15:12 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
США Флорида, Калонов Фарҳод, Синема Профи Сергей Тен

“Мо - тоҷикем”: моторсаворони тоҷик пас аз Урупо сайри Амрико мекунанд

Facebook
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
19021

Моторсаворони тоҷик сафари худро аз каронаҳои уқёнуси Атлантик оғоз карда, ният доранд то канораҳои уқёнуси Ором бирасанд.Онҳо мехоҳанд дар роҳи сафар амрикоиҳоро бо Тоҷикистон ошно кунанд

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар Амрико  барномаеро таҳти унвони "Мо тоҷикем" ба роҳ монда тавассути моторсаворӣ ва гардишгарӣ мехоҳанд амрикоиҳоро бо Тоҷикистон шинос намоянд.

Моторсаворон 8 май ба Майами расиданд ва гардишгарии худро аз 10 май оғоз карданд. Ин барномаи ҷаҳонгардии онҳо ба 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёисӣ миёни Тоҷикистону Амрико бахшида шудааст.

"Кулли сафар 31 рӯзро дар бар мегирад. Роҳ аз як уқёнус то уқёнуси дигар идома мекунад", — гуфт масъули барнома Фарҳод Калонов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Интизор меравад, ки моторсаворон 13 июн ба мақсади муқарраршуда расанд. Дар тули ин муддат 6 моторсавор бо се мотосикл 10 ҳазор килуметрро тай карда аз 20 иёлати Амрико гузар хоҳанд кард. Дар ин сафар моторсаворонро як худрави дигар ҳамроҳӣ мекунад.

Моторсаворони тоҷик аз каронаҳои уқёнуси Атлантик то канораҳои уқёнуси Оромро аз яке аз қадимтарин роҳҳои Амрико — ROUTE 66, ки "Модари роҳҳои Амрико" хонда мешавад, хоҳанд гузашт.

Онҳо аз шаҳрҳои Ню-Йорк, Вашингтон, Детройт, Чикаго, Денвер, Лас-Вегас ва Лос-Анджелес гузар хоҳанд кард. Моторсаворон ният доранд дар ҳар як шаҳри Амрико парчами Тоҷикистонро ба мардум тақсим карда, барояшон дар бораи кишвари худ нақл кунанд.

Байкерҳои тоҷик дар ин "амрикогардӣ" танҳо нахоҳанд буд. Онҳоро ҳамватанон дар шаҳрҳои гуногуни Амрико бесаброна интизоранд.

"Афзун бар ин Душанбе дар ИМА бародаршаҳри Боулдер дорад, ки дар онҷо моро дар Федеросюни бародаршаҳрҳо интизоранд", — шарҳ дод Калонов.

Мақсади асосии моторсаворонро Калонов дар муаррифии Тоҷикистон ба мардуми Амрико ва роҳандозии равобити мардумӣ ва устувор кардани равобити дӯстӣ медонад.

Клуби "ИРБИС МСС" аввалин бошгоҳи моторсаворон дар Душанбе аст. Ин бошгоҳ аз соли 2015 ҳарсола барномаи ватандӯстонаи моторсавориро бар по мекунад.

Роҳпаймоии "Мо — тоҷикем" барои бори севум баргузор мешавад. Аввалин "моторпаймоии" тоҷикон дар қаламрави кишварҳои ИДМ, дувум — дар Урупо гузашт.

"Соли гузашта мо дар 25 рӯз саросари Урупоро гаштем. Ният доштем, ки 9 май — Рӯзи Пирӯзиро дар Берлин ҷашн гирем,  вале бо сабаби номусоидии боду ҳаво мо натавонистем он ҷо бирасем. Мо 11 май Берлин расидем ва дар пояи тандиси сарбозони шуравӣ гулчанбар гузоштем", — гуфт Калонов.

Мавзуъ

Сайёҳ: маро дар Тоҷикистон бепул савор карданд ва ройгон сер карданд
Бритониё-Тоҷикистон ва Русияро барои сайёҳат хатарнок хонд
Сӯҳбат баъди сайри Сарез: “Аждаҳои хуфта” ё муъҷизаи безарари табиат?
Барчаспҳо:
моторсаворӣ, ҷаҳонгардӣ, Фарҳод Калонов, Амрико, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ