05:30 25 июли 2017
Пахши мустақим
Умедҷон Ширинов, акс аз бойгонӣ

Вакили ояндаи тоҷик дар Русия: ҷонибдори ҳизбе ҳастам, ки дар сари ҳукумат аст

Из личного архива Умеджона Ширинова
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
42010

Умедҷон Ширинов, ки 20 сол боз дар Русия зиндагӣ дорад, мехоҳад намояндаи маҷлиси шаҳри Твер шавад

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik, Фарида Бобоҷонова.  Умедҷон Ширинов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, вай узви ҳеч ҳизб ё созмоне нест ва довталабона номзадияшро дар интихобот пешниҳод кардааст.

Умедҷон 31-сола аст ва камобеш 20 сол боз дар Русия зиндагӣ дорад. Вай таҳсилоти миёнаро дар шаҳри Твер фаро гирифта ва ҳамакнун донишҷӯи соли дувуми Донишгоҳи техникии Твер аст. Ӯ ҳамзамон раёсати Шурои ҷавонони Созмони муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Тверро бар уҳда дорад.

Вай мегӯяд бо тоҷикони Русия иртиботи танготанг дорад ва бисёре аз муҳоҷирон дар шаҳри Твер дар ҳама масъала аз вай ёриву раҳнамоӣ мехоҳанд.

"Тоҷикон дар ҳар мавриде ба ман муроҷиат мекунанд ва ман ҳам ҳаргиз ёриямро дареғ надоштаам. Агар камтар муболиға кунем, охирон умеди тоҷикон дар Русия ҳастам", — гуфт вай.

Умедҷон Ширинов бори нахуст дар интихоботи шаҳрӣ ширкат мекунад ва боварӣ дорад, ки дар ин интихобот ҷонибдорони зиёде пайдо хоҳад кард.

 "Маро дар ин шаҳр, махсусан дар ноҳияе, ки зиндагӣ мекунам, қариб ҳама мешиносанд", — мегӯяд вай.

Ин ҷавон мегӯяд, ки узви ҳеч ҳизбе нест, вале аз ҳизбе ҷонибдорӣ мекунад, ки ҳукумат дар дасташ бошад. "Муҳим ин аст, ки барномаи хуби рушд дошта бошанд", — мегӯяд вай.

Ин довталаби намояндагии маҷлиси шаҳр мегӯяд ҳануз барои интихобот барномае омода накардааст.

"Барномаи ман пас аз интихобот муайян мешавад. Ҳар мушкилие, ки пеш омад, ман дар ҳалл карданаш кӯшиш мекунам, барномаи махсус омода накардаам ва ваъда доданро дӯст намедорам", — гуфт вай дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ин зодаи ноҳияи Қубодиён, ки шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русия дорад, мехоҳад аз як фаъоли ҷамъиятӣ ба чеҳраи сиёсӣ табдил ёбад ва дар беҳзистии мардуми шаҳре, ки дар он зиндагӣ мекунад, саҳмгузор бошад.

"Пеш аз ин ки номзадиямро пешниҳод кунам, бисёр фикр кардам, ки чигуна тавонистам ин ҳама мушкилотро нодида бигирам? Ҳоло мехоҳам он мушкилотро ҳалл кунам ва атрофи худро беҳтар кунам", — гуфт вай дар фарҷоми суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
вакили шаҳрӣ, Умедҷон Ширинов, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ