Акси Аслишо Акимбеков ва духтарони тоҷик дар феҳристи беҳтарин аксҳо

© FacebookТаджики отметили в Москве День России
Таджики отметили в Москве День России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Акси Аслишо Акимбеков ва зебосанамони тоҷик яке аз беҳтарин аксҳои ҳафтаи гузашта дониста шуд

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Хабаргузории РИА Новости акси Аслишо Акимбеков ва гулдухтарони тоҷикро, ки дар Рӯзи Русия гирифта шудааст, яке аз беҳтаринҳо унвон кардааст.

© Фото : Аз РИА НовостиАкси беҳтарини ҳафтаи гузашта
Акси беҳтарини ҳафтаи гузашта - Sputnik Тоҷикистон
Акси беҳтарини ҳафтаи гузашта

Афзун бар ин хабаргузорӣ 30 акси дигарро аз манотиқи гуногуни ҷаҳон, чун лаҳзаҳои муҳими ҳафта нашр кардааст. Миёни ин аксҳо, Владимир Путин ҳангоми гуфтугӯи мустақим бо мардуми рус, писарбачаи ироқӣ ҳангоми шиноварӣ ва намози мусулмонони шаҳри Синагараи Ҳиндустонро дида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар Рӯзи Русия, ки дар боғи Эрмитажи Маскав таҷлил шуд, бо пироҳанҳои миллӣ ва зебоии тоҷикона маскавиҳоро тасхир карданд.

"Намояндагони Тоҷикистон бо пироҳанҳои миллӣ дар ҷашн зеботарин буданд. Онҳо ҳамвора таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб мекарданду ҳар кас мехост тоқиҳояшонр ба сар гузорад", — навиштааст Аслишо Акимбеков, раҳбари кумитаи фарҳанги созмони "Нур" дар сафҳаи фейсбукияш.

Лентаи хабарҳо
0