12:06 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Тамошои навори сурди ҳиндӣ

Ҷимии дигаре аз Тоҷикистон ситораи наве дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд

Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
44310

Наворе дар You Tube бо номи "Очень талантливый дворник Таджик (Красноярск)" ҳамин чанд рӯз пеш гузошта шудаст, аммо то кунун садҳо кас онро боздид кардаанд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik, Екатерина Маркова. Шаҳрванди Тоҷикистон Сорбон Масъудов бо иҷрои суруди ҳиндӣ  шуҳратманд шуд. Ҷавони 27-солаи тоҷик чанде пеш аз Тоҷикистон омада, дар маркази тиҷориву тафреҳие дар шаҳри Красноярск кор мекардааст, аммо баробари ин ҳунари иҷрои таронаро низ доштаст.

Ӯ ба ҷойи таблак сатили партовро "менавозад" ва сурудеро аз филми машҳури ҳиндӣ "Танцор диско" зам-зама мекунад.

Sputnik Тоҷикистон дар суҳбат бо дӯсти овозхон аз раванди сабти навор ҷӯё шуд.

"Мо ҳар ду ҳам ба Красноярск барои кор кардан омадем ва дар ин ҷо бо ҳам шинос шудем. Сорбон ҷавони боистеъдод вале шармгине ҳаст. Баъзан ман вайро илтимос мекунам, ки суруд сарояд. Волидонаш ҳунармандони асиланд ва ӯро ҳунари навохтани созҳои мусиқиро ёд додаанд", — мегӯяд Ислом.

Сорбон дар Тоҷикистон гоҳе дар ҷашнҳои арӯсӣ суруд мехондааст.

Чуноне ки Ислом гуфт, онҳо дар оянда низ ба You Tube ин гуна наворҳоро хоҳанд гузошт.

Барчаспҳо:
иҷрои суруди ҳиндӣ, ҷавони тоҷик, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ