13:03 14 декабри 2017
Пахши мустақим
Танцор Фарход Джомахмадзода, архивное фото

Фарҳод Ҷомаҳмадзода: орзу дорам мисли Малика Қаландарова раққоси номӣ шавам

© Sputnik Стас Этвеш
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
114040

Фарҳод Ҷомаҳмадзода, раҳбари гурӯҳи "Гулчин" ва донишҷӯи бахши магистратураи Донишгоҳи заминшиносии Маскав, қасд дорад дар пойтахти Русия маркази фарҳангии тоҷиконро бунёд кунад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Фарҳод Ҷомаҳмадзода ҳамакнун донишҷӯи соли дувуми бахши коршиносии аршад ё магистартураи Донишгоҳи заминшиносии Максав аст. Вале пеш аз ин вай Омӯзишгоҳи рақси Малика Собироваро хатм кардаву ҳамакун бо дастаи рақсиаш дар барномаҳои фарҳангӣ дар Русия Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

Манижа Буйдоқова
© Фото: Из личного архива Манижи Будаковой

Ӯ мегӯяд, ки мардуми рус рақсҳои тоҷикиро бисёр хуш доранд. Бавижа рақси мардонаи тоҷикӣ писандашон аст.

"Вақте ман дар як барномаи фарҳангӣ рақс иҷро мекардам,  пиразани русе бо ман ба рақс даромаду то поёни оҳанг рақсид. Сипас аз ман пурсид, ки ин чӣ оҳанг буд? Гуфтам, оҳанги тоҷикӣ аст ва ӯ хоҳиш кард, ки онро барояш бифристам. Ман низ чунон кардам", — мегӯяд Фарҳод.

Вай афзуд, ки рақсиданаш аз барои дарёфти пулу пеш бурдани зиндагаиаш нест, балки мехоҳад дили тамошобинонро шод кунаду рози дилашро бо рақс боз гӯяд.

"Рақс ҳолати руҳии инсонро бозтоб медиҳад. Бо рақсам кӯшиши мекунам, ки эҳсоси худро боз гӯям ва мадрумро шод кунам".

Зиндагинома

Фарҳод Ҷомаҳмадзода 21 июли соли 1993 дар деҳаи Яфраг аз рустоҳои ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Падараш корманди бар ва модараш табиби мардумӣ будаву чаҳор хоҳар ва як бародар дорад.

Танцор Фарход Джомахмадзода, архивное фото
Из личного архива Фархода Джомахмадзода
Танцор Фарход Джомахмадзода, архивное фото

Мегӯяд, ки дар мактаби рустояшон забонҳои русӣ ва инглисиро хуб намеомӯзонаданд ва ӯ пас аз хатми синфи нӯҳум аз модараш дархост кардааст, ки ӯро ба ҷое барад, ки битавонад ин забонҳоро аз худ кунад ва куллан таҳсилашро идома диҳад.

"Модарам дар Омӯзишгоҳи мусиқии ноҳияи Рӯдакӣ ошное доштааст. Вақте маро ба он ҷо бурданд, аз ман пурсиданд, ки оё мехоҳӣ дафнавоз шавӣ ё рубобнавоз? Ман ки на дафро медонистаму чисту на  рубобро, гуфтам рубоброву ҳамон созро омӯхтан гирифтам", — ба ёд меорад Фарҳод.

Ӯ мегӯяд, ки чун аз русто омада буд, дар шаҳри Душанбе гашту гузор карданро дӯст медошт. Рӯзе гузораш аз Филармонияи давлатӣ  меуфтад ва онҷо машқи гурӯҳи рақсиро дар саҳна мебинад. Чунон шавқаш меояд, ки назди раҳбари ин даста Исмат Файзуллоев рафта дархост кардааст, ки "мехоҳад раққоса шавад".

Раққоса не, раққос

"Устод бо табассум гуфт, ки "мард раққос мешавад, на раққоса" ва аз он рӯз ман ҳамзамон бо таҳсил дар Омӯзишгоҳи мусиқӣ дар ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон низ машқи рақс мекардам", — мегӯяд ӯ.

Боре роҳбари дастаи "Лола", ягона дастае, ки ансамбли рақсии мардона дорад,  ӯро дар маҳфиле дидаву ба ансамблашон даъват кард. Фарҳод пас аз чанде даъвати онҳоро пазируфтаву дигар дар ансамбли "Лола" машқ мекунад. Ҳамзамон ҳунаромӯзи Мактаби рақси "Малика Собирова" низ мешавад.

Рӯзе гурӯҳи фарҳангиёни рус дар ҷустуҷӯи ҳунарҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар Русия ба донишгоҳи онҳо меоянд. Вале Фарҳод аз имтиҳони онҳо намегузарад. Пасон ӯ бо ду тан аз дӯстону ҳамдонишгоҳиёнаш — Таҳмина ва Умеда — ба Донишгоҳи русиву тоҷикӣ мераванд ва дар ин донишгоҳ имтиҳон дода донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои шаҳри Маскав мешаванд.

Таҳсил дар Маскав

"Таҳсил дар Русия бароям бисёр душвор буд. Дар Тоҷикистон мо рақси классикӣ намехондем, ки он асоси ҳамаи рақсҳо ҳаст. Ман вақти пас додани имтиҳонот ҳатто гирён мешудам, вале ба ҳама мушкилот нигоҳ накарда, бо сари баланд ин донишгоҳро хатм кардам", — мегӯяд боифтихор Фарҳод.

Дар Маскав зиндагии Фарҳод ба куллӣ тағйир меёбад. Ӯ дар Наврӯзи соли 2012 бо гурӯҳи духтарони тоҷик шинос мешавад, ки дар барномаҳои гуногун Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.

"Ин гурӯҳро Манижа Буйдакова роҳбарӣ мекард. Ӯ рақсҳои маро диду шод шуд ва аз он пас моро ҳам ба барномаҳояшон даъват мекард. Ман бо се ҳамдонишгоҳиям гурӯҳеро ташкил кардему чун аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон будем, онро "Гулчин " номидем", — мегӯяд Фарҳод.

Танцор Фарход Джомахмадзода, архивное фото
Из личного архива Фархода Джомахмадзода
Танцор Фарход Джомахмадзода, архивное фото

Аммо он замон падару бародараш раққос шуданашро хуш напазируфтанд, вале акнун хонаводааш ӯро дастгирӣ мекунад.

"Вақте падарам донист, ки ман аз уҳдаи ин кор бар меоям, розӣ шуд. Бародарам ҳам акнун маро дастгирӣ мекунад", — мегӯяд Фарҳод.

Шуҳрат ва беҳтарин хотираҳо

Дар Масква Фарҳодро бисёр касон хуб мешиносанд ва ӯ Тоҷикистонро дар ҳама барномаҳои ҳунариву фарҳангӣ муаррифӣ мекунад.

"Ман ба бисёре аз шаҳрҳои Русия сафарҳои ҳунарӣ доштаам ва ҳамчунин ба Укроин, Белорус, Қазоқистон, Олмон ва дигар кишварҳо низ сафар кардаам"

"Аммо беҳтарин хотираҳоро аз сафар ба Олмон дорам. Мо як ҳафта дар шаҳри Берлин гардиш кардем ва он рӯзҳо ба назарам беҳтарин буданд. Бавижа меъмории зебои ин шаҳр бисёр писандидам", — мегӯяд Фарҳод.

Аз рақси лазгӣ то рақсҳои "ҷимиҳои тоҷикӣ" дар Ютюб

Фарҳод Малика Қаландароваро дар рақс беҳамто медонад ва Исмат Файзуллоевро устоди аввалини худ дар ин ҷода мешуморад. Вай мегӯяд, ки зеботарин рақси мардона ин рақси тоҷикӣ аст ва бархе аз ҷавононро, ки аз рақси лазгии мардумони Қафқоз тақлид мекунанд, маломат мекунад.

"Бештари ҷавонони мо ҳатто намедонанд, ки мо рақси мардонаи хуби тоҷикӣ дорем. Онҳо мехоҳанд аз мардумони Қафқоз тақлид кунанд, ки аз паст будани фарҳанг ва бехабар буданашон аз  рақси зебои мардонаи  тоҷикӣ дарак медиҳад", — бовар дорад Фарҳод.

© Sputnik
Танцор Фархода Джонмахмадзода рассказал, в чем сложность таджикских танцев

Либоси раққос бояд чӣ гуна бошад

Либосҳои рақсии Фарҳодро тарроҳи тоҷик Ҳусайн медӯзад. Ӯ мегӯяд, либоси раққос набояд пур аз зару сим ва сангу гулдӯзӣ бошад.

"Ман ният дорам ҳамин рӯзҳо Тоҷикистон рафта як сару либоси мардонаи қадимӣ барои саҳна бидӯзонам, ки ҷома ва тоқӣ бе гулдузӣ бошад. Агар ҳам сару либоси рақсии духтарон ва ҳам мардон дар саҳна пуррангу симу зару гулдӯзӣ бошад, фарқ кардани раққосаву раққос душвор мешавад", — мегӯяд Фарҳод. Вай пешниҳод мекунад, ки рақсандаҳои тоҷик ё ансамблҳои рақсии Тоҷикистон бояд иҷрои рақсро дар навои даф ё худ "доира рақс" бештар кунанд.

Ӯ бар ин назар аст, ки давлати Тоҷикистон ба ҳунари рақс кам таваҷҷуҳ мекунад.

"Дар Тоҷикистон танҳо аз варзишу варзишкорон дастгириву пуштибонӣ мекунанд. Рақсандаҳову ҳунари рақсро ҳеч кас дастгирӣ намекунад. Ман боре ҳам надидаам, ки дар Тоҷикистон барномае куллан ба ҳунарнамоии раққосон ихтисос дода шавад. Дар саросари ҷаҳон ҷашнворҳои махсуси рақс баргузор мешаванд. Масалан, дар Русия зуд-зуд ҷашнвораҳои рақсӣ баргузор мешавад, ки як ансамбл камобеш даҳ гуна рақсро ба тамошобинон намоиш медиҳад", — гила мекунад Фарҳод ва пешниҳод дорад, ки дар Тоҷикистон ҳам ҷашнвораҳои рақс бештар шаванд.

"Ҷомеъаи Тоҷикистон ба рақси ҳирфаӣ таваҷҷуҳ намекунад, аз ин рӯ мардуми мо ба рақс ва махсусан рақси мардона назари танг доранд", — мегӯяд бо таассуф Фарҳод.

Ин ҷавони тоҷик аз густариши шабакаҳои интернетӣ хуб огоҳ аст ва онро яке аз беҳтарин роҳҳо барои шинос кардани ҷаҳониён бо фарҳангу рақси тоҷикӣ медонад.

"Ҷимиҳои тоҷикӣ" дар Ютюб

"Ман равандҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистонро ҳамеша аз шабакаҳои интернетӣ пайгирӣ мекунам. Аз навовариҳо дар ҳунари рақси мардона огоҳ мешавам. Вале, мутаассифона, дар интернет аз рақсҳои тоҷикӣ умуман ва мардона хусусан камтар филму навор мунташир шудааст", — мегӯяд Фарҳод.

Вай меафзояд, ки дар Ютюб наворҳое бо рақсҳои ҳама мардумони ҷаҳон ёфт мешавад, вале агар "рақси тоҷикӣ"  ҷустуҷӯ кунед, танҳо наворҳое бо рақси муҳоҷирон дар сохтмонҳои Русия пайдо мешаванд.

Ӯ дар ин росто мехоҳад роҳнамое барои омӯхтани рақси тоҷикӣ дар Ютюб нашр кунад. Ба гуфти ӯ, дар Русия тоҷикони бисёре мехоҳанд фарзандонашонро рақси мардонаи тоҷикӣ биомӯзонанд.

"Ман ният дорам, ки барои кӯдакони тоҷик ва куллан ҳама касоне, ки мехоҳанд бо фарҳанги рақси тоҷикон ошно шаванд, маркази фарҳангие таъсис диҳам. Вале ин кор ниёз ба сармоя ва пуштибонии молӣ дорад. Агар маро дар ин роҳ дастгирӣ кунанд, ҳазорон кӯдаки тоҷик за фарҳанги худ дур нахоҳанд шуд ва Тоҷикистонро низ фаромӯш нахоҳанд кард", — бовар дорад Фарҳод.

"Агар ман хидмате барои Меҳанам накунам, таҳсили шашсолаам дар Русия беҳуда хоҳад буд", — мегӯяд Фарҳод.

Мавзӯъҳои асосӣ