17:04 21 ноябри 2017
Пахши мустақим
Намоиши филми Мушкилкушо дар Маскав. Акс аз бойгонӣ

“Қиссаи ишқи пок”: намоиши “Мушкилкушо” тамошобинони Маскавро ба ваҷд овард

© Sputnik Нилуфари Никкадам
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
83361

Аз тамошои филми “Мушкилкушо” тамошобинон гоҳо шод мешуданду гоҳо ашк гулӯгирашон мекард. Бо дидани ҳар як эпизод ҳар кас зиндагии худро пеши назар меовард

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дирӯз дар доираи фестивали байналмиллалии филмҳои миллӣ дар кинотеатри "Иллюзион"-и Маскав намоиши филми коргардони тоҷик Умедшо Мирзоширинов-"Мушкилкушо" баргузор гардид.

Филми "Мушкилкушо" аз як тараф  намоишгари урфу одот, расму русум, ва забонҳои гуногуни мардуми Бадахшон  бошад, аз ҷониби дигар тарғибгари ишқу муҳаббати поки инсонӣ аст.

"Ман мақсад доштам, бузургии ишқи покро нишон диҳам. Дар ҳақиқат ишқи ҳақиқӣ сарҳад надорад. Барои ишқи пок миллат, дин, забон  набояд монеа шавад",-изҳор дошт коргардони филм Умедшо Мирзоширинов зимни сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Духтараки зебое, бар асари бӯҳрони иқтисодӣ ва набудани ҷои кор аз Бадахшон озими Русия мешавад. Дар Русия  писари рус, ки дар коллеҷи мусиқӣ мехонаду дар вақтҳои холӣ дар кӯчаҳои шаҳри Маскав виолончелли менавозад, ногаҳон Моҳруро  дар қаҳвахонае, дар ҷои кораш дида, ошиқ мешавад.

Ба гуфти коргардони филм саргузашти Моҳрӯ ба зиндагии ҳақиқии қаҳрамони асосии филм Ирана Нуроншоева ягон ҳамбастагӣ надорад. "Ирана дар филм танҳо нақш офарид. Ӯ дар зиндагии ҳақиқиаш чунин зиндагиро аз сар нагузаронидааст",-гуфт Умедшо.

Кадр из фильма режиссера Умедшо Мирзоширинова, архивное фото
© Фото: из личного архива Умедшо Мирзоширинова
Навор аз филми "Мушкилкушо"

Хешовандони духтар зидди муносибати поки Моҳрӯ бо писари рус мешаванд. Ва ӯ маҷбур мешавад, аз хонаи хешу табор баромада равад. Ошиқон дар шаҳри Маскав саргардон мешаванд. Дар хонаи писари рус низ модараш онҳоро хуш намепазирад ва онҳо аз як хона ба хонаи дигар мераванд. Ҳамин тавр рӯзе, фоҷиа ба вуқӯъ мепайвандад. Писар зери чархи мошин мемонаду вафот мекунад.

Моҳрӯ маҷбур мешавад ба ватан баргардад.

"Ин очерк нест, ки онро эҷод карда бошанд, ин ҳақиқати зиндагӣ аст. Ин мушкилоти муҳоҷирон аст. Он мушкилоте, ки мо  ҳар рӯз мушоҳида мекунем. Филме, ки ҳақиқат дорад, албатта  ба дили мардум роҳ меёбад",-гуфт қаҳрамони филми ҳуҷҷатии "Суруди Абдул"-Абдумамад Бекмамадов.

© Sputnik Нилуфари Никкадам
Дар Маскав намоиши филми коргардони тоҷик Умедшо Мирзоширинов-"Мушкилкушо" баргузор гардид

Баъд дар Бадахшон барои Моҳрӯ мушкилкушо мекунанд, то фарзандашро ба хубӣ таваллуд кунад. Дар филм  расму русуми мардуми Бадахшон бо тамоми нозукиҳояш нишон дода шудааст: тӯй дар деҳаи Шуджанд бо иштироки ҳунарманди машҳури Тоҷикистон Мусаввар Минаков,  (айни ҳол дар қайди ҳаёт нест), тарзи дафни мурда, ки низ расми худро дорад, нишод дода шудааст.

"Ман чунин бойгарии фарҳангиро бори аввал мебинам. Ман имрӯз баъди тамошои филм барои худ дунёи навро кашф кардам. Дар ҳақиқат дар филм дар бораи расму оин бисёр фаҳмо нишон дода шудааст",-гуфт қаҳрамони филми "Заика", ки истеҳсоли синамогарони Қирғизистон аст.

Дар филми "Мушкилкушо"  Ирана Нуроншоева, Александр Мичков, Самад Мансуров, Алиакбар Одинамамадов, Ҷонбоз Душанбиев, Мусаввар Минаков ва ғайраҳо нақш офаридаанд.

  • Умедшо Мирзоширинов ва Самад Мансуров баъди намоиши филми Мушкилкушо
    Умедшо Мирзоширинов ва Самад Мансуров баъди намоиши филми "Мушкилкушо"
    © Sputnik Нилуфари Никкадам
  • Тамошобинони филми Мушкилкушо дар Маскав
    Тамошобинони филми "Мушкилкушо" дар Маскав
    © Sputnik Нилуфари Никкадам
  • Намоиши филми Мушкилкушо дар Маскав
    Намоиши филми "Мушкилкушо" дар Маскав
    © Sputnik Нилуфари Никкадам
1 / 3
© Sputnik Нилуфари Никкадам
Умедшо Мирзоширинов ва Самад Мансуров баъди намоиши филми "Мушкилкушо"

"Барои ман нақш офаридан дар филми "Мушкилкушо" ҳаловати хосса буд",-гуфт Самад Мансуров ҳунарпешаи машҳури кино ва театри Тоҷикистону Русия баъди намоиши филм ба Sputnik Тоҷикистон.

Аз тамошои филми "Мушкилкушо" тамошобинон гоҳо шод мешуданду, гоҳо ашк гулӯгирашон мекард. Бо дидани ҳар як эпизод ҳар кас зиндагии худро пеши назар меовард.

"Ман шавҳарамро чунин ёд дорам. Дар рӯзи тӯямон ӯ бо либоси сафед болои асп чуноне, ки дар филм нишон дода шуд, ба хонаи мо омада буд. Рӯзи тӯям ба ёд расид",-гуфт зане, ки аз изҳори номаш худдорӣ кард.

Ба гуфти Умедшо Мирзоширинов намоиши филми "Мушкилкушо"  дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Екатеринбург низ дар назар аст.

Соли 2016 дар умум барои коргардони тоҷик-Умедшо Мирзоширинов соли бобарор буд. Ӯ филми деринтизори худро, ки солҳои тӯлонӣ болои он кор мекард ба итмом расонида, пешкаши тамошобинон намуд. Ин филм дар фестивали байналмиллалии "Дидор", ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, филми беҳтарини тоҷикӣ дониста шуд.

Айни замон Умедшо Мирзоширинов ба сабти филми ҷадид таҳти унвони "Пӯнд" (Роҳ) машғул аст.

Мавзуъ

Филми коргардони тоҷик номзади ҷоизаи филмҳои мусулмонӣ дар Қазон
Дар Душанбе филми “12 соли интизорӣ” намоиш дода мешавад
Филми коргардони тоҷик номзади намоишномаи беҳтарин дар Осиёи Миёна
Барчаспҳо:
ишқи пок, кор, намоиши филми "Мушкилкушо", расму русум, мушкилӣ, муҳоҷират, Форуми филмҳои миллӣ, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ