13:24 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Барнома бо иштироки Манижа Тошболтаева

Манижа ё "духтар-радар": тоҷикдухтар тамошобинони "Русия 1"-ро дар ҳайрат гузошт

© Sputnik
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
68331

Тоҷикдухтар ба тамошобинони телевизиони Русия қобилияти худро намоиш дод

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Донишомӯзи синфи нуҳуми мактаби русӣ-тоҷикии шаҳри Душанбе дар шабакаи телевизионии "Россия 1" маҳорати худро намоиш дод.

Манижа Тошболтаева дар барномаи телевизионии "Одамони ғайриоддӣ" ширкат карда қобилияти хоси худро нишон дод. Ин донишомӯз бо чашмонаш суръати худрави дар ҳаракатбударо аниқ гуфта тамошобинонро дар ҳайрат гузошт. Доварони барнома аз рӯи ин қобилияташ ӯро "духтар-радар" ном доданд.

Манижа дар мактаби назди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ӯ 15 сол дорад.

Муддати як сол аст, ки Манижа дар Академияи ҳисоби зеҳнии "Империя знаний" дар пойтахти Тоҷикистон ба машғулият фаро гирифта шудааст. Ин ҷо кӯдакони аз 5 то 17-сола таҳсили илм мекунанд.

Тарҳи "Одамони ғайримаъмулӣ" —барномаест, ки қобилияти мағзи инсонро, ки то ҳол пурра омӯхта нашудааст, нишон медиҳад.

Дар ин барнома аллакай чандин маротиба қоблияти ғайриоддиии мардуми Русия ва ИДМ намоиш дода шудааст.

Ҳамакнун ин барнома миқёси намоиши худро васеъ карда дар сатҳи байнулмилалӣ намоиш дода мешавад. Дар мавсими дуюми барнома иштирокчиён аз тамоми нуқтаи ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Нафаре, ки дар ин барнома пирӯз мешавад, ба қадри як милюн рубл мукофот мегирад.

Барчаспҳо:
одамони ғайримаъмулӣ, Манижа Тошболтаева, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ