Салим Муъминов: дар Қӯрғонтеппа сирк бунёд мекунам

© SputnikСалим Муминов
Салим Муминов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширинкори тоҷик, ки дар Ҳунаркадаи сирки Михаил Румянтсев дар Маскав таҳсил мекунад, қасд дорад дар зодгоҳаш - шаҳри Қӯрғонтеппа сирк бунёд кунаду нахустин ширинкоре шавад, ки Тоҷикистонро дар ҷашнвораи ҷаҳонии сирк дар Монте-Карло муаррифӣ менамояд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Дирӯз, 15 июн гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик, ки дар Ҳунаркадаи сирки Маскав таҳсил мекунанд, имтиҳоноти поёнии соли севуми ҳунарҷӯиро пас доданд.

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳунарнамоии дорбозону ширинкорони тоҷикро тамошо карду бо ҳунарҷӯи ҷавон  — Салим Муъминов дар бораи таҳсилу мушкилот, бурду бохти донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ ва шароити зисту зиндагияшон дар Маскав суҳбат кард.

Салим кист?

Салим Муъминов соли 1994 дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар хонаводаи ошпазҳо ба дунё омадааст. Ӯ дабистонро дар маркази вилояти Хатлон хатм кардаву сипас дар Донишгоҳи ҳунарии Буйдоқов дар шаҳри Душанбе коргардонии барномаҳои фарҳангиро омӯхтааст. Сипас ду сол дар Қӯрғонтеппа дар соҳаи театр фаъолият кардааст. Аловуддин Абдуллоевро дар ин ҷода устоди худ мешуморад. Ҳамакнун ҳунарҷӯи соли севуми Ҳунаркадаи сирки Маскав аст.

© Фото : Аз бойгонии Салим МуъминовСалим Муъминов
Салим Муъминов - Sputnik Тоҷикистон
Салим Муъминов

Пинҳонӣ ба театр

Салим мегӯяд, ки аз хурдсолӣ мехост ҳунарпеша шавад. Дар синфи нӯҳум мехонд, ки ба гурӯҳи ҳунарӣ пайваста ҳунаромӯзӣ мекард. Дар баробари ин Салим тамошобини ҳамешагии намошномаҳои театри шаҳри Қӯрғонтеппа буд.

Манижа Буйдоқова - Sputnik Тоҷикистон
Манижа Буйдакова: мехоҳам Русияро ба тоҷикон намоиш бидиҳам

"Пас аз тамошои як намоишнома ман дар зери нардбон пинҳон мешудам, то маро аз театр берун накунанд. Интизор мешудаму намоишномаи баъдиро тамошо мекардам. Падару модарам аз дилбастагиям ба театр огоҳ шуданду дигар иҷозатам намедоданд, то ба театр равам. Вале ман гурехта ба тамошои намоишномаҳо мерафтам", — ба ёд меорад Салим хотироти даврони кӯдакияшро.

Сирк дар Қӯрғонтеппа

"Нақша дорам пас аз хатми донишгоҳ ба зодгоҳам барашта дар шаҳри Қӯрғонтеппа сирк бунёд кунам. Ва бо ин роҳ ҳунари ширинкориро дар кишвар рушд диҳаму барои мардуму Меҳанам хидмат кунам".

Вале Салим худ намехоҳад дар оянда раҳбари сирки Қӯрғонтеппа бошад, чун муътақид аст, ки барои ҳар як ҳунарпеша бояд ҷавобгар бошад.

Aпп  нагӯӣ — ҳалок мешавӣ

Барои ҳунарпешаи сирк шудан агар аз як тараф шавқу рағбату истеъдоди баланд лозим бошад, аз дигар тараф шуҷоати бузург доштан даркор аст. Чун ҳар як ҳунарнамоии корманди сирк риск аст. Махсусан барои онҳое, ки ҳамроҳи дигар ҳунарманд — ҷуфт ҳунарнамоӣ мекунанд.

"Ман ҳамроҳи Фаррух дар бахши ширинкорӣ ва якчарха ҳунарнамоӣ мекунем. Сирк истилоҳоти худро дорад ва бояд ҳар як ширинкор ё дорбоз онҳоро донад. Масалан, ҳангоме ки ду дорбоз бо ҳам дар майдони сирк трюк намоиш медиҳанд ва ҳангоми аз сар тоб хӯрдан, бояд "апп" гуфта якдигарро аз оғози трюки дигар огоҳ кунанд, вагарна пайомадаш бад хоҳад буд", — ҳушдор медиҳад Салим.

Равон шуданд 13 ҷавон

Дар Ҳунаркадаи сирки Маскав 13 ҷавони тоҷик таҳсил мекунанд. Рӯзи 15 июн ҳамаи онҳо соли севуми бахшҳои гуногуни ин омӯзишгоҳро хатм карданд. Ҳамаи онҳо имтиҳони хатми соли севуми худро бо муваффақият пас доданд.

© Фото : Аз бойгонии СалимҶавонони тоҷик дар мактаби сирки Маскав
Ҷавонони тоҷик дар мактаби сирки Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Ҷавонони тоҷик дар мактаби сирки Маскав

Ҳафт кас аз онҳо дар бахши дорбозӣ имтиҳон супориданд.

Дорбозон бо камарбанди гулдузӣ ба саҳна баромаданду дар навои мусиқии тоҷикӣ имтиҳони худро бо иҷрои трюкҳои омехта ва  содаю мураккаб супориданд.

Салим бо Фаррух бо ҷома ва тоқӣ дар саҳна намоён шуда, бо ширинкорӣ устодонро ба ханда оварданд. Устодони русро натанҳо либосҳои миллӣ ва оҳангҳои тоҷикона ба ваҷд оварданд, балки рӯзадории ҷавонони тоҷик ҳатто дар рӯзи имтиҳон низ онҳоро дар ҳайрат монд.

"Ҳунарпешаи сирк будан касбе нест, ки ба ночор ё аз барои диплом гирифтан таҳсилаш кунанд. Ин касб —  зиндагист. Бовар дорам, ки ширинкорони тоҷик аз рӯи касбашон фаъолият хоҳанд кард. Ба онҳо гуфтам, ки имрӯз рӯза нагиред нагиред то аз заъф саратон начархад, вале онҳо розӣ нашуданд", — гуфт устоди ин ҷавонони тоҷик Ирина Василевна.

 

 Мушкилоти рақами 1

Мушкилоти ҳамаи донишҷӯён камбуди пул барои буду бош дар Русия аст, мегӯяд Салим. "Мо кумакпулии "Дурахшандагон" мегирем. Вале 6 ҳазор рубли русӣ барои зиндагиӣ дар пойтахти Русия кифоя нест".

"Афзун бар ин мо ҳамаи корафзорҳои ҳунариамонро худамон харид мекунем. Масалан, якчархае, ки ман бо он ба саҳна мебароям, 10 ҳазор рубл арзиш дорад. Боз чӯбҳо, ҷӯробҳои махсус, ки ҳангоми дарсомӯзӣ истифода мешаванд", — гуфт Салим дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вале ба қавли ӯ, дар кишвари хориҷӣ ҳунарҷӯ будан ҷанбаҳои мусбат ҳам додар. Мусофир дар кишвари бегона қобил мешавад. Ҷаҳонбиниаш васеъ мешавад.  

"Донишҷӯ дар хобгоҳ ҳама корро аз худ мекунад. Ман оши палав мепазам, самбӯса мепазам, қариб аз уҳдаи омода намудани ҳама гуна хӯрокҳои миллӣ мебароям", — мегӯяд ширинкор.

Нигина Амонқулова, Шабнам Сурайё ва ансамбли "Хурсандӣ"

Оши палови донишҷӯёни тоҷик дар форуми Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Оши палав ва рақси тоҷикӣ: муаррифии Тоҷикистон дар Маскав

Салим ҳамроҳи дигар ширинкорон ва дорбозон дар Маскав гурӯҳеро бо номи "Хурсандӣ" ташкил кардаанд. Онҳо мекӯшанд каме ҳам бошад барои рӯзгори донишҷӯёнаи худ даромаде ба даст оваранд.

Бо пешниҳоди роҳбари ансабмли рақсии "Гулчин" дар Маскав Фарҳод Ҷонмаҳмадзода Салим ҳамроҳи дигар аъзои гурӯҳи "Хурсандӣ" барои нахустин бор барномаи ҳунарияшонро дар консерти Нигина Амонқулдова намоиш доданд. Пас аз он дар барномаи ҳунарии Шабнам Сурайё ширкат карданду дертар онҳоро ба дигар ҷашнҳои миллӣ ҳам даъват карданд.

"Пуле, ки аз ин ҷашнвораҳо мо ба даст меорем, андаке ҳам бошад, мушкилоти моро ҳалл мекунад", — мегӯяд Салим.

Барои Салим ва дигар ҷавонони тоҷик дар таҳсилашон муваффақият орзу дорем.

Лентаи хабарҳо
0