00:52 21 октябри 2017
Пахши мустақим
Манижа Сангин щангоми суруд хондан

Сарояндаи тоҷик дар Русия: машҳуртарин шахси Петербург ва чеҳраи рӯзнома

© Фото: Аз саҳифаи фейсбуки Манижа
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
289493

Манижа Сангин-сарояндаи тоҷик, ки дар Русия ба воя расидаасту айни ҳол бо клипҳои ғайриоддии худ дар шабакаи Instagram беш аз 200 ҳазор ҳамванд дорад, чеҳраи рӯзномаи Собака.ру интихоб шудааст

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тамошобинони тоҷик  Манижа Сангинро бо намоҳанги "Пренебрегаю", ки солҳои қаблӣ дар шабакаҳои телевизионии давлатӣ чарх мезад хуб мешиносанд.

Чанде қабл акси Манижа дар саҳифаи аввали рӯзномаи Собака.ру гузошта шуда, ӯ ҳамчунин номзади  "Топ 50 шахсони машҳуртарини Петербург" эътироф шудааст.

Манижа Мангин дар рӯи рӯзномаи Собака. ру
Манижа Сангин чеҳраи рӯзномаи Собака.ру
Имрӯзҳо ин сарояндаи ҷавони тоҷик дар шоу-бизнеси ҷаҳонӣ мақоми худро пайдо кардааст. Ӯ студияи шахсӣ, таҳти унвони Манижа кушода, бо сафарҳои ҳунарӣ дар кишварҳои хориҷ ҳунарнамоӣ мекунад.

 

 

Манижаро аз дигар сарояндагони муосири ҷаҳонӣ истифодаи декоратсияи ғайриоддӣ дар клипҳои 15 сониягӣ ва  матнҳои ҷолиб фарқ мекунонанд.

Оилаи Сангин баъди шурӯъ шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон замоне, ки Манижа ҳамагӣ ду сол дошт аз шаҳри Душанбе ба Маскав мекӯчад.

 

Манижа донишгоҳро бо ихтисоси равоншинос хатм кардааст.

Айни ҳол ӯ бо сафарҳои ҳунарӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад.

Албоми аввалини худро Манижа таҳти унвони Manuskript омода кардааст, ки аз 17-уми феврал дастраси ҳаводоронаш мешавад.

Дар шоу-бизнеси Русия Манижаро чун машҳуртарин овозхон дар шабакаи Instagram мешиносанд.

 

Борис Барабанов яке аз коршиносони соҳаи мусиқии Русия Манижаро ба рӯйхати овозхононе, ки дар соли 2017 таваҷҷӯҳи бештари тамошобинонро ба худ ҷалб менамоянд, дохил кардааст.

"Манижа духтарест, ки ман аз Андрей Самсонов дар борааш шунида будам. Солҳои охир ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол шуда, Инстаграмро барои паҳн намудани клипҳои худ фаъолона истифода мебарад",-мегӯяд коршинос.

Айни ҳол Манижа Сангин  бо сафарҳои ҳунарӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад.

Мавзуъ

Нигина Амонқулова сарояндаи маҳбубтарини сол эълон шуд
Шабнами Сурайё: мехоҳам бо Алла Пугачева суруд хонам
Шабнами Сурайё тамоми Русияро "ба по" хезонд
Барчаспҳо:
Манижа Сангин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ