20:25 17 августи 2017
Пахши мустақим
Концерт в честь 25-летия Независимости Таджикистана в Худжанде

Ҷонибек Муродов: чаро Узбакистон ба овозхонони тоҷик иҷозаи ҳунарнамоӣ намедиҳад?

© Sputnik
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
97362

Ҳунарманди ҷавону номдори тоҷик Ҷонибек Муродов мегӯяд аз беҳтар шудани равобит миёни Тоҷикистону Узбакистон шод аст ва интизор дорад, ки дигар монеаҳо низ бардошта шаванд

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Ҷонибек Муродов — ҳунарпешаи овозадори эстрадаи тоҷик дар чорчӯби тарҳи Sputnik Тоҷикистон "Тоҷикону узбакон — бародарони ҷонианд" бо хабарнигорамон суҳбат кард.

Чанде пеш суруди ин ҳунарпеша "Дӯстон" дар ҳамхонӣ бо овозхони узбак Сардор Раҳимхон пешкаши ҳаводорон шуда буд. Ҷонибек Муродов аз сабти суруд ва дӯстиву ҳамкорияш бо ҳунарпешаҳои узбак нақл кард.

Чуноне ки медонем, чанде пеш Шумо ва ҳунарпешаи узбак Сардор Раҳимхон сурудеро дар бораи дӯстӣ ҳамхонӣ карда будед. Лутфан дар ин бора каме бештар маълумот бидиҳед.

— Ману Сардор Раҳимхон чандин сол боз дӯстӣ дорем. Афзун бар ин,  бастакори машҳури форсизабон Аҳмадҷон, ки дар Узбакистон зиндагӣ мекунад, барои ҳар дуямон оҳанг месозад.

Сабти сурудӣ "Дӯстон" низ айнан чунин аст. Мо чанд вақт пеш ба нақша гирифта будем, ки ин сурудро, ки оҳангаш аз Аҳмадҷон ва шеъри Озарахш аст, сабт кунем. Аммо насиб будааст, ки ҳамин моҳ суруд сабт  шавад.

Дар зиндагӣ рафиқе, монанди якдигар нест,

Бо ёди давлати дӯст, аз душмане асар нест.

Ёрон бо роҳи ёрӣ, ғолиб ба ҳар рақибанд,

Тарс аз ин оламам нест, то дӯстон қарибанд.

 

 Бо кадоме аз ҳунарпешаҳои узбак ҳамкорӣ мекунед?

— Ҳамкорӣ қариб бо тамоми ҳунармандони узбак дорам, вале бо Сардор Раҳимхон ва Озодбек Назарбеков дӯсту бародарем. Моро бо ин ду нафар тоҷиконе, ки берун аз марзи Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, пайванд додаанд. Бештари тӯю маъракаҳои онҳоро ману Озодбек дар Русияву Амрико гарм мекунем.

Оё барои суруди "Дӯстон" намоҳанг ё клип сабт мекунед?

— Бале, албатта. Сардор пешниҳод кард, ки клипи сурудро дар Маскав сабт кунем. Аммо, ман гуфтам беҳтар аст онро дар Душанбе ба навор гирем, то манзараи шаҳри моро таҷассум кунад. Барои ҳамин моҳҳои охири июл, пас аз консерти Сардор Раҳимхон дар Душанбе ин намоҳангро ба навор хоҳем гирифт.

Шумо бо якдигар бо кадом забон суҳбат мекунед?

— Мо бо якдигар бо забони русӣ суҳбат мекунем. Ман забони узбакиро мефаҳмам, вале дар сухан гуфтан мушкилӣ мекашам. Онҳо низ ҳамчунин тоҷикиро мефаҳманд.

Чӣ нақшаҳое доред?

— Ҳоло мехоҳам парчами Тоҷикистонро дар кишварҳои хориҷ — аз ҷумла Укроину Русия ва Урупо баланд бардорам. Қарордоди дусолае бо ширкатҳои укроинӣ дорем ва дар пайи эҷодиёт ҳастам ва пас аз он мехоҳам ба бозори мусиқоии Русия ворид шавам.

Як чизи муҳимро дар анҷоми суҳбат қайд кунам. Мо хело хушҳолем, ки равобити ду кишвари ҳамсоя рӯз аз рӯз наздиктар мешаванд. Ҳунарпешаҳо низ имкон пайдо кардаанд ки дар беҳбуди равобит саҳмашонро бигзоранд. Консерти Юлдуз Усмонова ва Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон далели гуфтаҳои болост.

Аммо барои худи ман як чиз нофаҳмост, ки чаро Узбакистон то ҳол ба ҳунарпешаҳои тоҷик иҷоза надодааст, ки барномаҳояшонро дар кишвари ҳамсоя баргузор кунанд?

Бояд гуфт, ки таҳиякунандагони бисёре пешниҳод мекунанд, ки барномаҳои моро дар Узбакистон намоиш диҳанд, аммо мутаасифона Вазорати фарҳанг Узбакистон то кунун иҷозаашро надодааст.

Умедвор мешавем, ки ҳамзамон бо беҳтар шудани равобити ду кишвар ин монеъаҳо аз миён хоҳанд рафт ва милюнҳо тоҷике, ки дар Узбакистон зиндагӣ доранд, аз ҳунари мо низ бархурдор хоҳанд гашт.

Ташаккур, барои суҳбат. Комёбиҳо ёратон бод!

— Сипосгузорам. Шумо низ комраво бошед!

Барчаспҳо:
ҳунарманд, дӯстӣ, консерт, Сардор Раҳимхон, Ҷонибек Муродов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ