15:53 26 июли 2017
Пахши мустақим
Ҷои дуюм ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.. Дастаи КВН

Пирӯзӣ: дастаи КВН Тоҷикистон дар Маскав ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт

© Фото: Facebook
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
67151

Дастаи КВН Тоҷикистон дирӯз дар озмуни чаҳорякниҳоии КВН Маскав ҷои дуюм гирифта ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Гурӯҳи ҳозирҷавобони тоҷик дар даври чаҳорякниҳоии КВН Маскав бо либосҳои хос, ки бо гулдузӣ оро дода шудааст, ба саҳна баромада, бо пирӯзӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Дар ин бора роҳбари дастаи КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов хабар дод.

Дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 дар мусобиқаи Осиёи Марказӣ, "Алаа-то", ки дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, ширкат карда, соҳиби ҷои аввал гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи КВН Тоҷикистон мавсими нави худро бо аъзои ҷадид дар Маскав оғоз карданд. Онҳо дар ҷашнвораи лиги шаҳру вилояти Маскав ширкат карда, пирӯз шуданд ва ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

"Мо завқи тамошобинони Маскавро медонем. Мо ҳамаи қувваамонро барои ғолиб шудан сарф хоҳем кард", — гуфт роҳбари гурӯҳ Ҷамшед дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Дастаи КВН Тоҷикистон аз Умед Абдуллоев, Мирзохуршед Ҳасанов, Шероз Камолов, Ҷамшед Исмоил, Александра Смирнова, Амал Ҳофизова ва Мубориз Усмонов ташкил шудааст.

Ба қавли роҳбари даста Хайрулло Мирсаидов, эҳтимол аст ҳайъати даста то даври дигари бозӣ тағйир ёбад.

Мақсади асосӣ — "Первый канал"

Се сол мешавад, ки мунтахаби КВН Тоҷикистон талош дорад, дар сабқатҳои байналмилалӣ пирӯз шавад ва дар шабакаи аввали телевизиюни Русия ҳунарнамоӣ кунад.

"Мо ба нерӯву барномаамон бовар дорем. Умед дорем, ки пирӯз мешавем. Ҳадафи асосии дастаи КВН Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардан дар шабакаи аввали телевизюни Русия аст. Ин орзуи ҳамаи мост", — гуфт  бо боварӣ Ҷамшед.

Мавзуъ

Дастаи КВН-и Тоҷикистон дар Маскав: бо нигоҳи нав ба сӯи "Первый канал"
КВН Тоҷикистон: Масликов, мо ба озмун меравем
Ғолибони КВН-и Помир мукофотро бо дигар дастаҳо тақсим карданд
Дар Маскав даври ниҳоии лигаи КВН-и Помир баргузор мегардад
Барчаспҳо:
мақоми дуюм, роҳ ёфтан ба даври нимниҳоӣ, Дастаи КВН-Тоҷикистон, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ