноров.

Мероси падар хоҳӣ…

Аксари аъзоёни гурӯҳи "Шамс" худ дар муҳити мусиқӣ ба воя расидаанд. Падари Нобовар Чиноров, амакаш, модараш аз нафароне буданд, ки мусиқиро дӯст медоштанду арҷ мегузоштанд.

Падари Иқбол Зақибеков-Гурминҷ Завқибеков натанҳо санъатро дӯст медошту санъаткор буд. Ӯ  барои рушди санъати тоҷик барои нигоҳдории фарҳанг ва расму русуми миллӣ хизматҳои шоён кардааст. Ва ҳамчунин дигар аъзоёни гурӯҳ низ дар фазои мусиқӣ ба воя расидаанд.

Нобовар Чиноров мегӯяд, ки писари калонии ӯ Руслан низ ба мусиқӣ шавқ дорад. Гиторро хуб менавозад ва ҳоло дар ҷустуҷӯ ҳаст.

"Руслан  дар ҷустуҷӯ ҳаст. Ӯ ҳам мусиқии Ғарб ва ҳам Шарқро гӯш мекунад. Вале чуноне ман мушоҳида мекунам, ӯ таъсири мусиқии мардумӣ, фолклоррро дарк мекунад. Ӯ мефаҳмад, ки мусиқии мардумӣ ҳам бузург асту ҳам ба мардум таъсири баланд дорад. Фикр мекунам дар охир ба ҳамин роҳ меояд",-хулоса кард Нобовар.

Мавзуъ

Хушию хафагиҳои Саши Заифӣ дар Маскав: ҷои тоҷикон Тоҷикистон аст
Шабнами Сурайё: мехоҳам бо Алла Пугачева суруд хонам
Барчаспҳо:
омезиши муосир, маддо, сурудҳои нав, консерт, Гурминҷ Завқибеков, Иқбол Завқибеков, Нобовар Чиноров, Тоҷикистон, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ