11:12 22 сентябри 2017
Пахши мустақим
Парвина Саидова, акс аз бойгонӣ

Ҳунари нави Парвина: зебосанам нахустин сурудашро сабт кардааст

© Фото: Из личного архива Парвины Саидовой
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
100930

Парвина Саидова- зебосанами тоҷик ба шоу- бизнес қадам задааст. Суруди нахустини модели тоҷик ба наздики пешниҳоди мухлисон мешавад

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Парвина Саидова — зебосанам ва модели 27-солаи тоҷик имрӯз дар рӯзи истиқлол дар саҳифаи фейсбукиаш эълон кард, ки бо шоу-бизнес қадам мениҳад.

Зебосанам, ки чанд соли ахир дар подиумҳои кишвар ва хориҷ қадам мезад ва дар озмунҳои зебогӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекард, акнун ҳунари дигареро барои худ кашф кардааст. Зебосанам менависад, ба наздики ба мухлисонаш аввалин сурудашро ба номи "Аладдин" пешниҳод хоҳад кард.

Дар ин бора овозхон ва продюсери тоҷик Беҳрӯз Зеваров низ хабар додааст.

"Дигар тоқати хомӯш нишастанро надорам! Дӯстон ҳоло мехоҳам дар бораи як тарҳи ҷадиди эҷодиамон, ки дар тайи чанд вақт аз пайи омода кардани он будем ва пайдо шудани як ситораи дигар дар саҳнаи тоҷик эълон кунам. Умедвор мешавам, ки ин меҳнати чандмоҳаи мо ба Шумо писанд меояд. Бо ифтихори баланд порчае аз нахустин суруди Парвина Саидоваро пешниҳод мекунем",- навиштааст Беҳрӯз Зеваров.

Сабти суруд аввалин хабаре нест, ки номи Парвинаро ба сархатти аввали хабарҳо мебарорад. Чанбе пеш хабари оила барпо кардани бону расонаӣ гашта буд. Аммо Парвина Саидова гуфта буд, феълан номзадаш мухолифи давом додани ҳунараш аст. Чуноне ки маълум гашт, Парвина пас аз барпо кардани оила низ дар касбу кораш фаъол мемонад ва дарҳои дигари муваффақиятро мекӯбад.

Барчаспҳо:
суруд, Парвина Саидова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ