Модели тоҷик ба даври ниҳоии озмуни "Зебосанами ҷаҳон" роҳ ёфт

© Фото : Beautyofuniverse / Azim RasulovУчастница конкурса красоты «Краса Вселенной» АННА МУМИНОВА
Участница конкурса красоты «Краса Вселенной» АННА МУМИНОВА - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даври ниҳои озмун 10-уми ноябр дар Сочи ҷамъбаст мешавад

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Модели тахассусии тоҷикистонӣ Анна Муминова ба давраи ниҳоии озмуни "Зебосанами ҷаҳон" роҳ ёфтааст. Дар ин бора сомонаи озмун гузориш медиҳад.

Рӯзи гузашта даври интихоботи ниҳоии озмуни "Зебосанами ҷаҳон" оғоз ёфт, ки дар он 11 духтар аз 6 кишвар-Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Чехия, Олмон ва Белорус ширкат доранд. Раванди райъдиҳӣ ҳанӯз идома дорад.

Анна Муминова 26 сол дорад ва дорои маълумоти олии иқтисоди аст. Доим дар намоишҳои мӯд ширкат меварзад. Ҳамчунин дар International Fashion Week иштирок кардааст.

Овоздиҳӣ 19 октябр ба анҷом мерасад, ки мувофиқи он сегонаи интихобшудагон ба давроаи ниҳоии озмун, ки 10-уми ноябр дар Сочи баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Метавон ба воситаи ин пайванд  ба ин модели тоҷикистонӣ овоз дод.

Лентаи хабарҳо
0