03:28 01 майи 2017
Пахши мустақим
Бобоҷони Амонулллоҳ, акс аз бойгонӣ

Бобоҷони Амонуллоҳ: ба хотири муҳоҷирон ба Русия омадам

© Фото: страница Амонулло Бободжони в Facebook
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
43050

Дар арафаи Соли нав яке аз ҳунармандони ҷавони саршиноси тоҷик, корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷони Амонуллоҳ ба Русия ташриф овард

Ҳанарманд бо барномаи "Соли нави муҳоҷир" қариб дар тамоми шаҳрҳои Русия — Маскав, Екатеринбург, Якутия, Навосибирск, Барноул, Қазон ва Уфа ва дигар шаҳрҳо, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд, баромад намуд.

"Аз дидори муҳоҷирони тоҷик хело хурсанд шудам. Муҳоҷирон аз гуш кардани сурудҳои ман гоҳо гиря мекарданд, гоҳи ханда", — гуфт ҳунарманд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи овозхон вай махсус ба хотири муҳоҷирони тоҷик дар Русия барномаи консертии худро ташкил намудааст.

"Ман қариб дар тамоми шаҳрҳо тоҷиконро якхела дарёфтам. Ҳамаи онҳо  ташнагони фарҳанги миллианд ва пазмони сурудҳои тоҷикӣ",- мегӯяд вай.

Ба ақидаи Бобоҷон бояд тоҷикон дар куҷое набошад аз асли худ дур намонанд ва бо ёди ватан бошанд. "Ман махсус суруди "Ватан"-ро дар консертҳоям замзама намудам, то муҳоҷирон аз Тоҷикистон ёд кунанд",- гуфт вай.

Амонулло Бободжони, архивное фото
© Фото: страница Амонулло Бободжони в Facebook
Амонулло Бободжони, архивное фото

Ба гуфтаи ҳанарманди ҷавон вай қариб 17 сол мешавад, ки дар рӯйи саҳна аст ва ҳанӯз аз овони кӯдакӣ суруд мехонд.

"Аввалин суруде, ки ман хонда будам шеъри он ба қалами устод Рӯдакӣ "Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ" тааллуқ дошт ва аз таъсири он худи устод Ҷӯрабек Муродов ашк рехта буданд",- ба ёд меоварад вай.

Ҳунарманди ҷавон бо хондани сурудҳои классикӣ дар Тоҷикистон шинохта шудааст, мегуяд ба эстрада ҳам шавқ дорад ва ҳар чизе, ки маъно дорад, барояш писанд аст.

Овозхон  мегӯяд, мехоҳад дар роҳи санъат ба устодонаш Афзалшоҳи Шодӣ ва Ҷӯрабек Муродов тақлид кунад.  Аз ҳунармандони Шрақ  бо услуби  Самӣ Юсуф Тукия Иброҳим Татлисис ва Озодбек Назарбеков  суруд хондан мехоҳад ва дӯсташон медорад.

Барчаспҳо:
суруд, фарҳанг, муҳоҷирон, Бобоҷони Амонуллоҳ, Тоҷикистон- Русия

Мавзӯъҳои асосӣ