00:31 19 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ширинбек Давлатмамадов

Доктор Ширинбек бо доруҳои гиёҳӣ беморонро дармон мекунад

© Фото: Аз бойгонии доктор Ширинбек
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд (11)
92380

Ходими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷарроҳ, табиби мардумӣ Ширинбек Давлатмамадов бо фарҳангиёни Бадахшон дар Ҳафтаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғд ширкат мекунад ва барои коҳиш додани фишори хуни мардум чойҳои дармонӣ овардааст

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Доктор Ширинбек Давлатмамадов, раиси созмони мардумниҳоди "Гулу гиёҳ", дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон аз меҳмоннавозии мардуми Суғд, тибби мардумӣ ва рӯ ба нобудӣ ниҳодани забонҳои помириву бетаваҷҷуҳии ҷавонон ба фарҳангу ойинҳо гуфт.

Созу наво ва чойҳои фишоркоҳанда

Ҳафтаи фарҳанги вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 21 август оғоз ёфтаву то 26-уми август бар по аст. Аз Кӯҳистони Бадахшон ба Суғд беш аз 800 ҳунарпешаву ҳунарвар сафар карданд. Дар он миён ҷарроҳи чирадаст доктор Ширинбек Давлатмамадов низ ҳаст, ки дар Бадахшон ва берун аз он ӯро чун доктор Ширинбек мешиносанд.

"Мо аз Ишкошим 45 кас ба Суғд омадем. Ҳамроҳи мо табибони мардумӣ, овозхонон, раққосаҳо ва ҳунарварони пешаҳои мардумӣ ҳастанд. Омадем то дастовардҳои худро ба мардуми Суғд нишон диҳему бо онҳо аз наздик ошно шавем", — гуфт доктор Ширинбек дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Дни культуры ГБАО в Согде
Дни культуры ГБАО в Согде, архивное фото

Вай бо изҳори қаноатмандӣ афзуд, ки мардуми Суғд онҳоро бисёр гарм пешвоз гирифтанд ва ин барномаҳо ҳам дар сатҳи олӣ мегузаранд.

Ӯ ин иқдомро "кори хайр" хонду гуфт, ки чунин барномаҳо дар муттаҳид кардани миллати тоҷик нақши бузурге доранд.

Агар овозхонону ҳунармандони бадахшонӣ ба Суғд бо созу овозу намоишҳои театрӣ омадаанд, доктор Давлатмамадов бо ҳамкорони худ барои мардуми Суғд чой ва гиёҳҳои дармонбахш овардааст.

"Ҳафт гуна қиём бо дастурамал ва чанд гуна чойи дармонӣ ба Суғд овардем. Бисёре аз ин чойҳо барои коҳиш додани фишори хун ва баровардани хастагиву беҳолӣ кумак мекунанд", — гуфт доктор Ширинбек. Вай афзуд, ки ин қиёму чойҳоро худ омода карда ва арзиши тамомшудаи онҳо аз 5 то 15 сомонӣ аст.

Доктор Ширинбек "хидмати хирсона" намекунад

Доктор Ширинбек афзун бар ин ки яке аз беҳтарин ҷарроҳони Тоҷикистон аст, чандин сол боз дар риштаи дорусозӣ ва гиёҳдармонӣ низ ҷустору пажӯҳиш дорад ва бо доруҳои гиёҳӣ мардумро аз бемориҳои гуногун дармон мекунад. Вай барои пешбурди ин пажӯҳишҳо ва ҳамзамон посдошти дониши тибби суннатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ созмони "Гулу гиёҳ"-ро бунёд гузоштааст.

"Буалӣ Сино мегӯяд, ки дарду бемориро бо се дору метавон дармон кард: бо сухан, бо гиёҳу маъдан ва бо нештар. Ман солҳо ҷарроҳӣ кардаам ва акнун гиёҳдармонӣ мекунам. Ҳама доруҳоямро дар пояи меъёрҳои дорусозии даврони шуравӣ омода мекунам ва ҳар бемореро пас аз ташхиси пизишкӣ қабул мекунам. Ман ба мардум "хидмати хирсона" намекунам", — мегӯяд табиб.

Ширинбек Давлатмамадов ҳангоми чидани гиёҳҳои табобатӣ
© Фото: Аз саҳифаи фейсбукии гурӯҳи Гулу гиёҳ
Ширинбек Давлатмамадов ҳангоми чидани гиёҳҳои табобатӣ

Доктор Ширинбек солҳо сарпизишк ва мудири Бемористони марказии шаҳри Хоруғ будаву бо нештари ҷарроҳӣ садҳо беморро дармон кардааст.

"Солҳое буданд, ки ҳатто барои расондани ёрии таъҷилӣ дору кам доштем. Ман маҷбур будам аз ҳар ҷое, ки бошад, дору ёбаму беморонро дармон кунам. Ҳамин камбуди дору маро водор кард, ки рӯ ба табиъат оварам. Ҳама рустаниҳои дармониро худомӯзона аз худ кардаму ба дорусозӣ аз гиёҳону рустаниҳо пардохтам", — ба ёд меорад доктор Ширинбек.

Себ мепӯсаду харидор намеёбад…

Вале ба гуфти ин пизишки номдор, имрӯз, ки дорусозиро камобеш анбӯҳ кардааст, барои доруҳои гиёҳӣ бозори муносибе нест, ки фурӯхта шаванд.

Доруҳои омоданамудаи доктор Ширинбек Давлатмамадов
© Фото: Аз саҳифаи фейсбукии гурӯҳи Гулу гиёҳ
Доруҳои омоданамудаи доктор Ширинбек Давлатмамадов

"Мардуми Ишкошим аз шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе дур аст. Мо имкон надорем, ки маҳсулотамонро, ки на танҳо доруворӣ аст, балки мева, ғалла, дастбофтаву дастдӯхтаҳое чун ҷӯроб, печак, куртаву пероҳанҳои миллиро низ дар бар мегирад, ба бозорҳои марказӣ барорем. Пул намерасад, имконот нест", — гила мекунад Ширинбеков. Вай мегӯяд, ки агар соҳибкорон ё ҳукумату вазорати тандурустӣ чунин иқдомотеро дастгирӣ кунанд, зиндагонии мардуми рустоҳои дурдаст андаке ҳам бошад беҳтар мешавад.

Созмони "Гулу гиёҳ" тасмим гирифтааст, ки дар маркази ноҳияи Ишкошим барои ин ҳунармандон дуконҳо боз кунад, то онҳо битавонанд маҳсулоти дастии худро ба фурӯш гузоранд.

Помир киро табобат мекунад?

Дар ҳудуди вилояти Бадахшон 1500 гуна рустаниҳои шифобахш мерӯяд. Аз ин шумор танҳо 63 гунаашон дар дорусозии мусоир истифода мешаваду бас. Сарзамини Бадахшон чун пуштакӯҳу кӯҳсор аст, ҳавояш, ба гуфти коршисносон, барои бемориҳои роҳи нафас беҳтарин дармон аст. Дар ин бора бисёр пажӯҳиш шудаву рисолаҳои илмӣ навиштаву дифоъ шудаанд.

"Замин Модар аст ва барои ҳар дарди мо давову дармон дорад. Бисёр бемориҳое ҳастанд, ки дармонашон дар табиъат нуҳуфтааст. Боду ҳавои тоза, оби ширин ва осмони соф метавонад ҳазорон бемориро давову дармон кунад. Боду ҳавои Бадахшон барои бемориҳои астма, атеросеклероз ва ҳамагуна бемориҳои роҳи нафас даво аст", — мегӯяд доктор Ширинбек.

Дар Кӯҳистони Бадахшон чашмаҳои шифобахше чун Гармчашма, Фотимаи Заҳро, Ҷелондӣ мавҷуд аст, ки бемориҳои чашму устухону бодкашиву дигар дардҳоро метавонад шифо бахшад.

Танҳо ҳамсарам кумак мекунад

Доктор Ширинбек Давлатмамадов мегӯяд, ки ҷавонони ноҳияи Ишкошим таваҷҷуҳе ба ҷамъоврии гулу гиёҳ ва дорусозӣ надоранд ва дар ин кор танҳо ҳамсараш ба ӯ ёрӣ медиҳад.

"Афсӯс, ки ҷавонони мо ба табиъат таваҷҷуҳе надоранд. Ҷуз аз ҳамсарам дар ин кор ёвару ҳамкоре надорам, вале ҳар сол ду шогирд аз Урупо наздам мефиристанд. Ростӣ, онҳо ба ман бисёр кумак мекунанд. Пизишкон аз Фаронсаву Белгия, Олмону Лаҳистон ва Ҳоланд омада равишҳои дорусозӣ аз гиёҳони дармониро меомӯзанд", — мегӯяд ӯву афсӯс мехӯрад, ки ғарбиҳо фарҳанги моро омӯхтаву онро китоб мекунанд ва ба худамон мефурӯшанд, вале мо худ дар ин замина бепарво ҳастем.

Вай бовар дорад, ки гулу гиёҳи Тоҷикистон барои ҳар дарде давост, танҳо бояд онҳоро омӯхт. Ӯ пизишкони ҷавонро фаро мехонад, ки дар баробари омӯхтани улуми пизишкии муосир аз тибби мардумӣ ҳам огоҳ шаванду онро биёмӯзанд ва доруҳои пок омода кунанд.

Бо дастгирии созмони мардумниҳоди "Гулу гиёҳ" дар панҷ соли ахир китобу маҷаллаҳое чун "Чашмаҳои маъдании дармонбахши Бадахшон", "Гилдармонӣ", "Тақвими ҷамъоварии набототи шифобахши Бадахшон", "Ганҷинаи Ғоронзамин" ва "Таомҳои миллии тоҷикони кӯҳистон" мунташир шудаанд.

Ҷашнвораи мероси табиъӣ дар Ишкошим ва рӯ ба нестӣ ниҳодани забонҳои помирӣ

Устод Давлатмамадов аз камтаваҷҷуҳии ҷавонон ба табиъату осори ниёкон ва фарҳангу расму ойин нигарон аст. Ӯ мегӯяд, ки ба манзури посдошту эҳёи мероси тиббӣ дар маркази ноҳияи Ишкошим ҷашнворае ташкил карда буданд.

"Ҳадаф аз баргузории ҷашнвора эҳёи мероси тиббӣ ва фарҳангии Бадахшон аст. Дар рустоҳои ноҳияи Ишкошим табибону косибону бофандагони бисёре ҳастанд, ки донишу ҳунари ниёгони худро фаромӯш накардаанд ва аз гулу гиёҳу дигар додаҳои табиъат доруву маҳсулоту ашёи мухталифи рӯзгор тавлид мекунанд. Аммо чун дар деҳкадаҳои дурафтода зиндагӣ мекунанд, маҳсули донишу ҳунари онҳо аз назари мардум дур мемонад. Ҳамчунин дар дараву кӯҳсори ин ноҳия беш аз 200 гуна гулу гиёҳҳои дармонбахш мерӯянд ва табибони мардумӣ аз онҳо доруву давоҳои аз ҷиҳати экологӣ пок тавлид мекунанд, аммо на ҳама имкони сафар ба ин рустоҳоро доранд", — гуфт доктор Ширинбек.

  • Ҷашнвораи ҳунарҳои мардумӣ дар Ишкошим
    Ҷашнвораи ҳунарҳои мардумӣ дар Ишкошим
    © Фото: Аз саҳифаи Гулу гиёҳ
  • Таомҳои миллӣ дар ҷашнвораи ҳунарҳои мардумӣ дар Ишкошим
    Таомҳои миллӣ дар ҷашнвораи ҳунарҳои мардумӣ дар Ишкошим
    © Фото: Аз саҳифаи Гулу гиёҳ
  • Таомҳои миллӣ дар ҷашнвораи ҳунарҳои мардумии Ишкошим
    Таомҳои миллӣ дар ҷашнвораи ҳунарҳои мардумии Ишкошим
    © Фото: Аз саҳифаи Гулу гиёҳ
  • Таомҳои миллӣ дар ҷашнвораи ҳунарҳои мардумии Ишкошим
    Таомҳои миллӣ дар ҷашнвораи ҳунарҳои мардумии Ишкошим
    © Фото: Аз саҳифаи Гулу гиёҳ
1 / 4
© Фото: Аз саҳифаи Гулу гиёҳ
Ҷашнвораи ҳунарҳои мардумӣ дар Ишкошим

Вай аз рӯ ба нобудӣ ниҳодани бархе аз забонҳои помирӣ, бавижа забони ишкошимӣ, ҳам нигарон аст. Ӯ мегӯяд, ки шумораи гӯишварони забони ишкошимӣ сол аз сол камтар мешавад. Барои ҳифзи он созмони "Гулу гиёҳ" китоби Татяна Пахалина "Забони ишкошимӣ"-ро, ки нахустин бор соли 1955 мунташир шудааст, имсол бознашр кард.

Ҳамакнун ин табиби мардумӣ ба таълифи китоби "Раҳнамои тибби мардумӣ"  ва "Гиёҳномаи тибби мардумӣ" машғул аст.

Мавзуҳо:
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд (11)

Мавзуъ

Сардор Раҳдор: вақт нишон медиҳад, кадом забон мемираду кадом зинда мемонад
Абдулло Давлатов: ҳеҷ гоҳ мухолифи сиёсӣ набудам, аммо мушкилиҳоро гуфтам
Доктор Абдулло Давлатов: аз Тоҷикистон то Русия, аз аробакашӣ то роҳбарӣ
Абдулло Давлатов: иқтисоди Тоҷикистонро на дастуру фармон, балки бозор рушд медиҳад
Абдулло Давлатов: мо бо ифтихор Синоро тоҷик мегӯем, аммо...

Мавзӯъҳои асосӣ