19:56 17 октябри 2017
Пахши мустақим
Оши палови донишҷӯёни тоҷик дар форуми Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Маскав

Оши палав ва рақси тоҷикӣ: муаррифии Тоҷикистон дар Маскав

© Фото: Sputnik. Нилуфари Некқадам
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
23261

Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, Тоҷикистонро бо оши палов ва рақси шӯрангези тоҷикӣ дар ҳамоиши байнулмилалии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳай муаррифӣ карданд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Имрӯз дар фарҳангсарои Донишгоҳи давлатии Ломоносови Маскав (МГУ) ҳамоиши "Ҳафтаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар МГУ" ба кори худ оғоз кард.

Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши устодони донишгоҳ ва дигар намояндагони баландпоя аз ҷумла нахустин раисҷумҳури Қирғизистон Аскар Оқоев ширкат ва суханронӣ карданд.

Аксар Оқоев Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро яке аз муҳимтарин созмонҳо дар ҷаҳон номиду аз торихи он ёдовар шуд ва гуфт, ки танҳо ин созмон қодир аст дар саросари ҷаҳон сулҳу оромиро бар по дорад ва ҳатто вазъи Афғонистонро беҳбуд кунад.

"Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой қодир аст, мушкилоти ҷаҳонро ҳалл кунад",- гуфт Аскар Оқоев.

Аскар Акаев аввалин президенти Қирғизистон зимни суханронӣ дар форуми кишварҳои аъзои СҲШ
© Фото: Sputnik. Нилуфари Некқадам
Аскар Акаев аввалин президенти Қирғизистон зимни суханронӣ дар форуми кишварҳои аъзои СҲШ

Дар ҳамоиш асосан намояндагони ҷавони кишварҳои узви СҲШ ширкат карданд. Беш аз 150 донишҷӯ аз Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Чин, Ҳиндустон, Русия ва дигар кишварҳо дар чорчӯби ин барнома бо фарҳангу хӯрокҳои миллии кишварҳои якдигар шинос шуданд.

Форум се рӯз аз 17 то 19 апрел идома хоҳад ёфт ва дар ин муддат донишҷӯён ҳамдигарро бо фарҳанг, хӯрокҳои миллӣ ва расму ойинҳои кишварҳои худ ошно мекунанд.

  • Муаррифии Тоҷикистон дар форуми Сомони Ҳамкориҳои Шанхай дар Маскав
    Муаррифии Тоҷикистон дар форуми Сомони Ҳамкориҳои Шанхай дар Маскав
    © Фото: Sputnik. Нилуфари Некқадам
  • Форуми ҷавонони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Маскав
    Форуми ҷавонони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Маскав
    © Фото: Sputnik. Нилуфари Некқадам
  • Иштирокчиёни форуми Созмони Ҳамкориҳои шанхай дар донишгоҳи давлатии Маскави ба номи М.В. Ломоносов.
    Иштирокчиёни форуми Созмони Ҳамкориҳои шанхай дар донишгоҳи давлатии Маскави ба номи М.В. Ломоносов.
    © Фото: Sputnik. Нилуфари Некқадам
  • Ҳафтаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар МГУ
    Ҳафтаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар МГУ
    © Фото: Sputnik. Нилуфари Неккадам
  • Донишҷӯёни тоҷик дар форуми ҳафтаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар МГУ
    Донишҷӯёни тоҷик дар форуми ҳафтаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар МГУ
    © Фото: Sputnik. Нилуфари Неккадам
1 / 5
© Фото: Sputnik. Нилуфари Некқадам
Муаррифии Тоҷикистон дар форуми Сомони Ҳамкориҳои Шанхай дар Маскав

Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши байнулмилалӣ се донишҷӯ — Фарҳод Ҷонмаҳмадзода, раҳбари гурӯҳи рақсии "Гулчин" ва донишҷӯи бахши магистратураи донишгоҳи шаҳри Маскав, Латифов Аскар, донишҷӯи соли чаҳоруми Донишгоҳи техникии давлатии шаҳри Брянск ва Бахтовари Диловар, донишҷӯи соли дувуми  бахши магистартураи Донишгоҳи давлатии шаҳри Брянск муаррифӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввали ҳамоиш пас аз ифтитоҳи расмӣ, намоиши хӯрокҳои миллӣ ва барномаи консертӣ баргузор шуд.

Мизи Тоҷикистонро донишҷӯёни тоҷик бо хӯрокҳои миллӣ оро дода буданд.

"Дишаб мо хоб накардем. Аз субҳ зуд машғул ба пухтани оши палав шудем. Кулча ва пирошкиҳоро низ худамон пухтем", — гуфт Фарҳод дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Муаррифии тамоҳои миллӣ дар Маскав
© Фото: Sputnik. Нилуфари Некқадам
Муаррифии тамоҳои миллӣ дар Маскав

Бори дувум мешавад, ки Фарҳод дар ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Маскав ширкат мекунад.

"Соли гузашта ман худам танҳо Тоҷикистонро муаррифӣ карда будам. Имсол дигар донишҷӯёни тоҷик низ дар ҳамоиш ширкат мекунанд".

© Sputnik
Таджикские студенты представили Таджикистан на недели ШОС В МГУ

Бахтовар ва Аскар барои ширкат дар ҳамоиш ва муаррифии Тоҷикистон дар Маскав аз шаҳри Брянск омадаанд. Онҳо фардо дар назди ҳамомадагон суханронӣ хоҳанд кард. Ин донишҷӯёни тоҷик орзӯ доранд, таҳсилро дар Русия бо мувафаққият ба поён расонда ба Тоҷикистон баргарданд ва ба мардуму кишвари худ хидмат кунанд.

"Ман ҳамроҳи Аскар аз шаҳри Брянск барои ширкат дар Ҳафтаи СҲШ дар донишгоҳи давлатии Маскав омадем. Барои мо муаррифии кишварамон дар ин кишвар, ки мо ин ҷо таҳсил мекунем, боиси ифтихор аст. Мо бояд бо кирдори худ, бо рафтори худ фарҳанги куҳанбунёди тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем".

Бахтовар ва Аскар донишҷӯёни тоҷик дар форуми Созмони Ҳамкориҳои Шанхай
© Фото: Sputnik. Нилуфари Некқадам
Бахтовар ва Аскар донишҷӯёни тоҷик дар форуми Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

Мавзӯъҳои асосӣ