Дорбозии донишҷӯёни тоҷик дар ҳузури Путину Собянин

© Фото : Аз бойгонии Салим МуъминовДорбозони тоҷик дар майдони Сурх
Дорбозони тоҷик дар майдони Сурх - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дорбозони тоҷик дар ҷашни 870-солагии пойтахти Русия-шаҳри Маскав дар ҳузури раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва шаҳрдор Сергей Собянин ҳунарнамоӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон яке аз донишҷӯёни Ҳунаркадаи сирки Маскав — Салим Муъминов хабар дода афзуд, ки баромад дар ҳузури меҳмонони воломақом барояшон ифтихор буд.

"Ализамон, Бахтовар, Довуд, Салим, Фаррух, Муҳаммад, Шоҳрух, Қурбоналӣ ва Валӣ- мо ҳама ҳамроҳ бо дигар донишҷӯёни Ҳунркадаамон  дар майдони Сурх дар ҷашни таҷлил аз 870-солагии Маскав ҳунарнамоӣ кардем", — гуфт Салим.

Дар Ҳунаркадаи сирки Маскав 13 ҷавони тоҷик таҳсил мекунанд. Ҳамаи онҳо донишҷӯёни соли чоруми ин донишгоҳ мебошанд.

Донишҷӯён мегӯянд, ки шароит барои таҳсилу зиндагӣ барои онҳо муҳайё шудааст, вале мушкилоти рақами як ҳамоно камбуди маблағ аст.

"Мо кумакпулии "Дурахшандагон" мегирем. Вале 6 ҳазор рубли русӣ барои зиндагиӣ дар пойтахти Русия кифоя нест. Афзун бар ин мо ҳамаи корафзорҳои ҳунариамонро худамон харид мекунем. Масалан, якчархае, ки ман бо он ба саҳна мебароям, 10 ҳазор рубл арзиш дорад. Боз чӯбҳо, ҷӯробҳои махсус, ки ҳангоми дарсомӯзӣ истифода мешаванд", — гуфт Салим дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0