17:07 21 ноябри 2017
Пахши мустақим
Погрузка гуманитарной помощи из самолета МЧС РФ в аэропорту Душанбе

Ёрии муҳоҷирон ба ниёзмандони Рӯшон: аз пӯшоку пойафзор то доруву дастгоҳ

© Sputnik Амир Исаев
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
91560

Бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав довталабона гурӯҳе созмон дода ва мехоҳанд бо мададкорӣ дар беҳбуди зиндагии ҳамдеҳагонашон дар Кӯҳистони Бадахшон саҳмгузорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik, Нилуфар Некқадам. То ин дам гурӯҳи  "Мадад" ба ниёзмандон дар ноҳияи Рӯшон 7 тонна мол фиристодаву дар назар дорад, боз чанд банд кумаки дигарро дар остонаи "Ҷашни Алмосӣ" — 60-умин солгарди имомати пешвои исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, ба интернати ноҳияи Рӯшон ва кӯдакистонҳову бунгоҳҳои пизишкии ноҳия бифиристад.

Яке аз созмондиҳандагони гурӯҳи  "Мадад", ки аз хоксорӣ аз гуфтани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ин гурӯҳ се моҳ пеш таъсис ёфтааст, вале дар ин муддати кӯтоҳ ҳафт тонна кумак барои ниёзмандон фиристодааст.

"Мо чанд сол пеш мехостем чунин гурӯҳе созмон бидиҳем, вале танҳо имсол даст дод, то ниятамонро амалӣ кунем. Ҳадафи аслӣ аз ташкили ин гурӯҳ ёрирасонӣ ба ниёзмандон аст", — гуфт яке аз бунёдгузорони гурӯҳи "Мадад" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Дар рӯзҳои аввали ташкили гурӯҳ мо 30 кас будем. Вале бо гузашти се моҳ бархе аз мададкорон аз мо ҷудо шуданд ва акнун мо 11 кас мондем", — гуфт ӯ.

Дар ин муддат ҷавонони хайрхоҳ ба интернати ноҳияи Рӯшон маводи дарсӣ, сару либос, маводи ниёзи аввал фиристоданд.

Ин бор ҷавонон дар назар доранд барои интернати ноҳияи Рӯшон ва ҳама кӯдакистонҳои ноҳия — аз деҳаи Шипад то Ғудара — доруворӣ ва дастгоҳҳои фишорсанҷ бифиристанд.

"Дар оғоз мо бештар пӯшокеро мефиристодем, ки муҳоҷирони муқими Маскав ба мо медоданд. Яке масалан кулоҳ медод, дигаре пойафзор, севум кампали зимистонӣ. Вале акнун бо ниёзмандон дар Бадахшон тамос мегирем ва аз ниёзу камбудашон мепурсему ҳамон ашёро барояшон мефиристонем", — гуфт мусоҳиб.

Накӯкорони гурӯҳи "Мадад" кумакҳои башардӯстонаи худро аз Маскав ба Тоҷикистон бо худравҳои боркаш мефиристонанд.

"Яке аз ҳамгурӯҳони мо бо масъули ширкати таробарие ошност, ки аз Маскав ба Душанбе бор мебарад. Ин масъул моро ёрӣ медиҳад, то борҳоямонро ба мақсад бирасонем, вагарна ҳамлу нақли як килуграм бор беш аз 500 рубл нарх дорад", — гуфт ин ҷавони мададкор.

Ин ҷавонон барои ёрирасонӣ ба ҳамдеҳагон ва беҳбуди зиндагии ниёзмандон дар Кӯҳистони Бадахшон дар Маскав барномаҳои ҳунариву фарҳангӣ баргузор мекунанд ва даромад аз онҳоро барои мададрасонӣ ҳазина мекунанд.

Ин бор онҳо тасмим гирфтаанд бо ҳамкории созмони "Нур" барномаи фарҳангие ба муносибати "Ҷашни Алмосӣ" — 60-умин солгарди имомати шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ баргузор кунанд. Мусоҳибамон гуфт, ин барнома маърифатӣ буда, рӯзи 7 июл дар рестурони "Белое золото" баргузор мешавад.

Билети он барои коргарон ҳазор рубл ва барои донишҷӯён панҷсад рубл аст. Вале мусоҳибамон мегӯяд, ки "агар касе омада гӯяд, ки ҳеч шароит надорад, мо ӯро ройгон ҳам роҳ медиҳем".

Мададкорон мехоҳанд 70 дарсад аз даромад аз ин барномаро барои хариди доруворӣ барои кӯдакистонҳову бунгоҳҳои пизишкии ноҳияи Рӯшон ҳазина кунанд ва 30 дарсадро барои пешбурди барномаҳояшон дар Маскав ба кор баранд.

"Мо аз ноҳияи Рӯшон оғоз кардем ва мехоҳем то дигар ноҳияҳои ВМКБ кумакамонро расонем. Агар ҳам тавонистем, ба бародаронамон дар он сӯи Панҷ, яъне Бадахшони Афғонистон, низ кумак хоҳем кард", — гуфт дар поён ин ҷавонмард.

Мавзуъ

Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт: ба мақомот кумак кунед
Омодагии Корпоратсияи исломии рушд барои кумак ба ҶТ
Вазорати меҳнат барои баргаштани оилаи тоҷик ба ватан кумак кард
Барчаспҳо:
кумаки башардӯстона, Рӯшон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ