19:28 20 октябри 2017
Пахши мустақим
Далер Назаров

Далер Назаров дар бораи Лидуш Ҳабиб: "ӯ барои мо ҳамеша зинда ҳаст"

© Sputnik Амир Исаев
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
94461

Дар шаҳри Душанбе ба муносибати ёдбуди овозхону шоири тоҷик шодравон Лидуш Ҳабиб консерт баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ба муносибати ёдбуди шоиру овозхони номдор Алидоншоҳ Ҳабибов (Лидуш Ҳабиб) дар Филармонияи давлатии шаҳри Душанбе консерти хайрия баргузор гардид.

Консерт рӯзи 23 сентябр дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев баргузор шуд.

Дар ин барномаи фарҳангӣ устод Далер Назаров, гурӯҳи "Авесто", гурӯҳи "Равшандилони Рӯшон", Азиз ва Бахтиёр, гурӯҳи "Бартанг", гурӯҳи "Ҷирай", Некрӯз Мамадамонов ва Ниссои Лутфишо ҳунарнамоӣ карданд.

Ин консерт бо ибтикори созмони ҷамъиятии "Нури Нав" баргузор шуда, даромад аз он барои дастгирии ҷавонони варзишкор ва ширкати онҳо дар сабқатҳои байналмилалӣ равона мешавад.

Раҳбари ин созмон Фарангис Гулмаҳмад дар суханронияш аз ҳузури тамошобинон сипосгузорӣ карда аз ихлоси ҷавонон ба адабиёт ва посдошти забонҳои помирӣ хушнудӣ карду гуфт, ки ин чорумин консерти хайриявӣ аст, ки ба хотири дастгирии варзишкорони ҷавон ташкил мешавад.

"Мо имрӯз ба хотири шоире ҷамъ шудаем, ки тавонист ба забони шевову расо хушиву умедҳои мардумро ба назм овараду бисарояд. Аз ҳузуратон шодам. Ҳузури ҳар яки шумо гувоҳ бар бетараф набуданатон нисбат ба сарнавишти забону адаб аст", — гуфт раҳбари созмони "Нури Нав".

  • Фарангис Гулмаҳмад раҳбари созмони Нури Нав.
    Фарангис Гулмаҳмад раҳбари созмони "Нури Нав".
    © Sputnik Амир Исаев
  • Тамошобинон дар ёдбуди шоиру овозхон - Лидуш Ҳабиб
    Тамошобинон дар ёдбуди шоиру овозхон - Лидуш Ҳабиб
    © Sputnik Амир Исаев
  • Таҳмина Рамазонова дар ёдбуди шоиру овозхон Лидуш Ҳабиб
    Таҳмина Рамазонова дар ёдбуди шоиру овозхон Лидуш Ҳабиб
    © Sputnik Амир Исаев
1 / 3
© Sputnik Амир Исаев
Фарангис Гулмаҳмад раҳбари созмони "Нури Нав".

Азиз Гуламадшо яке аз баргузоркунандагони ин консерт гуфт, ки мақсади нахуст агар пос доштани хотири шоиру овозхони номдор Лидуш Ҳабиб бошад, ҳадафи дигар аз ташкили консерт ба ҷавонон ва насли наврас маълумот додан дар бораи ҳаёту фаъолияти мардони бузург аст.

Дар ин консерт устод Далер Назаров низ ҳунарнамоӣ кард. Ӯ пеш аз сурудхонӣ дар бораи Лидуш Ҳабиб чунин гуфт: "Онҳое, ки тавонистанд маҳбубияти ҷомеаро ба даст биёранд, то ҷовидон зиндаанд. Барои мо Лидуш ҳамеша зинда аст".

Дар ин барнома ҳамчунин овозхони гурӯҳи "Авесто" Таҳмина Рамазонова низ ҳунарнамоӣ кард.

"Лидуш Ҳабиб инсоне бо ҳарфи бузург аст. Ӯ ояндабин буд. Агар мо сурудҳои ӯро гӯш кунем ҳамаи онҳо дар бораи мушкилоти актуалӣ навишта шудаанд. Лидуш инсонест, ки тавонист бо шеърҳояш дар бораи ҳамаи чиз бигӯяд", — гуфт вай.

Пас аз поёни консерт, тамошобинон бо хотири болида ва бо шеърҳои Лидуш Ҳабиб дар қалб ба хониҳояшон раҳсипор шуданд.

Мавзуъ

Лидушсароӣ: Далер Назаров дар Душанбе ҳунарнамоӣ мекунад
“Чаки чаки борон”-и Далер Назаров дар тарҳи коргардони Русия Иван Шаповалов “Поднебесы”
Аброр Назаров: на ҳар касе метавонад роҳи Далер Назаровро биравад
Далер Назаров дар "Боми ҷаҳон" ҳунарнамоӣ мекунад
Устод Далер Назаров сафҳаҳои расмияшро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ боз кард
“Сафари ҳавоӣ”-и Далер Раҳматов дар Маскав намоиш дода шуд
Барчаспҳо:
ҳунарнамоӣ, консерт, Лидуш Ҳабиб, Далер Назаров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ