15:13 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ҳусния Хуҷамёрова

Барои Ватан: чӣ гуна Ҳусния дар Амрико забонҳои помириро ҳифз мекунад

© Фото: Из личного архива Назир Аббас
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
994121

Ҳусния 29 сол дорад. Ӯ дар Тоҷикистон ба воя расида ва ҳафт соли ахир дар Амрико ба сар мебарад

ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik, Анастасия Лебедева. Ҳусния Хуҷамёрова ҳафт сол боз дар шаҳри Ню-Йорк зиндагӣ мекунад. Ӯ баъди хатми мактаби олӣ брои идомаи таҳсил ба Амрико рафтааст.

Sputnik Тоҷикистон дар бораи зиндагии тоҷикони Ню-Йорк ва фаъолияти кории Ҳусния суҳбат кард.

Ҳусния соли 2010 донишкадаи забонҳои Тоҷикистонро хатм намуда, барои идомаи таҳсил ба колеҷҷи донишгоҳи Бруклини Ню-Йорк дохил шудааст. Дар ин донишгоҳ ӯ аз рӯи ихтисоси маълумоти то мактабӣ таҳсил мекунад.

"Волидонам маро дар ин роҳ дастгирӣ карданд. Модарам иҷозат дод, то ман таҳсиламро идома диҳам",-мегӯяд Ҳусния. Ӯ забони англисиро бисёр хуб медонад.

Хусния Хучамерова
© Фото: Из личного архива Хуснии Хучамеровой
Хусния Хучамерова

Дар баробари таҳсил Ҳусния Хуҷамёрва дар Созмоне, оиди омӯзиши забонҳои қадимӣ фаъолият мекунад.

"Ман забонҳои поимриро меомӯзам. Айни ҳол ман бо чор забон-шуғнӣ, рӯшонӣ, вахонӣ ва бартангӣ сару кор дорам",-мегӯяд Ҳусния.

Духтари тоҷик ҳамчунин бо гузоришҳои махсус дар назди донишҷӯёни амрикоӣ баромад мекунаду баҳрашон дар бораи забонҳои камёфт нақл мекунад.

"Барои мисол тобистони соли гузашта ман дар донишгоҳи Ню-Ҷерсӣ кор кардам, дар соли 2014 дар донишгоҳи Колумбия фаъолият доштам ва ба забони вахонӣ аҳамияти хоса зоҳир намудам",-нақл мекунад Ҳусния.

Тобистони соли гузашта ӯ ба Помир сафар карда, бо сокинони солхӯрдаи ин диёр суҳбат кардааст. Ӯ аз Бадахшон бо маводҳои зиёди аудио ва видеоӣ баргашта дар асоси онҳо оиди зарурати ҳифзи забонҳои помирӣ гузориши илмӣ омода кардааст.

Ба қавли ӯ эҳтимолан имсол ӯ ба кишварҳое, ки дар ҳудуди кӯҳҳои Помир ҷойгир шудаанд-Тоҷикистон, Афғонистон ва Чин сафар кунад.

"Имсол мо ба деҳаҳое, ки мардумаш бо ҳамин забонҳо гуфтугӯ мекунанд сафар хоҳем кард. Вақтамон бисёр танг аст. Мо бояд ин забонҳои қадимро барои насли оянда ҳифз кунем",-бовар дорад Ҳусния.

Аз тоҷик буданам ифтихор дорам

Ҳусния мегӯяд, ки дар рафти фаъолият ӯ бисёр дар бораи Тоҷикистон нақл мекунад.

"Ба куҷое, ки наравам ман бо ифтихор мегӯям, ки тоҷикам. Пешакӣ ба саволҳои аз куҷоӣ, ин дар куҷост, ман омодагӣ мебинам. Ман бо хушҳолӣ барояшон дар бораи Тоҷикистон маълумот медиҳам. Аксарият ҳатто намедоананд, ки Тоҷикистон дар кадом манотиқи дунё ҷойгир аст. Ма шодам, ки имкон дорам дар бораи Тоҷикистон маълумот диҳам",-мегӯяд духтари тоҷик.

Ҳусния мегӯяд, ки бо фаъолияташ ифтихор дорад,чун метавонад барои ҳифзи забонҳои помирӣ саҳм бигирад.

"Вақте аз ман пурсон мешаванд, ки оё дар чунин шаҳри бузург кори дигаре ёфт нашуд, ман бо ифтихор мегӯям, ки омӯхтани чунин забонҳои камёфт ва қадимӣ барои ман имкони хубест",-мегӯяд бо ифтихр Ҳусния.

Зиндагӣ дар Ню-Йорк

Зиндагии Душанбе ва Ню-Йоркро қиёс карда, Ҳусния мегӯяд, ки дар ин шаҳрҳо вақт дигаргун мегузарад.

"Зиндагӣ дар ин шаҳр бисёр тез аст. Инсон ҳамавақт бояд шитоб кунад, ба дарс ба кор. Чанд сол мешавад, ки ман ин ҷо ба сар мебарам, вале ба хаёлам фақат моҳҳо гузаштаанд. Бо ҳамин зиндагии Тоҷикистону Амико фарқ мекунад",-мегӯяд Ҳусния.

Ба қавли ӯ тоҷикони Ню-Йорк имкони хуби рушдкунӣ ва баланд бардоштани сифати зингиашонро доранд, вале ҳамаи ин онҳоро аз ёди ватан дур намекунад.

"Ман бисёр пазмони Тоҷикистон мешавам. Ҷашнҳои миллиамонро, фазои рақсу бозиро ёд мекунам. Ман ба фазое, ки ҳама ба тан либоси миллӣ, бо чеҳраҳои хандон ба табрики ҳамдигар мераванд, пазмон ҳастам",-мегӯяд Ҳусния ва ба ёд меорад, ки бори охир вақте бо волидонаш суҳбат карда буд, овози раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки тариқи телевизион шунид, ки ӯ  халқи тоҷикро бо Наврӯз муборакбод мегуфт.

Барои каме ҳам бошад бо ёди ватан будан, Ҳусния бо хушҳолӣ ба консерти сарояндагони тоҷик, ки ба Амрико меоянд меравад.

Набояд ҳарос кард

Ҳусния аллакай дар Амрико роҳу равиши зинадгиро дар тӯли чанд сол хуб аз худ кардааст ва метавонад ба муҳоҷирони нав маслиҳатҳо бидиҳад.

Дар вақти холӣ Ҳусния ба таври довталаб ба муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба Ню-Йорк меоянд барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ кӯмак мекунад.

"Тарзи дохилшавӣ ба мактаби олӣ дар Амрико аз дигар кишварҳо ба куллӣ фарқ дорад. Ман барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ интихоби мавзӯъи эссе ба онҳо кумак мекунам",-мегӯяд Ҳусния.

Ба гуфти ӯ асосаш тарс надоштан, ҳатто агар забони англисиро надонӣ ҳам. Дар Амрико одамон аз кишварҳои гуногун ба сар мебаранд. Зиндагӣ дар ин ҷо онқадар мушки нест, ҳатто дарёфти манзили иҷора",-мегӯяд Ҳусния.

Вале инсон бояд омода бошад, ки дар Амрико ӯро кори бисёр ва фаоълияти пурмаҳсул интизор аст.

"Фарқ надорад, ки ту мехоҳӣ сарватманд шавӣ, машҳур ё таҳсил намоӣ. Дар Ню-Йорк барои ҳама имкон аст, танҳо бояд кӯшиш кард",-бовар дорад Ҳусния.

Ба фикри ӯ барои инсоне,ки мехоҳад меҳнат кунад, ягон монеъае вуҷуд надорад. Ба чунин инсоне ки чандин фарсахҳо дур аз ватан асту кӯшиш мекунад, ки барои насли оянда забони онҳоро ҳифз намояд нигоҳ карда, мехоҳӣ бовар кунӣ ки ӯ дуруст мегӯяд.

Барчаспҳо:
Ҳусния Хуҷамёрова, Ню-Йорк, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ