19:28 20 октябри 2017
Пахши мустақим
Гулнигор Тиллоева

Гулнигор Тиллоева: зебосанами забондон ва пуштибони муҳоҷирон

© Фото: Игорь Лекаркин
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
2127120

Гулнигор — зебодухтари хубсирате, ки ба нӯҳ забони ҷаҳон сухан мегӯяду мехоҳад пуштибони муҳоҷирон бошад

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Дар нахустин дидор бо Гулнигор Тиллоева чеҳрааш бароям бисёр ошно намуд. Сипас дар гуфтугӯ донистам, ки ӯ яке аз ғолибони барномаи "Зебосанам — 2011" аст, ки аз телевизиюни "Сафина" намоиш дода мешуд.

Гулнигор шаш сол боз дар хориҷ аз Тоҷикистон дониш меҷӯяд ва ҳамакнун низоми муҳоҷиратӣ дар Русия ва созвории муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар ин кишварро пажӯҳиш мекунад. Ӯро ҷудо шудани хонаводаҳо дар паи муҳоҷирати шавҳарҳо аз Тоҷикистон нигарон кардааст.

Sputnik Тоҷикистон бо вай дар бораи донишҷӯӣ дар Қирғизистону Туркияву Олмон ва мушкилоти муҳоҷират дар Русияву дигар кишварҳо суҳбат кард.

Манижа Буйдоқова
© Фото: Из личного архива Манижи Будаковой

Гулнигор кист?

Гулнигор 23 октябри соли 1993 дар деҳаи Лангар дар ноҳияи Ишкошим ба дунё омааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ба поён расондаву чаҳор сол дар Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек улуми иҷтимоъӣ ва сиёсиро фаро гирифтааст. Вай сипас бо бурсияҳои Туркияву Олмон дар Донишгоҳи фаннии Ховари Миёна дар Анқара ва Донишгоҳи Ҳумболт дар Берлин таҳсил мекунад. Ӯ мехоҳад пас аз хатми донишгоҳ дар Олмон дар созмонҳои муҳоҷират барои Тоҷикистон хидмат кунад. 

Гулнигор аз хурдӣ орзӯ дошта рӯзноманигор шавад, вале бовар дошта, ки ҳар касе метавонад бе маълумоти олӣ ҳам рӯзноманигор шавад, аз ин рӯ ҳангоми таҳсил дар синфи нӯҳум тасмим гирифтааст, ки сиёсатшинос мешавад.

Барои сиёсатшинос шудан Гулнигор омӯзишу пажӯҳиши ҷомеъаро пеш гирифтааст, чун, ба гуфти худаш, "сиёсатро намешавад ҷудо аз пажӯҳиши ҷомеъа омӯхт". Дар ин ришта ӯро донистани забонҳои форсии тоҷикӣ, инглисӣ, русӣ, олмонӣ, туркӣ, фаронсавӣ бисёр ба кор меояд. Вай ҳамчунин забонҳои вахӣ, шуғнӣ ва ишкошимиро низ медонад, ки аз забонҳои помирӣ ҳастанд. Гулнигор дар заминаи посдошту пажӯҳиши забонҳои помирӣ низ фаъол аст. 

Гулнигор Тиллоева
© Фото: Аз бойгонии Гулнигор
Гулнигор Тиллоева

Гулнигор пас аз донишомӯзӣ дар мактаб донишҷӯи бахши ҷомеъашиносии Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ дар Бишкек мешавад ва дар чаҳор сол ҳам улуми сиёсӣ ва ҳам ҷомеъашиносиро фаро мегирад. Бо дарёфти мадраки коршиносӣ аз ин донишгоҳ Гулнигор таҳсилашро дар Донишгоҳи туркӣ-олмонӣ идома дода, ки барномаи дусолае бо таҳсил дар Туркия ва Олмонро дар бар мегирифт.

Шаш сол таҳсил дар хориҷа

Гулнигор шаш сол боз дар хориҷ аз Тоҷикистон донишҷӯӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, аҳволи муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни суриву ироқӣ дар Туркия ва таҷрибаи зиндагии худаш дар кишварҳои гуногун водораш кард, ки дар бахши коршиносии аршад (магистратура) мавзуъи муҳоҷират ва раванди созвории муҳоҷирон дар ҷомеъаҳои бегонаро омӯзанд.

"Аввал хостам мавзуъи баробарии ҷинсиятиро таҳлил кунам, вале бо гузашти замон ва дарки аҳамияти мавзуъи муҳоҷирату дидор бо паноҳҷӯёни суриву ироқӣ тасмим гирифтам ҳамин мавзуъро барои пажӯҳиш интихоб кунам", — гуфт Гулнигор дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Фикр мекунам, ки бо донишу таҷрибае, ки дар кишварҳои хориҷӣ омӯхтаву андӯхтаам ва ошноие, ки бо зиндагии муҳоҷирон дорам, метавонам дар ин замина корҳоеро анҷои диҳам".

Шароити донишҷӯён дар Туркия, Олмон ва Қирғизистон

Ба гуфти Гулнигор, таҳсил дар Қирғизистон барои донишҷӯёни тоҷик нисбат бо Тукрия ва Олмон арзонтар аст. Вале Қирғизистон худ кишваре муҳоҷирфирист аст, на муҳоҷирпазир. Таҳсил дар Туркия нисбат ба Олмон арзонтар аст, вале дар Олмон сатҳи зиндагӣ болотар аст ва агар ҳам таҳсил ройгон бошад, зисту зиндагӣ гарон аст. Туркия ва Олмон ҳам муҳоҷирпазир ҳастанд ва ҳам барои донишҷӯёни хориҷӣ  бурсияи таҳсилӣ медиҳанд. Бурсияҳое, ки худи Гулнигор ҳам дарёфт кардаву дар Туркия ва Олмон таҳсил мекунад.

Парвина Бандишоева
© Фото: Аз саҳифаи Парвина дар фейсбук

Гулнигор мегӯяд, ки таҳсил дар Олмон бартариҳое дорад.

"Сатҳи зиндагӣ дар Олмон баланд аст. На танҳо барои донишҷӯён, балки барои ҳама шаҳрвандон ва паноҳҷӯён бимаҳои иҷтимоъӣ пурра таъмин мешавад. Дар Олмон ҳеч ниёзманде бе ёрии пизишкӣ намемонад. Ҳарчанд таҳсил дар донишгоҳҳои Туркия ва Қирғизстон барои донишҷӯёни тоҷик аз ҷиҳати ҳазинаи таҳсил ва буду бош каме арзонтар аст, вале Олмон барномаҳои бисёре чун DAAD дорад, ки дарёфткунандаҳои хориҷияшон метавонанд ройгон таҳсил кунанд, вале ба далели гаронии ҳазинаҳои зисту зиндагӣ дар ин кишвар ҳазинаи таҳсил ҳам гарон меуфтад", — мегӯяд Гулнигор.

Гулнигор Тиллоева
Аз бойгонии Гулнигор
Гулнигор Тиллоева

Вай мегӯяд, дар Олмону Туркия низ чун дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон барои донишҷӯён имтиёзҳои зиёде дода мешавад. Масалан, дар Олмон барои донишҷӯён рафту омад дар нақлиёти умумӣ арзон аст ва дар ҳама бунгоҳҳои фарҳангӣ хадамот 50 дарсад арзонтар ҳастанд ва дармонгоҳҳо бо доштани бимаи пизишкӣ хадамот арзонтар аст.

Дар бораи созвор шудани тоҷикон бо ҷомеъаҳои бегона ин ҷомеъашиноси оянда мегӯяд, ки дар Қирғизистон ва Туркия, ки муштаракоти фарҳангие бо Тоҷикистон доранд, зиндагӣ ва таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик осонтар аст, вале дар кишварҳои Урупо вазъ дигаргун аст.

Вай мегӯяд, ки зиндагии донишҷӯёни тоҷик дар Олмон хуб аст, чун ҳамаашон бо барномаҳое чун DAAD ё ERASMUS ё WoridWide меоянд, ки онҳо зисту таҳсилашонро пӯшиш медиҳанд.

"Ҳама донишҷӯёни тоҷике, ки дар Олмон таҳсил мекунанд, дониши хуб доранд. Онҳо ё забони инглисиро ба дараҷаи аъло медонанад, ё олмониро", — гуфт Гулнигор.

Кӣ метавонад дар Олмон кор пайдо кунад

Ба гуфти вай, дар баробари донишҷӯён дар Олмон корҷӯёни дорои тахассус ҳам роҳи худро бисёр хуб меёбанд, чун ҳангоми ҷустуҷӯи кор доштани шаҳрвандӣ муҳим нест, балки таҷрибаи кору зиндагӣ дар кишварҳои рӯ ба рушде чун Тоҷикистон муҳим аст.

"Ҳангоми ҷустуҷӯи кор дар Олмон дастоварҳои илмӣ ба назар гирифта мешаванд, вале муҳимтар аз он таҷрибаи кору зиндагӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд аст. Вале аз ин муҳимтар донистани забони олмонӣ ё инглисӣ аст", — гуфт Гулнигор.

Ӯ афзуд, ки дар солҳои ахир бо афзоиши ҷараёни муҳоҷират ба Олмон ширкатҳои бисёре дар ҷустуҷӯи рӯзноманигорон ё донандагони забонҳои форсӣ, арабӣ ва русӣ ҳастанд.

"Касоне, ки дар Тоҷикистон донишгоҳи олӣ хатм кардаву забони форсӣ, русӣ ва ингилисро хуб медонанад, ба осонӣ дар Олмон кор меёбанд".

Тоҷикони Олмон

Дар Олмон тоҷикони бисёре ба сар мебаранд, бархе кор мекунанду гурӯҳе таҳсил ва бархе дигар ҳам дар созмониҳо гуногун фаъолият доранд.

"Мо камобеш ҳама ҷашнҳои миллиро дар сафорати Тоҷикистон баргузор мекунем. Он ҷоест, ки ҳама тоҷиконро гирди ҳам меорад", — гуфт Гулнигор.

Зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Муҳоҷироне, ки солҳои 1990-ум ба Русия омадаанд, пурра дар ҷомеъа ҷазб шудаанд ва бо муҳиту шароити буду бош созвор шудаанд.

Аммо аз муҳоҷироне, ки солҳои ахир омадаанд, бисёрашон як фасл ё мавсим кор мекунанд. Вале дар ҳар сурат, онҳо аз хонаводаҳо дуранд ва бузург шудани кӯдакон бе падар пайомадҳои баде барои миллат хоҳад дошт.

"Ногуфта пайдост, ки барои муҳоҷирон дар назди зану фарзандашон будан беҳтар аст. Вале ин пайомади раванди муҳоҷиратро ҳам бояд ҳамеша дар нигар дошт, ки дурӣ аз падар ба равони кӯдак таъсири манфӣ мерасонад".

Кор аз назари Гулнигор дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик бисёр душвор аст.

"Ман дар як моҳе, ки дар Маскав ҳастам, бо шароити буду бош ва кору бори муҳоҷирони тоҷик камобеш ошно шудам. Кори онҳо бисёр сахту сангин аст. Аксари муҳоҷирони мо дар ин ҷо дар риштаи сохтусоз кор мекунанд. Ва аксари онҳо аз макони кор дар масофаи чандин килуметр зиндагӣ мекунанд", — гуфт бо таассуф Гулнигор ва афзуд, ки рафту баргашт наздик ба чаҳор соатро дар рӯз мегирад ва барои зиндагии шахсию истироҳат вақте ҳам намемонад.

Вале аз ҷиҳати иқтисодӣ муҳоҷирон ҳамоно наздик ба 50 дарсад аз маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро таъмин мекунанд.

Гулнигор мегӯяд, ки дар Олмон шароити буду боши муҳоҷирон нисбат ба Русия ба куллӣ фарқ дорад.

Аммо паноҳҷӯёнро дар Олмон аввал дар иқоматгоҳҳои муваққатӣ ҷой медиҳанд ва пас аз муддате барояшон кумакпулии чандвақта ҳам дода мешавад, ки барояшон бисёр муҳим аст. Вале муҳоҷирон пас аз бастани қарордоди кор ва дарёфти раводид бояд пешопеш ҷои зисту иқомат пайдо кунанд. Корфармо онҳоро бима мекунад ва дар дарёфти раводиди корӣ ёрӣ мерасонад. Агар соати кори муҳоҷир кам бошад, то муддати муайян ва ба даст овардани соати кории кофӣ, ки ҳафтае 40 соат аст, муҳоҷир метавонад аз ниҳоди иҷтимоъии давлат дархости кумакпулӣ кунад. 

"Олмон дар заминаи муҳоҷирпазирӣ ҳам бисёр пешрафт карда аст. Ҳар як қадами муҳоҷир дар ин кишвар дар чорчӯби қонун аст ва ӯ аз давлат дар ҳама заминаҳо ёриву пуштибонӣ мебинад. Ин нукта ҳам бисёр муҳим аст, ки барои муҳоҷирон ё паноҳҷӯёне, ки ба Олмон ворид мешавад, барномаи забономӯзӣ роҳандозӣ шудааст".

Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад

Гулнигор ба ояндаи Тоҷикистон хушбин аст. Ӯ мегӯяд, ки Тоҷикистон, ки ҷанги дохилиро аз сар гузаронда, барои ба по хезондани иқтисоду риштаҳои иҷтимоъӣ ниёз ба замон дорад то вазъаш беҳбуд ёбад ва мардум низ дар кишвари худ кору бор ба даст оварад то муҳоҷир нашавад.

Гулнигор мехоҳад масоили муҳоҷиратро дар аспирантура жарфтар пажӯҳиш кунад. Ин мавзуъ дар Урупо ҳамакнун аз мавзуъҳои доғи рӯз аст ва дар Олмон шароит барои пажӯҳиш бештар аст. Ӯ мехоҳад дар оянда дар мавзуъи ҳуқуқ ва муҳоҷират пажӯҳишу кор кунад.

Барчаспҳо:
Гулнигор Тиллоева, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ